Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 январи соли 2015) таъкид доштанд, ки «…масъала-ҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунанд». Зарурати ин масъаларо ба инобат гирифта, Сарвари давлат соли 2015-ро «Соли оила» эълон намуд.
Дар робита ба «Соли оила» ва хоҳиши сершумори хонандагон идораи рӯзномаи «Садои мардум» тасмим гирифтааст, ки минбаъд дар саҳифаи дуюми рӯзнома гӯшаи махсусе таъсис дода, зери рубрикаи «2015 — Соли оила» нашри шарҳи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳамин шумора оғоз намояд.
Маводи гӯшаи мазкур бо истифода аз китоби «Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо кӯшиш ва заҳмати зиёди ходимони давлатӣ ва соҳаи илм – академик Маҳмудзода Маҳкам Аъзам ва номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Худоёрзода Бахтиёр Тавар таҳия ва нашр шудааст, сурат мегирад.
Тавре дар муқаддимаи китоб худи муаллифон нигоштаанд: «Тафсири муфассали модда ба моддаи Кодекси оила… тақозои шароити имрӯзаи рушди ҷумҳурӣ бо назардошти сатҳи маърифати ҳуқуқию сиёсии аҳолии Тоҷикистон аст. Ин тафсир аз як тараф хусусияти илмию назариявӣ дошта бошад ҳам, аз ҷониби дигар дар он таҷрибаи судҳои ҷумҳурӣ оид ба баррасии парвандаҳои гражданӣ инъикос ёфта, арзиши амалӣ касб кардааст. Дар тафсир тағйиру иловаҳои солҳои охир ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгашта ба инобат гирифта шудаанд».
Итминон дорем, тафсири Кодекси мазкур барои онҳое, ки ба шарҳи ин ё он масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи оила эҳтиёҷ доранд, муфид хоҳад буд.
ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
БОБИ 1. ҚОНУНҲОИ ОИЛА
Моддаи 1. Заминаҳои асосии қонунҳои оила
1. Оила, ақди никоҳ, модар, падар ва кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти муҳофизати давлат қарор доранд.
2. Қонуни оила ба зарурати таҳкими оила, ба бунёди муносибатҳои оилавӣ дар заминаи муҳаббату эҳтироми якдигар, кумаки мутақобила ва масъулияти ҳамаи аъзои оила дар назди оила, раво набудани дахолати беасоси ҳар шахс ба корҳои оила, татбиқи бемонеаи ҳуқуқ ва иҷрои уҳдадориҳои худ аз ҷониби аъзои оила ва имконияти ҳимояи судии онҳо асос меёбад.
3. Танҳо он ақди никоҳе эътироф карда мешавад, ки дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ҷо оварда шудааст. Ақди никоҳе, ки бо расму оини динӣ сурат гирифтааст, эътибори қонунӣ надорад.
4. Танзими муносибатҳои оилавӣ дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ будани ақди никоҳи марду зан, баробарии ҳуқуқи зану шавҳар дар оила, ҳалли масъалаҳои дохилиоилавӣ дар асоси мувофиқаи тарафҳо, афзалияти тарбияи кӯдакон дар оила, ғамхорӣ нисбати некуаҳволӣ ва рушди камоли онҳо, таъмини бештари ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои ноболиғ ва ғайри қобили меҳнати оила сурат мегирад.
5. Ҳангоми издивоҷ ва дар муносибатҳои оилавӣ ҳама гуна шаклҳои маҳдуд кардани ҳуқуқи шаҳрвандон аз рӯи мансубияти иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, забонӣ ё динӣ манъ аст.
6. Ҳуқуқи шаҳрвандон дар оила дар асоси қонунгузорӣ дар бораи оила ва дар ҳадде, ки бо мақсади муҳофизати ҳуқуқ, манфиатҳои қонунӣ, ахлоқ, саломатии дигар аъзои оила ва шаҳрвандон лозим мебошад, маҳдуд карда мешавад.
***
Эълони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инкишофи мустақилонаи минбаъдаи он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои амиқро ба вуҷуд овард. Бахусус дар марҳилаҳои аввали ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд дар баробари иҷрои вазифаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, тағйири вазъи инсон дар сохтори муносибатҳои иҷтимоӣ ва маънавӣ ба таври куллӣ ногузир мегардад.
Дар навбати аввал ин ба оила, чун рукни табиӣ ва асосии ҷомеа дахл дорад. Маҳз аз ҳамин лиҳоз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 33) таъкид месозад, ки оила асоси ҷомеа буда, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад. Ин муқаррарот дар моддаи 10 Муоҳидаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии соли 1966 низ пешбинӣ шудааст: «Ба оила, ки рукни табиӣ ва асосии ҷомеа мебошад, бояд ёрии ҳаддалимкон расонида шавад, махсусан ҳангоми пайдоиши он ва то замоне, ки масъулияти ғамхорӣ дар бораи фарзандони ноболиғ ва тарбияи онҳо бар дӯши он мебошад».
