Ҳар сол дар ҷумҳурӣ 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Мақсад аз он эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ, ки дар маҷмӯъ, ба фаъолияти босамари Президенти кишвар вобастагӣ дорад, иборат мебошад.
Пешвои миллат ҳамчун рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллат, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватан ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудаанд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст.
Бо дарназардошти хизматҳои барҷаста дар рушду инкишофи истиқлолияти Тоҷикистон, барқарор кардани сулҳ дар кишвар, таъмини амнияту бехатарии халқи тоҷик ва давлати миллӣ бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми декабри соли 1999 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.
Бинобар ин, бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун Қаҳрамони Тоҷикистон ба маънои калидӣ ва ҳифзу тараққиёти давлатдории миллӣ, ҷашни қадрдонию сипос ба арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандӣ мебошад, ки онро ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳи ватандӯст ҳамчун ҷашни хурду калони озоду осудаи Тоҷикистон меҳисобанд.
Бояд иқрор шуд, ки фаъолияти муназзами сиёсатмадории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тарзи идоракунии давлатиро такмил дода, дар меҳвари он мактаби нави давлатдории миллии тоҷиконро ба вуҷуд овард. Ин таълимгоҳи сиёсии давлатдорӣ бо бартарию хусусиятҳои хос дар марҳилаи бисёр мураккабу пуртазод ташаккул ёфта, мавқеи созандагиву бунёдкориро гирифта, эътирофи байналмилалиро касб намуд. Дар он, ки хусусиятҳои хос бо риояи принсипҳои демократӣ амалӣ гаштааст, манфиати давлату миллат аз ҳама боло гузошта шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути ин боргоҳи сиёсии таълимӣ ба таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳамчунин, барои гузаштан ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузошт.
Маҳорати бузурги ин таълимгоҳи ҳунар дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд арзёбӣ шуда, дар таҳким ва густариши робитаҳо ва доираи сохторҳои ҳамкории байналмилаливу минтақавӣ, ҳамчунин созмонҳои байналмилалии молиявӣ аҳамияти беназир дорад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мароқи баланди сухандонӣ, сухансанҷиву суханронӣ ва иродаи мустаҳками роҳбарӣ тавонист аз минбари баланди СММ ибтикороту ташаббусҳоро дар симои Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон диҳад.
Иқдом ва ташаббусҳои ҷаҳонии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили мубрами амниятӣ, обу экология ва тағйирёбии иқлим ҳамчун сиёсатмадори пешбари дараҷаи ҷаҳонӣ хело баланд аст. Тавре ки Сарвари давлат таъкид менамояд, «Ҳифзи сулҳу субот ва таъмини амнияти пойдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар сархати авлавиятҳои калидии сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон қарор дорад».
Бузургтарин дастоварди Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Пас аз талошҳои ҷоннисоронаи мардум бо роҳбарии Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон қабул гардид, ки дер боз онро тоҷикону тоҷикистониён ва дӯстони бурунмарзӣ интизор буданд. Ин дастовард аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллӣ ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллат саҳми таърихӣ гузошт.
Ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои мубориза бо терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъмини амният, сулҳу субот дар Афғонистон аз масъалаҳои дигари муҳими сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат ба ҳисоб мераванд.
Бо иқдоми Пешвои миллат амалӣ гардидани таҷлили 1100 — солагии давлати абарқудрати Сомониён ва 90 – солагии муаллифи китоби «Тоҷикон», Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров гувоҳи он аст, ки тоҷикон, воқеан, тоҷдору тоҷтабор ва хирадпешаю соҳибтамаддун ҳастанд.
Тарғиб ва ташвиқи ғояҳо ва арзишҳои олии инсонпарваронаи дини мубини ислом дар сатҳи ҷаҳонӣ низ ба сиёсати комили Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад. Бо дарназардошти ин иқдом ҳамоишҳои илмию фарҳангӣ оид ба мероси мутафаккирони Аҷам — Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, Имоми Аъзам ва ғайра дар кишвар доир гардида, асолати аслии ислом ба ҷаҳониён муаррифӣ шуд.
