Тақсири ишқ

№36-37 (4298-4299) 20.03.2021

РобияБорон дубора қалби маро пур зи оҳ кард,

Бо гиря гуфт: чун ту касе иштибоҳ кард?

Бо ханда гуфтамаш, ки аё меҳрубонтарин,

Тақсири ишқ буд, ки дил ин гуноҳ кард.

Оре ба ханда гуфтамашу дил фиғон кашид:

Кофар буд он, ки ёр раҳо байни роҳ кард.

Бишнид ин ҳадиси пур аз ашку ишқ гуфт:

Шеърат баёзи ғам шуду олам табоҳ кард.

Ҳарфе надорам охири ин қисса ҷуз ҳамин:

Борон дубора қалби маро пур зи оҳ кард…

 

ИШҚИ МАН

Чу мерасӣ азизи ман,

Қасам ба ҳурмати Худо,

Тамоми ҷодаҳои шаҳри ман,

Шукуфабор мешавад,

Баҳор мешавад!

 

Садои ту, садои хандаҳои ту,

Пур аз танини нозанини зиндагист,

Биё, ки бе ҳузури сабзи ту,

Сабоҳи умри ман,

Мисоли шоми тор мешавад…

 

Қасам ба номи покат эй азиз,

Чӣ беш гӯямат аз ин?

Набошӣ…

Ишқ хор мешавад…

Ашки Худо

Боз ин шаб шаҳр боронист,

Гиряҳояш гӯиё панд аст.

Балки борон нест, эй мардум,

Ашки чашмони Худованд аст.

 

Оҳ, борон мезанад имшаб,

Шаҳр зери об мемонад,

Лек дардо, боз эй инсон ,

Чашми ту дар хоб мемонад.

 

Мечакад борон зи гардунҳо,

Мечакад борон зи бому дар.

Ҳамчу тоқи хонаҳо гарданд.

Тоқҳои дидаи ман тар.

 

Боз ин шаб шаҳр боронист,

Гиряҳояш гӯиё панд аст.

Балки борон нест, эй мардум,

Ашки чашмони Худованд аст.

Робияи ХОЛМИРЗО