Алҳол мо бештар оид ба мустаҳкам намудани оила ҳарф мезанем, чунки дар ин намуди муносибатҳои ҷамъиятӣ то ҳол ҷой доштани як қатор падидаҳои манфӣ ба назар мерасад. Махсусан беш аз пеш вайроншавии оилаҳо, ки оқибаташ расонидани зарар ба ҷомеа, таъсири манфӣ ба тарбияи кӯдакон, ҳолати рӯҳии марду зан ва фаъолияти ҷамъиятию меҳнатии онҳост, боиси ташвиш аст.
Маълумоти омории солҳои охир дар Тоҷикистон оид ба қатъ гардидани ақди никоҳ гувоҳи ин фикр аст. Бо вуҷуди чорабиниҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ баҳри ҳифз ва таҳкими оила қатъи ақди никоҳ ҳанӯз ҳам дар ҷумҳурӣ афзуда истодааст.
Бояд зикр кард, ки дар ин давраи сарнавиштсоз масъалаи аз рӯи принсипҳои ахлоқи ҷамъиятӣ ташкил ёфтану устувор гаштани ақди никоҳ, оила ва муносибатҳои оилавӣ, дар рӯҳи садоқат ба Ватан, халқ, муносибати бошуурона ба заҳмати муфиди ҷамъиятӣ тарбия кардани насли наврас эътибори махсусро тақозо менамояд, зеро пешрафти иҷтимоии ҷомеа, таркиби сифатии аҳолӣ ба устувории оила вобастагӣ дорад.
Тақдири никоҳшавандагон, ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо ҳамеша дар маркази диққат ва ғамхории давлат қарор дорад. Бо ин мақсад давлат қайди давлатии ақди никоҳро муқаррар намудааст. «Ҳуқуқу уҳдадориҳои зану шавҳар аз лаҳзаи дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайди давлатӣ гирифтани ақди никоҳ ба миён меояд», — гуфта шудааст дар қисми 2 моддаи 10 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Қайди ақди никоҳ бо мақсадҳои ҳифзи манфиатҳои давлатӣ, муҳофизати ҳуқуқҳои шахсию молумулкӣ, манфиатҳои зану шавҳар ва фарзандон муқаррар карда мешавад. Ақди никоҳ дар мақомоти САҲШ-и ҷои истиқомати яке аз тарафҳои ба ақди никоҳ дохилшаванда дар ҳузури ҳар ду тараф ё ҷои истиқомати падару модарони онҳо ба қайд гирифта мешавад.
Сабти ақди никоҳ имконият медиҳад, ки муносибати ҳамсариро аз дигар муносибатҳои ҷамъиятӣ бо хусусияти фарқкунандааш ҷудо созем.
Зарурати сабти давлатии ақди никоҳро бо мазмуни васеътар дарк намудан зарур аст, зеро он муносибати ҳамсариро ба низом дароварда, бар зидди ҳар гуна сабукандешиҳо ва каҷравиҳо дар ташкили оила ҳамчун монеаи ҳуқуқӣ хизмат менамояд. Ақди никоҳ дар шуъбаҳои ноҳиявии (шаҳрии) мақомоти САҲШ, дар шаҳрак ва деҳа бошад, аз ҷониби ҷамоатҳои шаҳрак ё деҳа сурат мегирад. Ақди никоҳҳое, ки аз ҷониби дигар мақомот ба қайд гирифта шудаанд, қувваи қонунӣ надоранд.