Бо супориши Роҳбари давлат нахустин маротиба китоби «Қуръон»-и карим бо забони тоҷикӣ дар се давра бо теъдоди умумии беш аз 200 ҳазор нусха аз чоп бароварда шуда, ройгон ба мардум тақсим гардид. Инчунин, «Саҳеҳ»-и Бухорӣ, «Муснад»-и Имоми Аъзам, «Кимиёи саодат»-и Имом Ғаззолӣ ва дигар осори пурқимат чоп ва дастраси мардуми кишвар гардонида шуданд. Пешвои миллат аз ҳимоя ба дини ислом аз минбарҳои баланди СММ ва дигар созмонҳои ҷаҳонӣ хитоб намуда, терроризмро қотеъона маҳкум карда, иброз доштанд, ки «террорист, ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад». Хизматҳои шоистаи Роҳбари давлати тоҷикон аз ҷониби кишварҳои мусулмонӣ қадр гардида, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун мусулмони фахрӣ дар қатори 500 мусулмони ҷаҳон қарор дорад.
Ҳамкориҳо бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои тахассусии он, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ, ҳамчунин, бо шарикони рушд ва ниҳодҳои молиявии байналмилаливу минтақавӣ аз ҳадафҳои дигари пешбарандаи муҳими Роҳбари тоҷикони ҷаҳон мебошад.
Дар натиҷаи фаъол гаштани сиёсати хориҷӣ дар асоси сиёсати «дарҳои кушода», ки муаллифи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, Тоҷикистон вориди арсаи равобити байналмилалӣ шуда, ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҳиндустон ва ғайра тақвият бахшид. Бо эълони сиёсати «дарҳои кушода» кишвар на танҳо мақому нуфузро дар ҷаҳон боло бурда, арзишҳои воло ва мероси ғании мардуми шарифи тоҷикро ба аҳли олам муаррифӣ намуд, балки дар ҳаллу фасли масоили минтақавию байналмилалӣ ва пешбурди рӯзномаи ҷаҳонӣ фаъолона иштирок кард. Инчунин, бархе аз лоиҳаҳои муҳими иқтисодӣ, энергетикӣ, инфрасохторӣ таҳия ва татбиқ гардиданд, ки ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар заминаи мусоидро фароҳам овардаанд. Натиҷаи ҳамин дастовардҳост, ки ҳоло Тоҷикистон бо 179 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ дорад ва бо талошҳои муассир дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари фаъолу ташаббускор шинохта шудааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2019-2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидан ташаббуси дигари Сарвари давлат мебошад, ки ҳадафаш рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ба кишвари туристӣ табдил додани Тоҷикистон аст.
Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат аз он башорат медиҳад, ки баъди солҳои тӯлонӣ муносибатҳои дӯстонаи ду давлати ба ҳам ҳамсоя ва ҳамфарҳанг — Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, кушодашавии сарҳад, сафарҳои байниҳамдигарии президентҳо, пайвандии хешу табории аз ҳам ҷудошуда барқарор гардиданд.
Воқеан ҳам, ташаббусҳои озмудашуда ва мутавозини Пешвои миллат дар даврони соҳибистиқлолӣ самараи нек ба бор овард. Ҳар сол дар шаҳри Душанбе доир гардидани форум ва конференсияҳои сатҳи олии байналмилалӣ, ташрифи роҳбарони олимақоми давлатҳои дунё аз эътибори баланди байналмилалии Президенти Тоҷикистон ва мавқеи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ башорат медиҳад.
