Таълимоте, ки тамоми паҳлуҳои зиндагии инсонро фаро гирифтааст

№113 (3259) 30.09.2014

Таълимоти Ҷалолиддини Балхӣ гуногунҷабҳа буда, тамоми паҳлуҳои зиндагии инсон, андешаву афкори созанда ва талаботи маънавии аҳли башарро фаро мегирад. Аз ин ҷост, ки Мавлоно инсонҳоро бузургтарин ва азизтарин офаридаи Худованди якто дониста, онҳоро ба сиёҳу сафед, ирқу нажод, ғарбиву шарқӣ ва бутпарасту насронӣ тақсим намекунад…

 Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 16-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 800-умин солгарди зодрӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ. 8 сентябри соли 2007, шаҳри Душанбе.

1

Каломи дилчаспи Мавлоно Балхӣ баъди 800 сол имрӯз низ барои ҳамагон фаҳмо аст. Ҳарчанд аз замони зиндагӣ ва даргузашти ӯ ҳашт қарн сипарӣ шудааст, вале рӯҳан дар байни мост ва дардҳои зиёди имрӯзи аҳли башарро даво мебахшад.

Мутафаккири барҷаста Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (1207-1273) зодаи яке аз ноҳияҳои Вахшонзамини имрӯза буда, овони наврасиашро ҳамроҳи падари бузургвораш дар сафарҳои зиёде ба кишварҳои Эрону Ироқ, Арабистону Сурия гузаронидааст. Яъне, дар муҳити ирфонӣ ба воя расида, пас аз зиёрати Каъба бо пайвандон ба шаҳри Қуния меояд ва ин мавзеъро ҷойгоҳи доимии худ қарор медиҳад. Ҷойи пӯшида  нест, ки устоди нахустини Мавлонои Балхӣ падараш Султон-ул-уламо Баҳоуддин Валад будааст. Пас аз вафоти қиблагоҳаш ӯ муддате чанд пеши шогирди падар Бурҳониддин Муҳаққиқи Тирмизӣ ба таълим фаро гирифта мешавад. Муҳаққиқон бар он ақидаанд, ки дониши боқимондае, ки Мавлоно аз падараш гирифта натавонист, ба воситаи шогирди ӯ дарёфт кард.

Иртиботи ӯ бо Шамси Табрезӣ ва дигар орифон марҳилаи дигар аст, ки пас аз мулоқот бо Шамс рух додааст. Вақте Мавлоно бо сӯфия унс пайдо мекунад, маҷрои мадрасавии таълимро фурӯ гузошта, бо сабку шеваи дигар ба тарбияти шогирдони худ шурӯъ мекунад. Ин мактабро ӯ мактаби ишқи илоҳӣ меномид, ки шуълаи онро дар дилаш Шамс зинда карда буд.

Саҳми бузурги Шамси Табрезӣ буд, ки Ҷалолиддини Балхӣ аз тангнои хонақоҳу мадраса ба паҳнои шеъру адаби ҷаҳонгири тоҷикӣ кашида шуд ва дар ин арса машҳур ва маҳбуби ҳамаи давру замонҳо гардид. Ин ҳақиқат ба қалами худи Мавлоно чунин тасвир ёфтааст:

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,

Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.

Ҳеҷ Мавлоно нашуд Мавлои Рум,

То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.

То шиносоӣ бо Шамс Мавлои Рум ҳамчун Султони Уқул маъруф буд. Баъд аз суҳбати Шамс, ӯ аллакай Султони Қулуб гашта буд.  Ӯ дар поёни умр аз худ мероси гаронбаҳое гузошта, дар олами Ғарб ва Шарқ ба унвони шоири тавоно, мутафаккир ва ҳакими барҷаста шинохта ва пазируфта мегардад. Асарҳои гаронбаҳои Мавлоно — «Маснавии маънавӣ», «Девони Кабир», «Фиҳӣ мо фиҳӣ», «Мавоизи маҷолиси саъба», «Мактубот» ва ғайра мебошанд.

Ҷалолиддин  дар айёми 30-солагиаш ба шеърнависӣ шурӯъ карда, беш аз 70 ҳазор мисраи шеърӣ эҷод карда, аз рӯи осори ба нашр расидааш яке аз сермаҳсултарин шоирони Машриқзамин маҳсуб меёбад. Савол пайдо мешавад, ки Мавлавии Румӣ дар навбати аввал шоир буд ё мутафаккир?

Олими шинохта, доктори илмҳои филология Ҷӯрабек Назриев мегӯяд:

-Шинохти бузургон шурӯъ аз устод Рӯдакӣ то ба Саноиву Аттор ва дигарон ҳамеша баҳснок будааст. Баъзеҳо эшонро дар навбати аввал шоир медонанду баъзе ҳаким мехонанд ва баръакс. Мавлоно Румӣ ҳаким аст, чун аз хурди донандаи Қуръон буд, мутафаккир аст, чун ҳама илмҳои замонаро аз худ карда буд. Шоире, агарчӣ тавоно бошад, қудрати гуфтани он чиро надорад, ки Мавлоно гуфтааст. Ҳар чӣ  ӯ гуфт, мутафаккирона буд, пур аз маънӣ буд. Дар ҷое мефармояд:

Чу ғуломи офтобам, ҳама з-офтоб гӯям,

На шабам, на шабпарастам, ки ҳадиси хоб гӯям. 

