Дар ҳошияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Тӯйи «замонавӣ»

№101 (3738) 24.08.2017

Памфлет

туй-1Иқрор мешавам, ки чанд соли охир аз баҳри барандагӣ дар тӯйҳо баромада будам. Зеро, гӯши суханшунав намондааст. Дилро хун карда, дар ҳаққи соҳибмаъракаву арӯсу домод суханони нек мегӯеду касе гӯш намеандозад. Лекин илтимоси ҷавоне маҷбурам кард, ки дубора ба ин кор даст занам. Гуфт, ки «шумо дар тӯйи хонадоршавии ман баранда будед. Барандагиатон ба як рафиқам бисёр маъқул шудааст. Гапи бисёр намегӯед. Саҳнаро ба ихтиёри ҳунармандон медиҳед, ки меҳмонон рақсу хурсандӣ кунанд».

Рости гап, илтимоси ҷавонро рад карда натавонистаму розӣ шудам. Сониян, ба дил гуфтам, ки андаке «хизматона» ба мани корманди идораи буҷетӣ кумак мешавад, аммо аз кори кардаам ҳазор бор пушаймон шудам.

Тӯй оғоз гардид. Арӯсу домодро бо садои карнай ва суруди «ёр-ёр» ба тахт нишонданд. Камина баромада чанд сухан дар ҳаққи навхонадорон гуфта, зуд саҳнаро ба ихтиёри санъаткорон гузоштам. Ҳофизи миёнсол ба ҷойи он ки тӯйро бо суруди пур аз шодиву нишот оғоз намояд, бо сароидани ғазали пур аз андӯҳ шурӯъ кард, ки матлааш ин аст:

«Аз ин ҷаҳони бебақо хоҳӣ нахоҳӣ меравӣ».

Ман ҳис кардам, ки ҳофиз он таронаро бо андешаи худ «чун суруди тарбиявӣ» хонд. Умед доштам, ки суруди навбатиаш ранги дигар мегирад. Аммо, суруди дуюм аз аввала пурандӯҳтар буд. «Алвидоъ, эй алвидоъ, падарҷонам», — ба нола даромад сароянда. Ҳол он ки падари домод дар қайди ҳаёт ва дар тӯй иштирок дошт. Ниҳоят тоқати ҷӯраҳои домод тоқ шуд магар, ки якеаш аз ҷойи нишастааш фарёд зад:

- Сурудҳои шӯх шавад!

Ҳофиз аз ин даъвати ҷавон илҳом гирифта, ба сароидани суруди «Дилрабо, Марҳабо, Сабзина ба рақс даромад» оғоз кард. Ҳофизи пуррапайкари болобаланд ба даҳонаш ҳар чӣ меомад, мехонду ҳамон мисраи аввалро такрор мекард: Дилрабо, Марҳабо, Сабзина ба рақс даромад…

Нигоҳам ба саҳна афтод. Ҷӯраҳои домод бошавқ мерақсиданд. Яке рақси тоҷикӣ мекарду дигаре русӣ, сеюмӣ бо усули хоразмӣ мерақсид… Гулбазми ҷавононро гоҳ-гоҳ овози қийғосзании нафарони сархуш «ҳусни иловагӣ» мебахшид. Вақти суханони табрикӣ расида бошад ҳам, ҳофизи сармаст ба ҳоли худ буд ва ба имову ишораи ман, ки бояд навбатро ба табрикот диҳем, эътибор намедод. Маҷбур шудам, ба саҳна баромада, аз оринҷи ҳофизи сармаст дошта, мақсадамро гӯям.

