«Табиати нотакрору зебои диёрро тасвир мекунам»

№31-32 (4771-4772) 11.03.2024

Наргис ХамидоваДар кишварҳои Шарқ бонувонро олиҳаи ҳусн ва меҳру вафо меноманд. Дар баробари ин дар, байни онҳо нафароне низ ҳастанд, ки тамоми умри хешро ба зебоиофарӣ бахшида, зиндагии моро рангинтару зеботар месозанд.

Яке аз ин бонувон раиси Иттифоқи рассомони ҷумҳурӣ Наргис Ҳамидова мебошад. Ӯ дар қалби Тоҷикистон — Душанбеи гулрез ба дунё омада, бузург шудааст. Фориғуттаҳсили Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов (1991) ва шуъбаи мусаввирии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон (ҳоло Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон) ба номи М. Турсунзода мебошад. Мактаби рассомиро хатм карда, аз устодони соҳа назокати ҳунар омӯхтааст, вале модарашро устоди аввалин мешуморад.

- Маҳз бо тавсия ва дастгириву ҳидоятҳои модар рассом шудам — мегӯяд ӯ. — Рассомон ҳақиқатнигору зебоиофару зебоипарастанд ва ин ҳамаро аз ниҳоди модар метавон дарёфт.

Наргис Ҳамидова ҳамеша ҷустуҷӯ менамояду меомӯзад. Қаҳрамонони асарҳояш инсонҳои одианд, вале дили бузург доранду дунёи рангин.

Силсилаи асарҳо ва композитсияҳои тахайюлӣ, аз ҷумла «Аз қаъри асрҳо», «Марвориди Шарқ», «Навои шарқиёна», «Суманак», «Баҳор», «Сӯзанӣ», «Дугонаҳо» ва силсилаасарҳои «Диёри зебои ман — Тоҷикис­тон»-и ӯ аз таъриху фарҳанги миллат ва зебоиҳои Ватани азизамон қисса мекунанд. Дар ин тасвирҳо нигоҳ ва сабку услуби вижаи ҳунари рассомро метавон дарёфт.

Ҳанӯз аз давраи аввали фаъолият асарҳои офаридааш дар чандин намоишҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба маъраз гузошта шудаанд. Соли 2001 узви раёсати Иттифоқи рассомон, ҳамчунин, котиби иттиҳодияи ҷавонон пешбарӣ гардид. Аз соли 2011 узви Академияи мусаввирии Тоҷикистон аст. Аз соли 2002 то ин дам Наргис Ҳамидова ҳамчун муаррифгари санъати миллати тоҷикон, борҳо дар намоишгоҳҳои байналмилалии Хонаи марказии рассомони Моск­ва ва «Мусаввирии муосири ҷаҳони ислом»-и Теҳрон, намоиши ҳарсолаи «Гулдухтарони тоҷик» дар Галереяи ба номи В. Одинаеви Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов ва намоишгоҳҳои дигар иштирок намудааст. Соли 2003 мусаввараи «Дар меҳмонӣ»-и қаҳрамони матлаб, ки ба мавзуи баробарҳуқуқӣ бахшида шудааст, рамзи Конфронси байналмилалии ЮНЕСКО интихоб гардид. Соли 2016 намоиши мусаввараҳои рассом дар Осорхонаи миллии Тоҷикис­тон таҳти унвони «Марвориди Шарқ» баргузор шуд ва аз ҷониби дӯстдорони ҳунар гарм истиқбол ёфт.

Аз соли 1991 инҷониб ба омӯзгорӣ низ машғул буда, дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов ба шогирдон дарси ҳунару маҳорат меомӯзад.

- Ҳар сухану нигоҳ ва ҳаракати омӯзгор бояд барои шогирдон намунаи ибрат бошад. Устод дар интихоби роҳи дурусти зиндагӣ, фаъолияти эҷодиву меҳнатӣ бояд роҳбаладу раҳнамо гардад, — таъкид менамояд Н. Ҳамидова

Асарҳои эҷоднамудаи рассоми мониқалам Наргис Ҳамидоваро на танҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон, балки Осорхонаи санъати тасвирии ба номи А. Кастееви Ҷумҳурии Қазоқистон ва Намоишгоҳи сан­ъати муосири Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Россия, кишварҳои Аврупо ва Осиёи Миёна дучор омадан мумкин аст. Асарҳояш, ҳамчунин, дар китобҳои «Санъати миллатҳо» (Моск­ва, 2002), «Санъати муосири ҷаҳони ислом» (Теҳрон, 2002, 2004), «Насли нав» (Моск­ва 2003), «Ирам» (Душанбе, 2003), «Экология» (2004), «Санъати муттаҳидкунандаи ҷаҳон» (Алмаато, 2012), «Мино» (Душанбе, 2012), «Санъати муосири Тоҷикистон» (Москва, 2015), «Марвориди Шарқ» (Душанбе, 2016), «WORLDS» (Туркия, 2016), «Гулбоғи Хайём» (Душанбе, 2016), «Портрет-Тур» (Хитой, 2019), «Тан Шолпан» (Алмаато, 2020) ҷой дода шудаанд.

Аълочии фарҳанги Тоҷикистон аст ва соли 2013 барои саҳмгузорӣ дар рушди санъати тасвирии тоҷик бо ордени «Шараф» дараҷаи II сарфароз гардидааст.

- Ман рангҳои табииро мепарастам. Табиати нотакрору зебои диёри азизам — Тоҷикис­тони соҳибистиқлол, мардум ва фарҳанги онро, ки сарчашмаи илҳоми мананд, маҳз бо чунин рангҳо бо муҳаббат тасвир намуда, ба оламиён муаррифӣ менамоям, — гуфт Наргис Ҳамидова.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»