Бо қадрдонӣ аз ин хизматҳо Пешвои миллат дар дохил ва берун аз кишвар барои саҳми бебаҳо дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ ба гирифтани чандин унвону мукофотҳои сатҳи олӣ, аз ҷумла Медали тиллои «Барои таҳкими сулҳ ва ризояти байни халқҳо», Ситораи тиллои Алберт Швейсер, Ҷоизаи олии ҷамъиятии Бунёди байналмилалии хайрияи «Сарпарастони аср» — Ордени нахустини алмосдори «Ситораи сарпараст», ордени «Қаҳрамони миллии Афғонистон – Аҳмадшоҳи Масъуд», Медали тиллоии давлати Миср, Ситораи ёқути сурх «Миротворец» (Сулҳовар), мукофоти олии Федератсияи Россия Ордени Александр Невский ва дигар мукофоту ҷоизаҳо сарфароз гардонда шудааст.
Муждаи корнамоӣ, ташаббус, фидокорӣ, вафодорӣ, сулҳофарӣ, қавииродагӣ ва мардонагию далерии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ болидарӯҳона истиқбол карданд. Раиси Маҷлиси Уммаи Давлати Кувайт Марзук Алӣ ал — Шаним дақиқназарона зикр намудааст, ки «Мардуми дунё бояд аз шумо – тоҷикон қадрдонию эҳтироми Сарварашон – Пешвои миллатро омӯзанд. На ба ҳама сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ ва президентон муяссар мегардад, ки бузургтарин неъмат – умед ва зиндагии осоиштаро дар дили мардумаш ҳифз карда, халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз завол наҷот диҳад».
Обтин Сосонфар (Швейтсария) дар меҳрномааш менависад: «Эмомалӣ Раҳмон аввалин фардест, ки миллати қадими худро ба ҷаҳон бо он доштаҳои худ, бо фарҳанги бузургаш муаррифӣ кард. Месазад, ки ӯро вориси хуҷастапаи соҳибони Авасто гуфт, месазад, ки ӯро нигаҳбони мероси ниёгони равшанзамир номид». Ба қавли собиқ Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан, «Тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар армуғон оварданд». Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин низ бо тақвияти ин суханҳо баён доштаанд, ки «Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Ҳар он чи ки дар Тоҷикистон ба амал меояд, барои дигар халқу миллатҳо намунаи ибрат аст».
Воқеан ҳам, сарсупурдагӣ, ҷоннисорӣ ва фидокориҳои ин абармарди арсаи сиёсат барои Ватану миллат, сулҳу субот, зиндагии осоишта ва беҳбудӣ ёфтани рӯзгори мардуми тоҷик дар таърих ҳамто надорад ва барои роҳбарони дигар давлатҳо намунаи ибрат мебошад.
Ҳар нафаре, ки аз сарнавишти печидаи халқи тоҷик воқиф аст, хизматҳои созандаи Сарвари давлатро мебинаду медонад, ба хубӣ эҳсос менамояд, ки бемуболиға, ҳанӯз на ҳама воқеият ва дурнамои амалҳои ин фарзанди фарзонаи миллатро дарк намудаем.
Эмомалӣ Раҳмон дар оғӯши Ватану миллат ва дар сояи дуову дастгирии мардум сабзида, ба таври комилан табиӣ мавриди этирофу эътибори мардум қарор гирифтааст. Ин аст, ки чеҳраи ӯ чеҳраи табиӣ, шахсияти ӯ шахсияти воқеӣ ва хидматҳои ӯ хидматҳои бунёдӣ мебошанд.
Бовар дорам, ки дар хусуси сифатҳои Пешвои миллат боз асарҳои зиёд эҷод мешаванд, зеро дар ҳама соҳа ин шахсияти беназир саҳми шоиста доранд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти пешрафти ҳама соҳаро бар зимма гирифта, барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо чораву тадбирҳои муассир меандешад.