Танзими муносибатҳои оилавӣ дар асоси принсипҳои зерин ба амал бароварда мешавад:
а) баробарҳуқуқии зану мард дар ҳалли ҳама масъалаҳои оилавӣ. Ин баробарҳуқуқӣ на танҳо ҳангоми аз ақди никоҳ гузаштан, балки баъд аз ин ҳам нигоҳ дошта мешавад. Онҳо ҳуқуқи баробарии шахсӣ ва молумулкӣ пайдо мекунанд;
б) баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар муносибатҳои оилавӣ сарфи назар аз миллат, нажод ва муносибаташон ба дин. Дар ҷумҳуриямон дар вақти ақди никоҳ ва муносибатҳои оилавӣ аз рӯи аслу насаб, мавқеи иҷтимоӣ ва молу мулкдорӣ, мансубияти нажодӣ ва миллӣ, маълумот, забон, муносибат ба дин, навъ ва характери касбу кор, ҷои истиқомат ва дигар ҳолатҳо ба ягон тарз бевосита ё бавосита маҳдудкунии ҳуқуқ, муқаррар намудани афзалиятҳои бевоситаю бавосита роҳ дода намешавад;
в) муҳофизат ва ҳавасманд кардани модарӣ;
г) ғамхорӣ дар бораи тарбияи фарзандон ва таъмини манфиати онҳо. Падару модарон вазифадоранд фарзандонашонро тарбия намоянд, дар бораи саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқ, дар бораи таълими онҳо ғамхорӣ кунанд, онҳоро ба меҳнати муфиди ҷамъиятӣ тайёр намуда, ҳамчун узви сазовори ҷамъият ба камол расонанд;
д) якканикоҳӣ (моногамӣ). Моҳияти ин принсип дар он зоҳир мешавад, ки ҳар кас фақат дар як ақди никоҳ буда метавонад. Агар ин принсип ҳангоми бастани ақди никоҳ риоя нашуда бошад, ақди никоҳ беэътибор эътироф карда мешавад ва шахси ин қоидаро вайронкарда мумкин ҳатто сазовори ҷазои ҷиноӣ гардад;
е) озодона ва ихтиёрӣ бастани ақди никоҳ;
ж) аз ҳалли масъалаҳои ақди никоҳ ва оила ҷудо будани дин;
з) дар зери назорати давлат озодона бекор кардани ақди никоҳ;
и) аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ масъули ҳамдигар будан, ғамхории ҳамдигарии аъзои оила. «Падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобилияти меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд», — қайд карда мешавад дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Одатан ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар оила маҳдуд карда намешаванд. Аммо дар баъзе ҳолатҳои ҷудогона ҳуқуқҳои шаҳрвандон тибқи қонунгузорӣ дар ҳадде, ки бо мақсади муҳофизати ҳуқуқ, мафиатҳои қонунӣ, ахлоқ, саломатии дигар аъзои оила ва шаҳрвандон лозим мебошад, маҳдуд карда мешавад. Бо ин мақсад дар Кодекси оила баъзе маҳдудиятҳо муқаррар карда шудаанд. Чунончӣ, тибқи моддаи 17 Кодекси оила «шавҳар ҳуқуқ надорад ҳангоми ҳомиладории зан ва дар давоми якуним соли пас аз таваллуди кӯдак бе розигии зан ба суд оид ба бекор кардани ақди никоҳ даъво пешниҳод намояд». Ин меъёри ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, барои ҳимояи манфиатҳои занон ва таъмини саломатии кӯдакони навзод равона карда шудааст.
Мисоли дигар, тибқи моддаи 73 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон суд метавонад бо назардошти манфиати кӯдак дар бораи гирифтани кӯдак аз падару модар (яке аз онҳо) бе маҳрум кардани онҳо аз ҳуқуқи падару модарӣ (маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ) ҳалнома қабул намояд.
Мувофиқи қонунгузории оилавӣ падару модаре, ки ҳуқуқи падару модариашон маҳдуд шудааст, ҳуқуқи шахсан тарбия кардани кӯдак, инчунин имтиёзу ёрдампулии давлатӣ барои шаҳрвандони кӯдакдор муқарраргардидаро аз даст медиҳанд. Инчунин онҳо барои муошират бо кӯдак ба шарте иҷозат дода мешавад, ки агар он ба кӯдак таъсири зарарнок надошта, ба ҳаёту саломатии кӯдак хатарнок набошад.
Маҳдуд кардан ё бекор кардани ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар оила доимӣ нест. Масалан, дар асоси моддаи 26 Кодекси оила дар сурати ҳозиршавии зан ё шавҳаре, ки суд фавтида эълоншуда ё бедарак ғоибшуда эътироф кардааст ва бекор кардани ҳалномаҳои дахлдори судӣ, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ метавонад дар асоси аризаи якҷояи зану шавҳар ақди никоҳро барқарор намояд.
Маҳдуд кардани ҳуқуқи шаҳрвандон марбут ба оила дар дигар соҳаи қонунгузорӣ ба чашм мерасад. Чунончӣ, бо мақсади ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон, пешгирии хароҷотҳои зиёдатӣ ва нигоҳ доштани тозагии анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳангоми гузаронидани расму оинҳои миллӣ баъзе маҳдудиятҳо муқаррар карда шудааст. Масалан, мувофиқи талаботи ин Қонун дар маросимҳои дафну азодорӣ ташкили «оши сари тахта», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «бист», «шашмоҳагӣ» инчунин додани пули нақд ва дигар ашё, ба истиснои ҳаққи хизмати қабркан ва мурдашӯй манъ аст. Қонуни мазкур бо мақсади гирифтани пеши роҳи беҳурматӣ нисбат ба пули миллӣ, пошидан ва часпонидани пулро дар ҷашну маросимҳо манъ кардааст.
Амали ин Қонун дар ҳаёт собит сохт, ки маҳдудиятҳои муқарраршуда барои манфиати мардум равона карда шудааст.