Суруди Ваҳдат

№82-83 (4665-4666) 23.06.2023

Чурабек Муъмин

 

 

 

 

 

Ваҳдати мо шаъни мову шони мо,

Шӯҳрати мо, шавкату паймони мо.

Дар вуҷуди мо ба сони зиндагӣ

Гарм созад гардиши шарёни мо.

Тоҷикистон гашт машҳури ҷаҳон,

Ҷойи ӯ дар ҷони мо, дар ҷони мо.

Парчами мо то сурайё мерасад,

Ваҳдатистон аст ин даврони мо.

Ризқи мо аз ваҳдат афзун мешавад,

Ваҳдати мо файзи дастархони мо.

Нури ваҳдат дар фарози осмон,

Партави тобандаи рахшони мо.

Исму ҷисми мо зи ваҳдат пойдор,

Ҳастии мо, бахти мо, сомони мо.

Ҷӯрабек МУЪМИН