Чанде пеш дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба Рӯзи Президент ҷамъомад доир гардид, ки дар он номзади илмҳои филологӣ Абдумуъмин Қутбиддинов дар мавзӯи «Нақши Президенти мамлакат дар бунёди давлатдории миллӣ» маърӯза кард.
- Имрӯз нақши созандаи Эмомалӣ Раҳмон аст, ки давлатдории миллии мо пойбарҷост, — гуфт ӯ. — Маҳалгароӣ дар муҳити нав аз байн рафт ва миллатдӯстии ҳамватанон афзоиш ёфт. Ҳамгироӣ бо миллату халқҳои ҳамсояи дуру наздик низ аз шартҳои дигари бақои давлати миллист. Агар чунин намебуд, Давлату Ҳукумати имрӯзаи тоҷикон сиёсати дарҳои бозро пеш намегирифт. Миллати тоҷик дар тӯли асрҳо беҳтару бештар аз дигарон оини неки ҳамсоядориро нигоҳ медошт ва медорад. Намунаи барҷастаи ин гуфтаҳо дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек мебошад.
Беҳуда нест, ки ваҳдатофариниву давлатсозии Пешвои миллати тоҷикро Президенти Россия В. Путин махсус ёдовар шудааст: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони ИДМ мавқеи намоёнро ишғол менамояд. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ бебозгашт аст. Таҷрибаи сулҳу ҳамсоядории Тоҷикистон барои бисёр халқу мамлакатҳои дигар омӯхтанист».
Ходими калони шуъбаи воситаҳои ахбори омма ва табъу нашри ПИТФИ Қадриддин Исоев зикр кард, ки Сарвари давлат фарҳангро ҳамчун воситаи ташаккулдиҳандаи сиёсати хеш қарор дода, дар партави он давлатдориро ба роҳ монданд. Пешвои миллат фарҳангро ҳастии миллат эълон намуда, тараққиёти ҷомеаро ба он алоқаманд донистанд.
Дар анҷом рӯнамоии китоби нав — «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сурат гирифт.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»