Маҳкам Маҳмудзода
Бахтиёр Худоёрзода
(Идома аз шумораҳои гузашта)
Моддаи 15. Муоинаи тиббии шахсони издивоҷкунанда
1. Муоинаи тиббии шахсони издивоҷкунанда, инчунин додани машварат доир ба масъалаҳои тиббию генетикӣ ва масъалаҳои солимгардонии оила аз ҷониби муассисаҳои давлатии тандурустии маҳали истиқомати онҳо ба таври ройгон (бепул) ва танҳо бо ризоияти шахсони издивоҷкунанда анҷом дода мешавад.
2. Натиҷаҳои муоина сирри тиббӣ буда, ба шахси дигари издивоҷкунанда танҳо бо ризоияти шахси муоинашуда маълум гардонида шуданаш мумкин аст.
3. Агар яке аз издивоҷкунандагон аз дигаре ба бемории венерикӣ ва ё Вируси норасоии масунияти одам ва бемории муҳассали норасоии масуният мубтало будани худро пинҳон дорад, шахси дигар (охирин) метавонад ба суд муроҷиат карда, беэътибор донистани ақди никоҳро талаб намояд (моддаҳои 28-31 ҳамин Кодекс).
Бори нахуст дар қонунгузории оилавии ҷумҳурӣ институти муоинаи тиббии шахсоне ворид шудааст, ки ақди никоҳ ба ҷо оварданиянд. Мақсад аз ворид намудани муқаррароти ин модда қабл аз ҳама – ташкил намудани оилаи солим ва ба дунё овардани насли солим аст. Ин мақсад вақте амалӣ мегардад, ки агар никоҳшавандагон аз вазъи саломатии ҳамдигар на аз натиҷаи суҳбатҳои муқаррарӣ, балки аз натиҷаи муоинаи дақиқи тиббӣ огоҳ шуда, аз бунёди оилае, ки боиси бадбахтиҳои минбаъда хоҳад гашт, худдорӣ кунанд. Ғайр аз ин, қисми аввали моддаи мазкур додани машварат доир ба масъалаҳои тиббию генетикӣ ва танзими оиларо дар назар дорад, ки барои ҳаёти якҷояи хушбахтонаи ақди никоҳшавандагон заминаи муҳим ба шумор меравад. Бо назардошти вазъи кунунии иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, дар сатҳи паст қарор доштани маърифати тиббии аҳолӣ ба эътибори буҳрони сахти ин соҳа ба Кодекси оила дохил намудани ин меъёри ҳуқуқӣ аҳамияти актуалӣ пайдо кардааст. Муқаррароти моддаи мазкур характери пешгирикунанда дорад, зеро мавҷудияти беморие, ки саломатии никоҳшавандаи дигарро зери хавф мегузорад, боиси дер ё зуд вайрон шудани оила гашта, рушди ҷомеаро халалдор месозад. Беҳуда дар урфият нагуфтаанд: оила солим бошад, ҷомеа низ солим хоҳад буд. Муоинаи тиббии шахсони никоҳшаванда комилан ихтиёрист ва танҳо бо ризоият ва майлу хоҳиши худи издивоҷкунандагон ба амал бароварда мешавад.
Дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон ҳам муоинаи тиббии шахсони издивоҷкунанда ва ҳам додани машварату маслиҳат оид ба масъалаҳои тиббию генетикӣ, дигар масъалаҳои солимгардонии оила, ки мувофиқи қисми аввали ҳамин модда аз ҷониби муассисаҳои давлатии тандурустии ҷои истиқомат бепул, яъне аз ҳисоби давлат таъмин карда мешавад, бинобар рушди ноустувори муассисаҳои тиббӣ дар маҳалҳо, ба таври зарурӣ маблағгузорӣ нашудани онҳо, набудани таҷҳизоти ҳозиразамон барои ташхис ва дигар сабабҳои объективӣ хеле душвору мураккаб ба назар мерасад ва он яке аз ҳуқуқҳои асосии шаҳрвандонро ба издивоҷ ва ташкили оила маҳдуд менамояд.
