Маҳкам Маҳмудзода
Бахтиёр Худоёрзода
(Идома аз шумораҳои гузашта)
Моддаи 14. Ҳолатҳое, ки монеаи ақди никоҳ мегарданд
Ақди никоҳ байни шахсони зерин манъ аст:
- байни шахсоне, ки яке аз онҳо дар ақди никоҳи дигари бақайдгирифташуда қарор дошта бошад;
- байни бародарону хоҳарони айнӣ ва ӯгай (ки аз як падар ё модаранд);
- байни фарзандхондагон ва фарзандхондшудагон;
- байни шахсоне, ки суд яке аз онҳоро бо сабаби бемории рӯҳӣ ё сустақлиаш (ноқисулақлиаш) ғайри қобили амал эътироф кардааст;
- байни шахсоне, ки суд яке аз онҳоро бо сабаби суиистифодаи нӯшокиҳои спиртӣ ё маводи нашъадор дорои қобилияти маҳдуди амал эътироф намудааст.
Аз рӯи муқаррароти Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандии модар бо шаҳрвандии падар қурби баробар дорад. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати бастани созиши ақди никоҳ дар ҳаққи шахсе, ки ба синни никоҳ нарасидааст, инчунин дар ҳолати бастани ақди никоҳ бо ҳамин гуна шахс ҷавобгариро муайян кардааст. Мувофиқи Кодекси ҷиноятӣ дар ҳолати ноболиғро ба шавҳар додани падару модар ё касоне, ки духтар таҳти васояти онҳост ё шахсоне, ки духтар тобеи онҳо мебошад, инчунин барои далолат кардан ё мусоидат намудан барои ба шавҳар додани духтари ноболиғ ҷавобгарии ҷиноӣ муқаррар карда шудааст.
Якканикоҳӣ шакли пешқадами ақди никоҳ дар тамаддуни башарӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ин ақди никоҳ шахс худро хушбахт ҳисоб карда, ба дигарон низ хушбахтиҳо меоварад. Аммо ашхосе пайдо мешаванд, ки ин талаботи қонунро вайрон карда, сабабгори рух додани ҳар гуна оқибатҳои номатлуб мегарданд. Чунин хавфро дар назар дошта, моддаи 170 КҶ ҶТ барои бисёрникоҳӣ, ки боқимондаи урфу одатҳои замони кӯҳна мебошад, ҷазои ҷиноӣ пешбинӣ кардааст. Бояд гуфт, ки барои шахсро ба ин ҷиноят гунаҳкор шуморидан шарт нест, ки мард бо ду ё якчанд зан ақди никоҳ дошта бошад. Аломати асосии ҷиноят бо ду ё зиёда зан зиндагонӣ карда, бо онҳо хоҷагии умумӣ доштан мебошад.
Ҳамин тавр, қонунҳои оилавӣ принсипи якканикоҳиро дастгирӣ намуда, ба ҳар як ҷавони болиғ иҷозат медиҳанд, ки фақат як зан (як шавҳар) дошта бошад.
Ақди никоҳ дар байни бародарону хоҳарони ҳамтана ва ӯгай, инчунин дар байни ба фарзандӣ қабулкардагон ва қабулшудагон низ манъ аст. Ақди никоҳи хешовандон на танҳо аз нуқтаи назари маънавӣ, балки биологӣ низ номумкин аст. Илми тиб муқаррар кардааст, ки ақди никоҳи хешовандон ба насли онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Кӯдакони аз ин ақди никоҳ таваллудшуда мурда ба дунё меоянд ё умри дароз намебинанд ва ё гирифтори ягон касалии вазнин мешаванд. Масалан, хатари ба касалии ДАУН гирифтор шудани кӯдаки аз ақди никоҳи хешу таборони наздик таваллудёфта нисбат ба кӯдакони аз ақди никоҳи муқаррарӣ таваллудшуда ду маротиба зиёдтар мебошад.
Беҳуда дар урфият нагуфтаанд, ки «бо хешовандон қудо шудӣ – ҷудо шудӣ». Бо вуҷуди ин дар ҷумҳурӣ ақди никоҳи байни писарону духтарони амаку тағо ва аммаю тағо баста мешаванд. Оқибат, баъзан барҳамхӯрии як оила сабаби вайроншавии оилаҳои дигар мешавад. Ба фикри мо, ақди никоҳи ин шахсонро қонун бояд манъ намояд.
Дар адабиёти ҳуқуқӣ оид ба ақди никоҳи байни хешу таборони наздик ва оилаи бе қайди ақди никоҳ (яъне ақди никоҳи воқеӣ) пайдошуда фикрҳои мухталиф баён шудаанд. Аксари олимон дар чунин ақидаанд, ки ин гуна ақди никоҳҳо бояд манъ карда шаванд. Аммо дар қонун оид ба ин масъала чизе гуфта нашудааст. Хуб мешуд, ки дар оянда ин масъала ҳал гардад.
