Омӯзгори варзидаи шаҳри Истаравшан Шокир Турдиев дар сабқати байналмилалии хаттотии «Аз «Шоҳнома» бо «Шоҳнома» ширкат варзида, дар миёни даҳ нафар хаттот аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ғолибият ба даст оварда, соҳиби диплом ва ҷоизаи байналмилалӣ гашт.
-Муддатест, ки Ҷамъияти байналмилалии форсизабонон «Ҷунбиши эҳёи фарҳангу адаби форсӣ» таҳти унвони «Аз «Шоҳнома» бо «Шоҳнома» озмунеро созмон додааст. Фаъолияти ҷамъияти мазкур ба таҳқиқи «Шоҳнома» равона гардида, аз ҳаводорону донандагони ин асари безавол дархост менамояд, ки дар мавзуъҳои «Қироати «Шоҳнома», «Нақши зан дар «Шоҳнома», «Мусаввирӣ дар «Шоҳнома», «Ҳунари хаттотӣ ва «Шоҳнома», «Шоҳнома» ва фарҳанг, «Мусиқӣ ва «Шоҳнома», «Шоҳнома» ва ободсозӣ», «Шоҳнома» ва хирадгароӣ», «Шоҳнома» ва адлу дод», «Шоҳнома» ва озодагӣ», «Фалсафаи таърих дар «Шоҳнома» ва монанди инҳо маҳорати хешро нишон диҳанд,-гуфт дар суҳбат корманди ҷамъият Ҷонибек Расулӣ
Дар маҳфиле, ки ба муносибати ҷамъбасти даври навбатии озмун доир гардид, доктори илмҳои фалсафа, профессор Муҳаммадқул Ҳазратқулов диплом ва номаҳои табрикии Ҷамъияти байналмилалии форсизабононро ба ғолиби озмун Шокир Турдиев супорид.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»