Аксари сиёсатмадорону соҳибназарон ваҳдати миллиро таҳкимбахшандаи Истиқлолияти давлатӣ маънидод карда, арзиши онро ба соҳибихтиёрии давлат ҳамрадиф мегузоранд. Зеро ваҳдати миллӣ омили асосии таконбахшандаи рушди кишвар мебошад. Даҳаи охири асри гузашта дар натиҷаи ҷанги бародаркуш, ки зиёда аз 150 ҳазор нафар куштаву ҳазорҳо нафар бе ҷойи зист монда, ба иқтисоди давлат зарари калони молӣ расид, барқарор кардани он вақти зиёдро талаб мекард. Аммо кишвар дар муддати кӯтоҳ оқибатҳои ҷанги хонумонсӯзро рафъ карда, рушди иқтисодиву иҷтимоиро таъмин намуд.
Аз ин рӯ, ҳифз ва таҳким бахшидани он вазифаи ҷониву имонии ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон имсол 24 сол сипарӣ шуд, ки барои миллати сарбаланд марҳилаи бобарори созандагию пешрафт ба ҳисоб меравад. Дар ин муддат мамлакат ба дастовардҳои беназир ноил гашта, сатҳи зиндагии мардум ба маротиб баланд гардид.
Ҳоло тамоми гӯшаву канори кишвар ба арсаи созандагиву ободкорӣ табдил ёфтааст. Дар ҳама минтақаи кишвар ин раванд босуръат идома дошта, даҳҳо мактабу беморхона, иншооти варзишӣ, роҳу пул, нақбҳо ва корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Ваҳдати миллӣ барои миллати сарбаланду фарзона ва мутамаддини тоҷик ба мактаби эътимодбахшу тақдирсоз табдил ёфта, пояҳои давлатдорию давлатсозиро боз ҳам таҳким бахшид. Ҳоло Тоҷикистонро зиёда аз 170 давлати ҷаҳон ба расмият шинохтаанд, Тоҷикистон узви созмонҳои минтақавию байналмилалӣ буда, дар баробари рафъи мушкилоти дохилӣ, ҳамчунин, доир ба ҳалли мушкилоти глобалӣ низ бетараф нест. Садои Тоҷикистон аз минбарҳои бонуфузи созмонҳои ҷаҳонӣ баланд мешавад. Бо шарофати сулҳу оромӣ Тоҷикистон макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилаливу минтақавӣ гардидааст. Солҳои охир дар кишвар чандин чорабинӣ вобаста ба об, мубориза бо терроризму экстремизм ва дигар масъалаҳои глобалӣ баргузор шуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз барқарор кардани сулҳу ваҳдат дар кишвар, таъмини амният ва рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ба масъалаҳои глобалӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Инак, зиёда аз 20 сол аст, ки Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир, аз қабили тағйирёбии иқлим, терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, фақру гуруснагӣ ва норасоии оби ошомиданӣ пешсаф буда, бо пешниҳоди саривақтӣ таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб кардааст. Дар ин самт, метавон аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаи ҷаҳонӣ кардани мушкилоти вобаста ба об ёдовар шуд.
Ин пешрафтҳо аз баракати ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ, сулҳу суботи пойдор, заҳмати пурмаҳсули мардум зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Миллати тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки дар ҳақиқат яке аз миллатҳои куҳанбунёду фарҳангӣ, мутамаддину хирадпеша ва сулҳхоҳу ботаҳаммул мебошад. Дар марҳилаҳои таърихӣ ва тақдирсоз роҳи дурустро интихоб намуда метавонад.
Мардуми шарофманди кишварро мебояд, ки дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, барои бегазанд мондани онҳо кӯшиш ба харҷ диҳанд. Зеро, агар истиқлолият шарафи давлати миллӣ бошад, ваҳдати комил таҳкимбахшандаи он аст.
Абдуҷаббор УМАРОВ,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон