Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№118 (3419) 04.09.2015

Маҳкам Маҳмудзода

Бахтиёр Худоёрзода

тафсир

 

(Идома аз шумораҳои гузашта)

Моддаи 54.  Ҳуқуқу уҳдадориҳои фарзандоне, ки аз шахсони бо ҳам ақди никоҳ надошта таваллуд ёфтаанд

Агар падарӣ мувофиқи тартиби пешбининамудаи моддаҳои 50-51 ҳамин Кодекс муқаррар карда шуда бошад, фарзандон нисбати падару модар ва хешу ақрабояшон ҳамон ҳуқуқу уҳдадориҳоро доранд, ки кӯдакони аз шахсони бо ҳам ақди никоҳбаста таваллудёфта доранд.

Қонунгузории оилавии ҷумҳурӣ ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакони аз падару модари дар ақди никоҳнабуда таваллудёфтаро пешбинӣ намудааст. Қонунгузор роҳҳои баробар намудани ҳуқуқҳои кӯдакони номбурдаро бо кӯдакони дар ақди никоҳи расмӣ таваллудёфта нишон додааст. Қонун ба таври ихтиёрӣ ва бо роҳи судӣ муқаррар кардани падари (модари) кӯдакро муқаррар кардааст (моддаҳои 50-51 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон). Пас аз бо ин усул муқаррар кардани падарӣ таваллуди кӯдак дар мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба расмият дароварда мешавад. Барои ҳамин ҳам бо тартиби муайянкардаи қонун муқаррар кардани аслу насаби кӯдаки аз падару модари дар ақди никоҳ набуда таваллудшуда, ҳамаи он ҳуқуқу уҳдадориҳоеро доро мебошад, ки чунин ҳуқуқи уҳдадориҳоро кӯдаки дар ақди никоҳи расмӣ таваллудшуда низ соҳиб аст. Дар ҳолати бо тартиби қонун пешбинишуда муқаррар кардани падарӣ муносибатҳои кӯдак бо падараш ва хешу ақрабои ӯ аз лаҳзаи таваллуди кӯдак оғозшуда ба ҳисоб меравад. Яъне, дар ин масъала муддати муқаррар кардани падарӣ таъсир надорад. Дар ҳолати муқаррар накардани падарӣ муносибати кӯдаки берун аз ақди никоҳ таваллудёфта, танҳо бо модараш пайдо мешавад. Ҳамин тавр, танҳо бо таври бо қонун пешбиникарда исбот намудани аслу насаби кӯдак асос барои пайдо шудани ҳуқуқу уҳдадориҳои падару модар ва фарзандон мегардад.

 БОБИ 11 ҲУҚУҚИ КӮДАКОНИ НОБОЛИҒ

Моддаи 55.     Ҳуқуқи кӯдак барои зиндагӣ ва тарбия дар оила

1. Кӯдак шахсе эътироф карда мешавад, ки ба синни ҳаждаҳсолагӣ (ба синни балоғат) нарасидааст.

2. Ҳар кӯдак ҳуқуқ дорад, ки дар оила зиндагӣ кунад ва тарбия гирад. Кӯдак ба ғамхории падару модар, таъмини манфиатҳояш, рушду такомули ҳамаҷониба, эҳтироми шаъни инсонии худ ҳуқуқ дорад.

Дар сурати набудани падару модар, аз ҳуқуқи падару модари маҳрум кардани онҳо ва дар ҳолатҳои дигари аз даст додани васояти падару модар, ҳуқуқи кӯдак барои тарбия дар оила мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи боби 18 ҳамин Кодекс аз ҷониби мақомоти васояту парасторӣ таъмин карда мешавад.

 

Қабл аз ҳама, қайд кардан зарур аст, ки боби 11 бори нахуст дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст.

Мафҳуми кӯдак, ки дар қисми 1 моддаи 55 КО ҶТ пешбинӣ шудааст, бо мазмуни моддаи 1 Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак айнан якхела аст.  Кӯдак гуфта шахсеро меноманд, ки ба синни 18-солагӣ, яъне ба балоғат нарасидааст.

