Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти имсолаи хеш бо занону бонувони кишвар ба муносибати Рӯзи Модар чунин иброз доштанд: «Оила дар ҳаёти инсонияту ҷамъият нақши хеле муҳим мебозад ва ба одам эҳсосоти пурраи ҳаётӣ мебахшад, ки бе он бахту саодати ҳақиқии инсон имконнопазир аст. Оиларо ҷомеашиносон давлати хурде номидаанд, ки он қонуну қоидаҳои худро дорад. Маҳз аз ҳамин макон инсонҳо тарбия ёфта, ба камол мерасанд».
- Боиси қаноатмандӣ ва ифтихор аст, ки соли 2015 аз ҷониби Сарвари давлатамон «Соли оила» эълон гардидаст. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо мақсади пойдориву устувории оила, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои он ҳамчун рамзи эҳтироми арзишҳои неки оиладорӣ пайваста чорабиниҳои гуногунро баргузор менамояд,- мегӯяд корманди масъули дастгоҳи раиси шаҳр Солеҳаҷон Ваҳҳобова.
Бино ба гуфти мавсуф, соли равон ҷиҳати таҳкими пояҳои оила, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, сафарбар намудани имкониятҳо ва иқтидори аҳли ҷомеа ба бунёдкориву созандагӣ, ки дар маҷмӯъ ба шукуфоии Ватани азизамон нигаронида шудаанд, озмунҳои гуногун доир шудаанд.
Чанде пеш бо дарназардошти муҳимияти мавқеи оила дар пешрафти ҷомеа, устувории он, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона, пойдории оила ва маърифати оиладорӣ дар миқёси шаҳр «Озмуни оилаи намунавии соли 2015» баргузор гардид. Дар он шаш оилаи намунавӣ — оилаҳои Аминҷоновҳо, Комиловҳо, Муъминовҳо, Низомиддиновҳо, Саидахмедовҳо ва Тӯхтабоевҳо, ки зиндагии ибратбахш доранд, ширкат варзиданд. Озмун аз рӯи шаш шарт — пешниҳоди албоми авлодӣ ба таври слайд (муаррифии аъзои оила аз ҷониби барандаи озмун), намоиши видеофилм оид ба беҳтарин лаҳзаҳои ҳаёти оила, насиҳати падару модар ба фарзанд, саҳначаи тарбиявӣ дар мавзӯъҳои гуногуни оила ва тарбияи фарзанд дар оила, дарёфти ҳалли мушкили оилавие, ки аз тарафи ҳакамон пешниҳод карда мешавад, интихобан иҷро намудани рақс, суруд, навозиш ва ё намоиши ҳунарҳои эҷодӣ доир гардид.
Иштирокчиён аз рӯи номгӯйи озмун — «Оилаи намунавии соли 2015», «Оила — эҳёгари анъанаҳои миллӣ», «Оилаи ҳунарманд», «Оилаи эҷодкор», «Оилаи ҷавони намунавӣ» баҳогузорӣ шуданд ва ниҳоят, оилаи Комиловҳо, ки оилаи табибон мебошад, дар иҷрои ҳамаи шартҳои озмун пешсаф ва ғолиби озмун дониста шуд. Оилаи мазкур бо дипломи «Оилаи намунавии соли 2015» ва туҳфаи хотиравии раиси шаҳр сарфароз гардонида шуд.
- Сарват арзиши касро баланд намесозад, балки кору пайкор, хислату рафтор, оилаи солим ва фарзандони солеҳ қадру манзалати инсонро дар ҷомеа муайян мекунанд. Барои расидан ба ин ҳадаф, бешубҳа, бунёди оилаҳои рӯҳану ҷисман солим басо муҳим аст ва баргузории чунин чорабиниҳо мувофиқи мақсад буда, дар таҳкиму пойдории оила ва бунёди ҷомеаи солим нақши назаррас хоҳанд бозид,- андеша дорад Солеҳаҷон Ваҳҳобова.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»