Дар робита ба ин масъала адабиётшинос Рустами Ваҳҳоб бар он бовар аст, ки «онҳо худро аввалан шоир не, балки мутафаккир ё мубаллиғи нуктаҳои ахлоқӣ меҳисобиданд ва адабиётро василаи савор кардани афкори худ ба маркаби тундсайри лафзӣ медонистанд. Мавлавӣ ҳам ба назм ба ҳамин хотир рӯй оварда буд ва онро сурати амалӣ медод. Ӯ мутафаккири барҷастае буд, ки мехост фалсафаи ирфониву ахлоқиро аз назари худ густариш диҳад. Аз ин рӯ бо назм қонеъ накарда, ашъори насрӣ ҳам дорад».

«Марде ба чаҳор нафар як миқдор пул дода, гуфт ҳар чӣ хоҳанд харидорӣ кунанд. Дар миёнашон яке, ки форс буд, хост ангур бихарад, араб эътироз баён кард, ки «ангур» не, «инаб» бихаранд. Турк ба гирифтани «узум» исрор мекарду намояндаи Рум «истофил» мехост. Ҳар чор ба ҳамдигар дарафтоданд, муште чанд ба сару рӯйи якдигар заданд. Билохира, хирадманде ба онҳо даррасид ва аз сирри номҳо огоҳашон кард. Эшон фаҳмиданд, ки ҳама даъвои харидани ҳамон як ангурро доштаанд ва ихтилоф миёнашон аз нодонӣ сар задааст».

Ҳикмати боло қатраест аз дарёи маънии «Маснавӣ»-и Мавлоно Румӣ, ки дар он ғояи таҳаммулпазирӣ дар либоси тамсил ҳанӯз аз қаъри асрҳо барои ташнагони маънӣ муроот мешавад. Ин масал низ барои тавзеҳи мавзӯи гуфтугӯи тамаддунҳо, ки феълан дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор дорад, беҳтарин тамсил аст, ки моҳияти ниёз ба гуфтугӯи тамаддунҳоро шарҳ медиҳад.

Яке аз мавзӯъҳои печида ва тӯлонӣ дар ашъори Мавлоно мавзӯи ворисият аст. Пас аз вохӯрӣ бо Шамси Табрезӣ зиндагии Мавлоно ранги дигар мегирад ва онҳо муддати мадиде дур аз одаму олам бо тоату ибодат машғул мешаванд. Ҳамин тавр ҳар ду бузургвор ба ҳам унс мегиранд ва баъди аз миён ғайб задани Шамс дигар Мавлоно, ки батамом шефтаи ӯ гардида буд, дар фироқаш ӯро мадҳ мекард ва ба ин минвол асари «Девони Кабир» ба вуҷуд омад.

Ривоят мекунанд, ки баъди реҳлати Мавлоно аҳли адёну мазоҳиби гуногун, ки ба сари турбаташ ҳозир буданд, ҳамагӣ ӯро ошно медонистанд ва мегуфтанд, ки ӯ аз мо буд. Ҷойи шак нест, ки то имрӯз намояндагони халқҳои гуногуни бо ашъору афкори Мавлоно Румӣ аз наздик сарукор дошта, ӯро аз худ медонанду номашро пос медоранд.

Ҷӯрабек Назриев дар ин маврид чунин иброз дошт: «Бузургвор, хоса бузурге, ки дар пояи Мавлоно қарор дошта бошад, мансуби як миллат нест. Мусаллам аст, ки Мавлонои Румӣ ё Балхӣ тоҷик буд, ҳамватани мо буд, вале осори ӯ моли тамоми аҳли башар маҳсуб мешавад ва ба ҳама баробар хидмат мекунад».

Барои шинохти Ҳазрати Мавлоно аз як тараф ҷашн гирифтани зодрӯзи ӯ худ нишонаи возеҳи эҳтиром ба хизматҳои таърихии орифи бузург бошад, аз паҳлуи дигар барои боз ҳам ошноӣ пайдо кардани наврасону ҷавонон бо осори бебаҳои ӯ ба наср баргардонида, бо забони сода ва тариқи мусаввир  китобҳои бадеӣ ба чоп расондан низ аз манфиат холӣ нест.

Ҷалби толибилмон ба осори ин мутафаккири барҷаста дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, баргузории маҳфилҳои Мавлавихонӣ ва нашру пахши барномаҳо дар бораи Ҳазрати Мавлоно ва осору андешаи ӯ тариқи воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои телевизионӣ аз манфиат холӣ нест. Ҷойи пӯшида нест, ки имрӯз барои шиносоӣ бо андешаҳои Мавлонои Балхӣ дар кишварҳои Ғарб талошҳо зиёд аст. Яъне, бузургии Мавлоноро кашф карда, барои дарки фарҳанги таҳаммулпазирӣ кӯшишҳои зиёд менамоянд.

Гуфтан бамаврид аст, ки рӯй овардан ба осори нобиғагони таъриху адабиёт барои мо набояд муваққатӣ бошад, зеро барои огоҳии амиқ пайдо кардан бо ин осор як солу ду сол басанда набуда, шояд даҳсолаҳо лозим ояд.

Хуршед Ҳайдарзода, рӯзноманигор, Х. Шарипов,«Садои мардум»