Маҳкам Маҳмудзода
Бахтиёр Худоёрзода
(Идома аз шумораҳои гузашта)
Моддаи 12. Шартҳои ақди никоҳ
1. Барои ақди никоҳ розигии ҳамдигарии марду зани никоҳшаванда ва синни никоҳӣ доштани онҳо зарур аст.
2. Дар сурати мавҷуд будани монеаҳои дар моддаи 14 ҳамин Кодекс зикрёфта ақди никоҳ баста намешавад.
3. Агар яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бошад, шартҳои иловагии зерин талаб карда мешаванд:
- истиқомат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз як соли охир;
- бастани аҳдномаи никоҳ ба таври ҳатмӣ. (ҚҶТ аз 25.03. 2011с., №710).
Барои бастани ақди никоҳ риоя кардани шартҳои муайян зарур мебошад. Яке аз хусусиятҳои муҳими ақди никоҳ аз он иборат аст, ки он ихтиёрӣ баста мешавад. Мувофиқи Конститутсияи ҷумҳурӣ ва моддаи 12 Кодекси оила ақди никоҳ бо розигии зану мард асос меёбад. Азбаски асоси ақди никоҳро розигии ихтиёрӣ ташкил медиҳад, қонун ин озодиро муҳофизат менамояд. Ҳар гуна амали маҷбурӣ барои ақди никоҳ боиси бекор кардани он мегардад.
Вайрон кардани шарти дар боло номбаршуда боиси беэътибор ҳисоб гардидани ақди никоҳ мегардад. Чунонкӣ аз амалияи судӣ маълум мегардад, вайрон кардани ин шарт дар чунин намудҳо дида мешаванд:
а) маҷбур кардан барои ба ақди никоҳ даромадан;
б) бо мақсади на бунёди оила, балки ғаразнок бастани ақди никоҳ;
в) бо ашхоси ғайри қобили амал бастани ақди никоҳ.
Бояд зикр кард, ки маҷбуркунӣ одатан аз ҷониби падару модар, хешовандон, мансабдорон ё яке аз ҳамсарон зоҳир мешавад.
Моҳият ва мазмуни розигӣ додан ба ақди никоҳ дар он ифода меёбад, ки шахс баъди додани розигии худ бояд ба қонунҳои оилавӣ итоат намояд. Инро дар назар дошта, К. Маркс навишта буд: «Ҳеҷ кас ба ақди никоҳ маҷбур карда намешавад, лекин ҳар касеро, ки ба ақди никоҳ даромадааст, маҷбур намудан зарур аст, ки ба қонунҳои никоҳ итоат кунад».
Дар ҷумҳурии мо ақди никоҳ баъзан бидуни майлу хоҳиши никоҳшавандагон баста мешавад, ки оқибат ба носолимии оила, хонавайрониҳо ва дигар оқибатҳои вазнин оварда мерасонад. Тадқиқотҳои дар корхонаҳо ва муассисаҳои Душанбешаҳр, дар судҳои ҷумҳурӣ гузаронидашуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки яке аз сабабҳои зиёд будани талоқи ҳамсарон – мавҷуд будани норозигии яке аз тарафҳо дар бунёди оила мебошад. Сабаби ин тарбияи сусти падару модар, мактаб ва аҳли ҷомеа дар ташаккули иродаи шахсоне, ки ақди никоҳ мебанданд, мебошад. Бинобар ҳамин тайёрии ҳамаҷонибаи ҷавонон ба ақди никоҳ, пеш аз ҳама, яке аз уҳдадориҳои муҳими падару модарон ба ҳисоб меравад.
Аксар падару модарон вазифаи муқаддасу масъули худро аз сидқи дил адо мекунанд. Бинобар ин, ноҳақ онҳоро аз ҳал кардани масъалаҳои хонадоршавӣ дур кардани фарзандон – дар шаъни онҳо беҳурматист. Маслиҳатҳои ғамхорона, панду насиҳатҳои онҳоро қабул кардан лозим аст. Таҷрибаи ҳаёт ба фоидаи ин гувоҳӣ медиҳад. Вале дар баробари ҳамин бояд зикр намуд, ки дар вақти интихоби ҳамсар барои ҳар як ҷавон ақлу хирад ва муддаои дилаш маслиҳатгари асосӣ мебошанд.
Истиқоматкунандаи кӯчаи Заҳматободи шаҳри Душанбе Ҳ. Мирзоеваи 21-сола ва З. Каримови 24-сола ҳамагӣ шаш моҳ хонадорӣ карда, аз суд бо исрор хоҳиш карданд, ки ақди никоҳашонро бекор кунанд. Ҳ. Мирзоева З. Каримовро бо он айбдор кардааст, ки дар муддати зиндагонии якҷоя шавҳараш чандин маротиба ҷанҷол бардошта, дағалӣ кардааст ва ду маротиба «талоқ» гуфтааст. Дар мурофиаи судӣ маълум гашт, ки дар вақташ ин зану шавҳар ҳамдигарашонро надидаву дуруст нашинохта хонадор шудаанд. Онҳоро падару модаронашон интихоб намуда, хонадор кардаанд. Ҳамдигарро дуруст нашинохтаю насанҷида, саросемавор хонадор шудани онҳо оқибат ба ҷудоӣ овард. Барои он ки чунин воқеаҳои нохуш рӯй надиҳанд, ҷавонон пеш аз ба ақди никоҳ розӣ шудан, бояд андеша кунанд, чунки никоҳ на танҳо қонунан расмӣ кардани муҳаббати онҳо, балки маънои дар назди қонун, давлат барои тақдири насли оянда, барои солимӣ, хушбахтӣ ва мустаҳкамии оила масъулиятнок буданро ҳам дорад. Онҳо бояд рафтори худро ҳаматарафа андешидаю санҷида, муҳаббати поку ҳақиқиро аз шавқу ҳаваси булҳавасӣ боло гузоранд. Аксари ҷавонон айнан ҳамин тавр рафтор карда, соҳиби оилаҳои хушбахт мешаванд ва намунаи ибрати дигарон мебошанд.
Шарти дигари бастани ақди никоҳ бо монеаҳои муайян вобаста аст, ки он дар моддаи 14 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст. Дар ин бора ба таври муфассал нигаред ба тафсири моддаи зикргардида.
Дар қисми сеюми моддаи тафсиршаванда қонунгузор ду шарти бастани ақди никоҳро пешбинӣ менамояд. Яке аз ин шартҳо нисбати шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд муқаррар гардидааст.
Тибқи талаботи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шаҳрванди хориҷӣ — шахсе, ки шаҳрванди давлати хориҷӣ аст ва шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро надорад, шахси бешаҳрванд бошад — шахсе, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон нест ва далелҳои мавҷудияти шаҳрвандии давлати дигарро надорад.
Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд қабл аз муроҷиат кардан ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ барои бастани ақди никоҳ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз як соли охир истиқомат дошта бошад. Муҳлати муқарраршудаи истиқомати шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд бо маълумотномаҳои дахлдори мақомоти корҳои дохилӣ тасдиқ мегардад.
Шарти дигари бастани ақди никоҳ бо иштироки шахсони зикргардида аз он иборат аст, ки онҳо ҳатман бо никоҳшавандаи дигар – шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳдномаи никоҳ банданд. Дар бораи тартиби бастани аҳдномаи никоҳ ва хусусиятҳои он ба таври муфассал дар тафсири моддаи 41 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шудааст.
(Давом дорад)