-Ҳе, муаллим, акнун ба авҷаш расида будему намондед-дия, — гӯён гилагузорӣ карду саҳнаро холӣ намуд. Баъди суханони табрикӣ ба саҳна ҳофизи дигар баромада, микрофонро ба даст гирифт ва аз ҳофизи аввала ҳам бадтар ҳунарнамоӣ кард. Ӯ ҷисман хурдакак бошад ҳам, ҳар замон дар байни сурудҳо «Ийаҳ, қанд занед, шерҳои акош!» — гӯён луқма мепартофт. Навозандагон ҳам чашмонашонро пӯшида, ба ӯ пайравӣ мекарданд. Эҳсос мешуд, ки ҳар чӣ ба сарашон меомад, ҳамон оҳангро менавохтанд…

Ногаҳон ба тӯйхона падари арӯс бо чанд рафиқаш ташриф овард. Ин анъанаи нав дар Хуҷанд 7-8 сол муқаддам ҷорӣ шудааст. То ин дам «ташрифи падари арӯс» дар мо айб ҳисоб мешуд. Соҳибони маърака ҳамоно дар пайи «иззат»-и падари арӯс афтоданд. Дар як они воҳид дастурхон аз нав ороста, шишаҳои шароб ва конякҳои хориҷӣ болои миз гузошта шуданд. Баъди чанд қадаҳ гирифтан, меҳмону мизбон ба рақс баромаданд. Шаҳу арӯсро аз тахт ба саҳна барои ҳамроҳ рақсидан фароварданду ба қавле «қиёмат қоим шуд». Акнун падарарӯси сархуш домодро ба оғӯш кашида, мерақсиду дигарон қийғос мезаданд. Арӯс бо ашки шашқатор ба онҳо таъзим менамуд. Тӯй акнун ба авҷи аълояш расида буд, ки якбора ҳофиз сурудро қатъ кард.

Камина ба саҳна баромадам. Ҳамин лаҳза ҷавони лоғарандоми масте омада гуфт:

- Амакӣ, кайфа парондед! Зудтар ба ҳофизон навбат диҳед, ки…

- Каме вазнин шавед, — гуфтам, — бигзор суханони табрикӣ ҳам садо диҳанд, аммо вай ба таҳдид даромад.

- Хайр, амакӣ, бурафтанро ҳам андеша кунед-дия…

Рости гап аз ин гуна муносибат ҳам қаҳрам омаду ҳам хандаам гирифт. Қаҳрам аз он омад, ки ҷавоне шояд аз писарам хурдсолтар бошад, ба ман дӯғу пӯписа мекард. Хандаам аз он гирифт, ки агар бинии ин масти лояқили лоғарандомро доред, ҷонаш мебарояду воҳимааш ба авҷи фалак дакка мехӯрад… Охири тӯй наздик мешуд. Ҳушу ёди ман акнун ба он ҷавони «заказчик» банд буд. Мабодо ӯ сахт маст шуда монад, хизматонаи маро кӣ пардохт мекунад? Омад ба сарам аз он чӣ метарсидам. «Ҷавони миёнрав»-ро кашолакунанон ба берун бароварданд. Ноилоҷ ба яке аз соҳибони маърака ишора кардам, ки тӯй ба охир расид, хизматонаи маро пардохт намоянд. Он нафар дар ҷавоб гуфт:

-Амакӣ, шуморо кӣ «заказ» карда бошад, гапатонро ба ҳамон шахс гӯед…

Берун баромадам, ба ҷузъ чанд нафари сархуш, ки бе нақлиёт монда буданд, касе наметофт. Ман, ки ба умеди маблағи хизматона бепул омада будам, ноилоҷ пиёда роҳи хонаро пеш гирифтам. Аз тӯйхонаи «Мирзоён»-и шаҳр то хонаамон тақрибан 3 км аст. Дар роҳ ба тӯдаи сагони дайду рӯ ба рӯ шуда, базӯр ҷон ба саломат бурдам. Ба хона наздик шуда будам, ки ҳамсояаамон Раҷаббойи майзадаро дучор омадам. Вай аз ғояти мастӣ дар як гӯшаи роҳ хобида буд. Илоҷе карда, ӯро бардошта, то хонааш бурдам. Чун ба хона омадам, ҳамсарам маро қариб, ки нашиносад. Куртаи сафеди оҳариам сип-сиёҳу доғдоршуда буд.

Ҳамсарам чизе нагуфту пурсид:

- Тӯй чӣ тавр гузашт? Хизматона дод? Орду равған надорем…

Ман бо аломати инкор сар ҷунбондам. Баъди ин воқеа аҳд кардам, ки дигар ҳаргиз барандагӣ намекунам.

Мирзоаъзам Мақсудов,

«Садои мардум»