Тақдими «Тоҷикон» ба сокинони ВМКБ

№156 (4262) 29.12.2020

KNIGA-TADZHIKI-B-Gafurova-2020-Tochikon223 декабри соли равон 5 998 нусха асари «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ба сокинони шаҳракҳои Исмоили Сомонӣ ва Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ ҳамчун туҳфа аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид.

Дар маросими ҳадянамоӣ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои маориф ва илм, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр иштирок ва перомуни дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани наслҳои ояндасоз, рӯ овардан ба омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги миллӣ суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин, сокинони шаҳр иқдоми пешгирифтаи Роҳбарияти олии кишварро дар мавриди омӯзиши таърихи пурифтихори халқи тоҷик дастгирӣ ва миннатдорӣ баён карданд.

Мавриди зикр аст, ки китоби «Тоҷикон» аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат чоп шуда, пештар дастраси сокинони ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз, Рӯшон ва Мурғоб гардида буд.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»