Масъалаи пайдо кардани мукаллафияти гражданӣ (м. 22 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз он ҷумла дар натиҷаи эмансипатсия (м. 28 КГ ҶТ) аз ҷониби ноболиғ имкон дорад. Дар ин маврид соҳаҳои қонунгузорӣ масъалаи ба сифати кӯдак эътироф карданро новобаста аз ҳолатҳои номбурда ба таври гуногун ба инобат мегиранд. Дар муносибатҳои гражданӣ ноболиғи дорои мукаллафияти гражданӣ ва эмансипатсия шуда дар баробари болиғон масъулият доранд. Аммо дар муносибатҳои аз ҳуқуқи ҷиноятӣ, мурофиавии ҷиноятӣ ба вуқӯъоянда ин ҳолат ба инобат гирифта намешавад ва нисбати ӯ имтиёзҳои ба ноболиғ хос татбиқ мегардад.

Масалан, новобаста аз он ки ноболиғ мукаллафияти гражданӣ дорад ё эмансипатсия шудааст, ҳангоми содир кардани ҷиноят дар ин синну сол амалан ноболиғии ӯ эътироф гардида дар мавриди таъини ҷазо ҳолати сабуккунанда ба ҳисоб меравад (м. 61 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон). Ё ин ки новобаста аз мавҷуд будани ҳолатҳои номбурда чунин шахс ноболиғ ҳисоб карда шуда, ҳангоми дар ҳабс нигоҳ доштан ӯ аз калонсолон ҷудо нигоҳ дошта мешавад (м. 420 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Кӯдак бояд дар оилаи солими падару модараш якҷоя бо онҳо зиндагӣ кунад ва тарбия гирад. Дар оила кӯдак аз ҷиҳати ҷисмонӣ пурқувват ва рӯҳан инкишоф меёбад. Барои ҳамин ҳам таъсир ва дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти оилавӣ манъ аст. Агар ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак дар оила халалдор гардад, он гоҳ таъсир ва дахолат ба ӯ имконпазир мегардад. Кодекси оила барои бартараф ва пешгирӣ кардани монеаҳо дар тарбияи кӯдак андешидани баъзе чораҳо ба монанди маҳрум кардан аз ҳуқуқи падариву модарӣ, маҳдуд намудани ҳуқуқи падару модариро пешбинӣ намудааст.

Кӯдак ба ғамхории падару модар ҳуқуқ дорад. Ин ҳуқуқ чунин маъно дорад, ки дар оила бояд шароити мӯътадил барои зиндагӣ ва тарбия бошад. Падару модар якҷоя кӯдакро бояд аз ҷиҳати моддӣ ҳаматарафа таъмин намоянд, таҳсили ӯро ташкил кунанд, бо китобҳо ва маводи дарсӣ таъмин намуда, ба нигоҳ доштани саломатии кӯдак эътибор диҳанд, дар мавриди зарурӣ бо ёрии тиббӣ, доруворӣ ва ғайра таъмин намоянд. Падару модар нисбати фарзандон бояд баробар муносибат намоянд. Дар навбати худ аз рӯи одобу рафтор кӯдак бояд падару модари худро ҳурмату эҳтиром намояд.

Тарбияи дурусти кӯдак эҳтироми шаъни инсонии кӯдакро аз ҷониби падару модар ва дигар аъзои оила дар назар дорад. Ҳангоми тарбия падару модар набояд ба иззати нафси кӯдак расанд. Эҳтиром намудани шаъни инсонии кӯдак дар оила меъёри ҳал намудани баҳсҳо вобаста ба тарбияи кӯдак мебошад. Барои ҳамин ҳам дар оила падару модар нисбати кӯдак ҳуқуқи ба таври мунтазам рафтори дағалона, муомилаи дурушт карданро надоранд. Мавҷуд будани чунин рафтори падару модар нисбати кӯдак шаҳодати халалдор гардидани тарбияи кӯдак шуда, барои татбиқи чораҳо нисбат ба падару модар асос мегардад.

Кӯдаконе, ки бо сабабҳои гуногун (фавти падару модар, аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум кардан ва ғайра) аз оила маҳрум шудаанд, дар ин маврид амалӣ гаштани ҳуқуқи онҳоро ба тарбия давлат ба зимма мегирад. Яке аз роҳҳои таъмин намудани ҳуқуқи кӯдак дар оила ин ба фарзандхонӣ (ба оила) додани кӯдак мебошад. Дар мавриди имконнопазир будани додани кӯдак ба оила ӯ барои тарбия ба муассисаҳои кӯдакона супорида мешавад. Тафсири пурраи ин масъала дар моддаи 124 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудааст.

(Давом дорад)