Мақомоти тандурустие, ки ба муоинаи тиббии никоҳшавандагон ва додани маслиҳатҳо уҳдадоранд – дармонгоҳҳои ноҳиявию шаҳрӣ, машваратхонаҳои занона, шуъбаҳои табобатгоҳҳо, донишкадаҳо ва марказҳои тиббӣ, хулоса, дилхоҳ муассисаҳои тиббии давлатие ба шумор мераванд, ки дорои мутахассисони зарурӣ буда, ба пешбурди муоинаҳои номбурда салоҳият дошта бошанд. Банди дуюми моддаи 23 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардааст, ки «ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ, истифода ва паҳн кардани маълумот оид ба ҳаёти шахсии инсон бе ризоияти ӯ манъ карда мешавад». Қисми дуюми моддаи тафсиршаванда аз ҳамин муқаррароти Қонуни асосӣ сарчашма гирифтааст, зеро ҳангоми муоинаи тиббии шахсони издивоҷкунанда паҳн кардани маълумот оид ба саломатии онҳо, дахолат ба паҳлуҳои дохилӣ ва маҳрамонаи ҳаёти шахсии онҳо ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, Кодекси оила пешбинӣ кардааст, ки натиҷаҳои муоина сирри тиббӣ буда, ба шахси дигари издивоҷкунанда танҳо бо ризоияти шахси муоинашуда маълум карда шуданаш мумкин аст. Натиҷаҳои муоинаи ҳар яке аз ҳамсарони оянда сирри тиббӣ ё сирри касбии табибон буда, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ» (15 майи соли 1997 қабул шудааст) маълумот оид ба муроҷиати шаҳрванд барои кумаки тиббӣ, аҳволи саломатии шаҳрванд ва ташхиси бемории ӯ, дигар маълумоте, ки ҳангоми муоина ва табобати ӯ ба даст омадааст, маҳсуб мешавад. Дар маҷмӯъ, риоя накардани моддаи тафсиршаванда дар як вақт маънои риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ»-ро дорад. Ташхиси тиббии никоҳшавандагонро қонунҳои як зумра давлатҳои хориҷӣ низ пешбинӣ кардаанд, дар баъзеи онҳо иҷрои ин амал ҳатмӣ шуморида мешавад. Масалан, дар Фаронса пешниҳод намудани гувоҳномаи тиббӣ ҳатмист, ҳарчанд ки маводи гувоҳнома ба ҷониби дигар хабар дода намешавад.
Мавҷуд будани бемории венерикӣ, Вируси норасоии масунияти одам ва бемории муҳассали норасоии масуният, ВИЧ — инфексия худ аз худ барои амалӣ намудани қайди ақди никоҳ асос шуда наметавонад. Танҳо дар он ҳолат, ки агар яке аз тарафҳо мубтало буданашро ба бемориҳои номбурда аз тарафи дигар, яъне ҳамсари ояндааш пинҳон кунад, дар он маврид ӯ метавонад оид ба беэътибории ақди никоҳ ба суд муроҷиат намояд. Ҳамин тавр, асос барои муроҷиат ба суд оид ба беэътибории ақди никоҳ на далели бемории яке аз тарафҳо, балки факти пинҳон доштани он беморӣ аз никоҳшавандаи дигар аст. Маълум, ки бемориҳои венерикӣ, ВИЧ-инфексия чун қоида, ба воситаи алоқаи ҷинсӣ сироят мешаванд ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 125-126) барои чунин амалҳои хавфнок ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ кардааст. Аз ин рӯ, баъзе муҳаққиқон бар он ақидаанд, ки ба эътибори ба ҷомеа хатар доштани шахсоне, ки ба бемории Вируси норасоии масунияти одам ва бемории муҳассали норасоии масуният ё худ инфексияи ВИЧ гирифторанд, бояд қоидаи маълуми нигоҳ доштани сирри касбии тиббӣ сарфи назар карда шавад ва тарафи дигар аз ин сир ҳатман огоҳ бошад.
(Давом дорад)