Мувофиқи қонун манъ кардани ақди никоҳи шахсони ба фарзандӣ қабулкарда ва қабулшудагон ба он асос меёбад, ки байни онҳо чунин муносибатҳое ба вуҷуд меоянд, ки онҳо ба муносибатҳои падару модару фарзандон баробар ҳисоб карда мешаванд. Ғайр аз ин, ақди никоҳи байни онҳо аз рӯи қоидаҳои ахлоқӣ ҳам ғайриимкон аст.
Ақди никоҳ байни шахсоне, ки яке аз онҳоро суд бинобар бемории рӯҳӣ ё сустақлӣ ғайри қобили амал донистааст, роҳ дода намешавад. Исботи дар асоси бемории рӯҳӣ ё сустақлӣ ғайри қобили амал донистани шахс ҳалномаи эътибори қонунӣ доштаи суд мебошад. Ин манъкунӣ ба он мулоҳиза асос ёфтааст, ки ҳаёти оилавӣ бо чунин шахс номуътадил хоҳад буд. Шахсе, ки ғайри қобили амал эътироф шудааст, ба ҳаракатҳои худ ҷавоб дода наметавонад ва аз ин рӯ, ҳангоми бастани ақди никоҳ иродаи мустақили худро ифода карда наметавонад. Манъ кардани ақди никоҳ бо чунин ашхос ба мақсади ҳифзи саломатии насли наврас ҳам равона карда шудааст.
Ғайри қобили амал будани шахс ба шарте монеаи ақди никоҳ мегардад, ки агар то лаҳзаи қайди ақди никоҳ ошкор шуда бошад. Агар ин ҳолат баъди қайд ошкор шавад, ин асос барои талоқ мешавад. Бо мақсади таъмин кардани саломатӣ бо хоҳиши яке аз тарафҳо, никоҳшавандагон аз муоинаи тиббӣ гузаронида мешаванд.
Бояд зикр намуд, ки сустақлӣ ё касалии рӯҳӣ худ аз худ монеаи ақди никоҳ шуда наметавонад. Ин гуна шахсон бояд бо ҳалномаи суд ғайри қобили амал эътироф карда шуда бошанд.
Инчунин ақди никоҳ байни шахсоне, ки суд яке аз онҳоро бо сабаби суиистифодаи нӯшокиҳои спиртӣ ё маводи нашъаовар дорои қобилияти маҳдуди амал эътироф намудааст, мебошад. Яъне, ҳолати номбурда монеаи бастани ақди никоҳ аст.
Бо сабаби суиистифодаи нӯшокиҳои спиртӣ ва маводи нашъаовар маҳдуд кардани қобилияти амали шаҳрвандро моддаи 31 КГ ҶТ пешбинӣ кардааст. Тартиби маҳдуд намудани қобилияти амалкунии шахсро бошад, КМГ ҶТ (боби 31, моддаҳои 285-287) муайян намудааст. Аз рӯи талаботи он аризаҳо бо тартиби пешбурди махсус баррасӣ мегарданд.
Маҳдуд кардани қобилияти амалкунии шаҳрванд бинобар суиистифодаи нӯшокиҳои спиртӣ ва маводи нашъаовар ба салоҳияти суд дода шудааст. Танҳо бо ҳалномаи ба қувваи қонунӣ даромадаи суд маҳдуд кардани қобилияти амали шахс эътироф мегардад. Дар ин маврид КО ҶТ (банди 5 моддаи 14) ба ақди никоҳ даромадани чунин шахсонро манъ менамояд. Талаботи қонун дар ин мавзӯъ пурра асоснок аст. Дар аввал чунин шахсон оилаи пурраро ташкил дода наметавонанд, чунки принсипҳои ташкили оила (ниг. ба тафсири моддаи 1) барои онҳо бегонаанд. Таҷрибаи судӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки суиистифодаи нӯшокиҳои спиртӣ ва маводи нашъаовар аз ҷониби падару модар (яке аз онҳо) яке аз сабабҳои қатъ гардидани ақди никоҳ, аз тарбия ва таъминоти ҳаматарафаи падару модар (яке аз онҳо) маҳрум гардидани кӯдак ва дигар оқибатҳои манфӣ дар оила оварда мерасонад. Ғайр аз ин, таҷрибаи ҳаёт нишон медиҳад, ки чунин шахсон аз тарбия ва таъмини кӯдак пурра даст мекашанд. Дигар ин ки нисбати чунин шахсони қобилияти амалаш маҳдуд карда парастор таъин карда мешавад. Шахси таҳти парасторибуда дар ҳамаи фаъолияташ озод нест, аз он ҷумла эҳтимол аст, ки аз уҳдаи ташкил додани оилаи солим барояд. Барои ҳамин ҳам қонунгузор пешакӣ ба ташкил шудани чунин оилаҳои носолим роҳ намедиҳад.
Агар ҳангоми бастани ақди никоҳ ҳатто яке аз шартҳои дар боло зикршуда риоя нашуда бошад ҳам, ақди никоҳ беэътибор ҳисоб карда шуда, оқибатҳои ҳуқуқиро ба вуҷуд намеоварад.
(Давом дорад)