Таҷдиди техникиву сохтории Сирки давлатӣ

№12 (3158) 05.02.2014

Мутобиқи «Барномаи рушди санъати сирк дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017» соли гузашта барои нигаҳдории бино ва ба қадри имкон таъмин намудани толори Сирки давлатии Тоҷикистон бо гармӣ  150 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шуд. Дар доираи барномаи мазкур таҷдиди техникиву сохтории сирк ва омоданамоии кадр сурат мегирад. Алҳол сирки тоҷик ба мутахассисони варзида ниёз дорад. Ин нукта чанде пеш аз ҷониби Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбеков дар ҳузури рӯзноманигорон садо дод.

-Сирк як навъи санъати хеле серхароҷот буда, мушкилоти зиёд дорад. Ба инобат гирифтан зарур аст, ки Тоҷикистон бо барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ чиро ба мерос гирифт? Ҳамаи шумо иттилоъ доред, ки давоми чанд соли пеш сирк комилан фаъолият надошт ва имрӯз барномаҳои омоданамудаашро пешкаши тамошобинон менамояд. Барои барқарор кардани Сирки давлатии Тоҷикистон маблағи зиёд лозим аст. Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Халқии Хитой қарордод дар самти омоданамоии кадрҳо дорад. Ҷониби Ҷумҳурии Халқии Хитой барои омӯзонидани шаш нафар кадрҳои тоҷик изҳори омодагӣ намудааст. Илова бар ин, вазорат тасмим гирифтааст он мутахассисони касбиеро, ки пароканда шуда, дар ҷумҳурӣ ва берун аз он кору зиндагӣ доранд, сарҷамъ оварад,-иброз дошт Ш. Орумбеков.

Гуфтаҳои вазири фарҳанги кишварро директори Сирки давлатии Тоҷикистон Ҷамолиддин Муҷиддинов тақвият бахшида, аз паҳлуҳои дигари фаъолияти имрӯзаи ин муассисаи фарҳангӣ иттилоъ дод. Ӯ мутмаин аст, ки тӯли ояндаи наздик  санъати Сирки давлатии Тоҷикистон рушд меёбад ва ҳамқадами замон мешавад. Ҳамасола барномаҳои намоишии сирк иваз мешавад, зеро такрори барномаҳои солҳои қаблӣ чандон писанди тамошобинон намегардад. Дар ҳоли такрори намоиш тақрибан қисмати зиёди элементҳояш низ тағйир меёбад. Аз рӯйи таҷрибаи ҷаҳонӣ бошад, як барномаи сиркии омодашуда на кам аз се сол ба намоиш гузошта мешавад. Дар он санъати мусиқӣ, рақс ва ҳам варзиш нақши аввалиндараҷа бозида, аз иҷрокунандагон ҳунари волоро талаб менамояд.

Ҷ.Муҷиддинов изҳор дошт, ки дар назар аст соли ҷорӣ аз сиркҳои хориҷӣ гурӯҳи ҳунармандон ба Тоҷикистон даъват шаванд. Дар ин самт бо роҳбарони чанде аз сиркҳои хориҷӣ мувофиқа ҳосил шудааст ва  гуфтушунид идома дорад.

-Соли гузашта низ аз сиркҳои Япония ва Қазоқистон ба Сирки давлатии Тоҷикистон омада, барномаҳоро тамошо карданд ва писандашон омад. Сипас, моро ба кишварашон даъват карданд, вале бинобар камбуди молӣ имкони пазируфтани хоҳиши онҳоро надоштем. Ҳоло бо Сирки Япония гуфтушунид идома дорад ва дар ҳолати ба мувофиқа омадан, шояд ба ин давлат сафари ҳунарӣ сурат гирад. Ният дорем дар ин самт бештар барномаҳои рангин  омода созем,-зикр намуд директори Сирки давлатии Тоҷикистон.

Ба гуфтаи Ҷамолиддин Муҷиддинов имрӯз дар Сирки давлатии Тоҷикистон 33 нафар ҳунарманд бо иловаи 15 коромӯз фаъолият доранд, ки синнашон аз 5 то 60 -соларо дар бар мегирад.

Ҷонварони сиркбоз низ ҳамагӣ ромшуда мебошанд ва муваффақияти ин муассисаи фарҳангӣ низ маҳз ба афзоиши чунин ҷонварон вобаста аст. Дар Сирки давлатии Тоҷикистон тавассути зиёда аз 20 сар ҷонварони нодир барномаҳои гуногун пешкаши мухлисони сирк  мегардад.

Ба гуфти номбурда, имрӯзҳо таваҷҷуҳ ва дилбастагии наврасону ҷавонон ба сирк хеле зиёд аст. Тавре ҳамагон огоҳанд, шурӯъ аз 30 декабри соли сипаришуда, то 31 январи соли равон дар  Сирки давлатии Тоҷикистон намоиши барномаи афсонавии «Маликаи барфӣ» пешкаши тамошобинон гардид. Дар ин муддат ҳунармандони сирк табъи садҳо ҳаводорони санъати сиркиро шод намуданд. Аксари ҳунармандон таҷрибаи хуби корӣ доранд ва хатмкардаи  Студияи назди Сирки давлатии Тоҷикистон мебошанд.

Бояд гуфт, ки соли гузашта ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон беш аз 60 намоиши ҳунариро манзури мухлисон намуданд. Ҳамзамон, падидаи дигари фарҳангӣ ин баргузории барномаҳои гурӯҳи ҳунарпешагони Сирки калони Москва, Сирки лилипутҳои Москва ва Сирки човандозони Туркманистон дар саҳнаи Сирки давлатии Тоҷикистон буд, ки онро садҳо сокинони кишвар бошавқ тамошо карданд.

Х. ШАРИПОВ, «Садои мардум»