Истеъдоди фавқулодаи давлатдорӣ, маҳорати камназири сиёсатмадорӣ ва ҷидду ҷаҳди хастагинопазири пайвастаи Сарвари давлат барои тадриҷан ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона табдил ёфтани Тоҷикистон замина фароҳам овард. Ин ҳама кӯшишу ғайрат, азму талош барои бунёди Тоҷикистони хурраму фархунда ва рӯзгори ободу осудаи мардум ба халқи Тоҷикистон ҳамвора рӯҳу илҳоми тоза мебахшад ва барои пешрафти минбаъдаи иқтисоди миллӣ ва дар маҷмӯъ, барои баланд бардоштани сатҳи рӯзгору некуаҳволии мардуми мамлакат ҳамаҷониба мусоидат мекунад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асл Пешвои миллат, маҳбуби ҳама ва қаҳрамоне мебошанд, ки ният ва маромашон тинҷиву оромӣ, хонаободӣ ва хушбахтии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст. Пешвои миллат кафили сулҳ, меъмори ваҳдат, пушту паноҳи тоҷикони дунё ва муаррифгари фарҳангу анъана ва асолати миллист, ки бо ӯ ҳамчун шахсияти таърихӣ ҳамеша ифтихор менамоем.
Ба андешаи ман, ботини поку нияти холис, муҳаббати самимӣ ба халқу Ватан яке аз сарчашмаҳои асосии дастовардҳои азими Роҳбари давлат дар арсаи сиёсату давлатдорӣ мебошанд, зеро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни нахустин савгандёдкунӣ дар Иҷлосияи XVI таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин изҳор дошта буданд: «Агар лозим шавад, бар ивази ҷони худ сулҳу ваҳдатро ба Тоҷикистони азиз бозмегардонам ва то даме ки як гурезаи тоҷик дар хориҷ умр ба сар мебарад, ором зиндагӣ нахоҳам кард».
Ғояҳои оштии миллӣ, расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аз рӯзи нахустини Сарвари давлат интихоб шудан барои ин бузургмарди сиёсати ҷаҳонӣ шиори кору пайкор гаштанд. Натиҷаи хидмати беназири ин шахсияти нотакрор аст.
Бинобар ин, ба унвони Пешвои миллат ном бурдан ва ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифтан нишоне аз қадрдонӣ ва арҷгузорӣ ба кору амалҳоест, ки аз ҷониби Роҳбари давлат дар ду даҳсолаи охир барои давлатдорию миллатсозӣ эҷод шуданд.
Бо ин мақсад ҳар фарди бонангу номуси Тоҷикистонро зарур аст, ки ба қадри ҳар қатра обу ҳар зарра хоки сарзамини аҷдодӣ, ба қадри неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату Истиқлолияти давлатӣ, ба қадри шоҳкориҳои азими аср бирасем. Баҳри боз ҳам ободу зебо ва сарсабзу хуррам гардонидани кишвар сарбаландона фаъолият намоем. Истиқлолияти давлатиро чун гавҳараки чашм ҳимоя карда, аз гузаштаи пурифтихори миллати ободгару созанда сабақи мардонагӣ гирифта, баҳри фардои дурахшони Тоҷикистон дар паҳлуи Пешвои миллат содиқона хизмат намуда, бовафо ва бо қавлу амал бошем. Ватанро дӯст дорем, худшиносу худогоҳ бошем. Чӣ тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, «Ватандӯстӣ бахти бузург аст, вале ба қадри Истиқлолияти миллӣ ва давлати соҳибихтиёр расида тавонистан бахти аз он болотар аст».
Бинобар ин, бо қадрдонӣ аз Ватану миллати бузург, мардуми шарифи Тоҷикистон набояд фаромӯш кунанд, ки муваффақиятҳое, ки солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар ба амал омаданд, ба ном ва хизматҳои шоёну беназири Пешвои миллат пайванд буда, дар китоби таърихи зиндагонии халқ абадан сазовори эътимоду боварӣ боқӣ мемонад.
Ҳабибулло ВОҲИДЗОДА,
директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
генерал — майори адлия