Андешаҳо оид ба китоби Х. Зарифӣ ва А. Сатторов «Тоҷикистон – Чин ташаккули сарҳади давлатӣ, таърих ва замони муосир»
Таҳқиқоти муаллифони зикршуда аз нигоҳи имрӯза як бозёфти муҳиме ба шумор меравад, ки баъди ба истиқлолият ноил гаштани ҷумҳурии мо имконпазир гардид. Он ба масъалаи актуалӣ ва баҳснок, ки то имрӯз дар рӯзномаю маҷаллаҳо тезутунд муҳокима мегарданд, бахшида шудааст.
Аҳамияти таърихӣ ва басо актуалӣ будани марзи Тоҷикистону Чинро академик Талбак Назаров дар сарсухани ба китоб навиштааш чунин баён кардааст: «Пас аз соҳибистиқлол шуданаш Ҷумҳурии Тоҷикистон ба субъекти комилҳуқуқи байналмилалӣ табдил ёфт, то ин вақт он сарҳади давлатии аз нигоҳи ҳуқуқӣ танзимшуда бо Ҷумҳурии Халқии Хитойро надошт. Таъкиди он кофист, ки Иттиҳоди Шӯравӣ дар 70 соли ҳукмрониаш дар ин ҳудуд натавонист сарҳади худро бо Ҷумҳурии Халқии Хитой, аз ҷумла дар қитъае, ки ба Тоҷикистон тааллуқ дорад, пурра муайян кунад. Аз ин лиҳоз, ҳалли ин проблема барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аҳамияти муҳим буд».
Китоб, ки муаллифонаш Ҳ. Зарифӣ ва А. Сатторов мебошанд, барои он арзиши баланд дорад, ки худашон ширкаткунандагони фаъоли ин ҷараён буда, ҳуҷҷатҳои заруриро таҳқиқ намуда, истифода бурданд.
Раванди музокираи на чандон осон ва зарурияти танзими таъхирнопазири он, ки дар китоб инъикос ёфтаанд, аҳамияти бузург доштан ва арзиши мукаммали ин асарро ба хонанда равшан менамояд.
Сарҳади байни Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлатҳои ҳаммарз куллан фарқ мекунад, зеро Ҷумҳурии Халқии Хитой давлати сернуфузтарини олам, аз ҷиҳати рушди иқтисодӣ дар ҷаҳон сазовори ҷойи дуюм ва аз ҷиҳати ҳудуд ҷойи сеюмро ишғол менамояд.
Дар асоси манбаъҳои таърихӣ ташаккулёбии сарҳади байни давлатҳои Хитой ва Россия аз асри ХVII оғоз гардидааст. Дар охири ин давра аввалин гуногунандешагӣ оид ба сарҳад ба вуҷуд омад. Дар соли 1869 Россия ва Хитой аввалин созишномаро оид ба муайянкунии сарҳади қисмати шарқии он ба имзо расонидаанд.
Асноди асосие, ки арзиши таърихӣ доранду дар асари мавриди назар зикр шудааст, протоколҳои соли 1881-и Чуғучак, соли 1882-и Қошғар ва соли 1884-и Марғелони нав мебошанд.
Вақте ки Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ба имзо расид, баъзе ҳангомасозон дар рӯзномаю маҷаллаҳо «дилсӯзу меҳанпараст» будани худро «нишон» дода, даъво мекарданд, ки Тоҷикистон дар ин талошҳо бохтааст. Агар аз нуқтаи назари хирад назар андозем, яқин мефаҳмем, ки ин бурди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хориҷӣ буд ва мебошад.
Дар асар муаллифон баҳси сисолаи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Халқии Хитойро аз соли 1964 оид ба ҳудуди 34 ҳазор км2-ро мавриди баррасӣ қарор доданд, ки 28 ҳазораш ба ҳудуди Тоҷикистон тааллуқ дорад. Баҳс асосан дар бораи минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар баландиҳои 4100 ва 6700 метр ҷойгир шудааст, мерафт ва аз тарафи Тоҷикистон доир ба ин масъала ҳеҷ гуна гузашт карда нашудааст.
Муҳаққиқон, ки иштирокчиёни бевосита дар ин муҳокимарониҳо буданд, дар вақти навиштани ин асари басо муҳим ба масъалаҳои миллию этникии он низ диққати хоса доданд.
Асар аз даҳ боб, хулоса, рӯйхати адабиёт ва инчунин нусхаи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқию меъёрии аз соли 1689 то замони имрӯзаро дар бар мегирад.
Дар таҳқиқоти мазкур масъалаҳои сарҳад, муносибатҳои имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Халқии Хитой ва дигар масъалаҳои рӯзмарра мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Қисми зиёди унвонҳо, аз ҷумла «Минтақаҳои баҳснок», «Бад шудани муносибатҳои байни СССР ва Чин», «Даъвоҳои сарҳадии Чин нисбат ба СССР» ва ғайра муҳимияти масъаларо бозгӯйӣ намудааст. Масалан, овардани чунин иқтибос гувоҳи гуфтаҳои болост: «Ноҳияи мухтори Синзяну Уйғур, ки дар он тарафи қуллаи Сариқӯл ҷойгир шудааст, барои Чин аз нигоҳи стратегӣ муҳим маҳсуб мешавад. Вай ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам аз нигоҳи сиёсӣ арзиши хос дорад, то аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба ҳудуди Чин ҳамроҳ шудан ин минтақа қисми таркибии Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мерафт, зеро аз нигоҳи таърихӣ, забон, дин, этникии қавмӣ ва анъана ба Осиёи Марказӣ ҳамтақдир мебошад. Аксарияти аҳолии ин минтақа мусалмонҳо мебошанд. Вай 4/1 ҳудуди сарҳадии Чинро ташкил медиҳад.
Соли 1945 дар Ялта сарони давлатҳои бузург перомуни муайян кардани сарҳадҳо, аз он ҷумла дар минтақаи Шарқи Дур, қарори дахлдор қабул карданд, аммо байни СССР ва Чин оид ба ин масъала мушкиле пайдо нашуд. Чин низ ба чунин тақсим розӣ буд. Танҳо дар соли 1959 масъала оид ба аз нав тақсим кардани сарҳад байни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Чин ба вуҷуд омад ва боиси сар задани низоъҳо дар ҷазираи Даманск гардид».
Дар маҷмӯъ, китоби мазкур ниҳоят арзишманд буда, ба ин масъала нуқта гузоштааст.
Абдуҳалим ҒАФФОРОВ, раиси Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Саидҷаъфар ИСМОНОВ, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон