30 сентябри соли 2019 дар Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Форобии шаҳри Алмаато бо ташаббуси консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Назир ва факултети шарқшиносии ин муасисаи таълимии олӣ маросими ифтитоҳи Маркази забон ва фарҳанги тоҷикӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон иттилоъ доданд.
Дар ҷамъомад сардори намояндагии минтақавии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Алмаато Властимил Самег, консули генералии Федератсияи Россия Валентин Колясев, консули генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Аброр Фатҳуллоев, намояндагони корпуси дипломатӣ, роҳбарияти донишгоҳ, донишҷӯён ва кормандони марказҳои фарҳангии тоҷикон дар Қазоқистон иштирок намуданд.
Зимни муаррифии Маркази забон ва фарҳанги тоҷикӣ ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки он аз китобхона ва толори ҷойи нишаст иборат мебошад. Ҳадаф аз таъсиси марказ ҷалби таваҷҷуҳ ба рушди муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистон маҳсуб меёбад. Зеро, асрҳост, ки умумияти анъанаҳо, расму оин, ақидаҳои динӣ ва тарзи зиндагӣ миллати тоҷик ва қазоқро ба ҳам наздик кардааст.
Таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ яке аз қадимтарин забонҳои олам эътироф гардидааст. Таваҷҷуҳ ва эҳтиром ба забони тоҷикӣ, гиромидошти он барои инсони бархӯрдор аз ҳувияти миллӣ меҳвари худшиносии ӯ қарор мегирад. Маҳз фарзонагони тоҷик сабаб мегарданд, ки фарҳангу тамаддуни миллӣ, ҳифзи махсусиятҳои он, рушди забон ва маорифу маданияти тоҷиконро дар хориҷ аз мамлакат бо чунин рисолат муваффақона муаррифӣ намоянд.
Донишҷӯёни бахши факултети шарқшиносии Донишгоҳи миллии Қазоқистон бо қироати шеърҳо аз ашъори шоирони классик ва муосири тоҷик табъи иштирокдоронро болида гардониданд. Лозим ба ёдоварист, ки бори нахуст чунин марказ таъсис гардидааст.
Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»