Маҳкам Маҳмудзода
Бахтиёр Худоёрзода
(Идома аз шумораҳои гузашта)
Моддаи 21. Бекор кардани ақди никоҳ дар суд
1. Ақди никоҳ аз тарафи суд дар сурати фарзандони ноболиғ доштани зану шавҳар, ба истиснои ҳолатҳои дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» пешбинигардида ё дар сурати ба бекор кардани ақди никоҳ розӣ набудани зан ё шавҳар, бекор карда мешавад.
2. Ақди никоҳ бо тартиби судӣ, инчунин дар ҳолатҳое, ки зан ё шавҳар бо вуҷуди мухолиф набуданашон аз бекор кардани ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ саркашӣ менамояд (ариза додан намехоҳад ё барои сабти бекор кардани ақди никоҳ ҳозир намешавад ва ғайра), бекор карда мешавад.
Дар қонун сабабҳои бекор кардани ақди никоҳ (талоқ) пешбинӣ нашудааст. Агар суд муқаррар кунад, ки минбаъд зиндагонии якҷояи зану шавҳар ва нигоҳ доштани оила имконнопазир гаштааст, барои бекор кардани ақди никоҳ ҳалнома мебарорад. Санҷиши амалиёти судӣ исбот менамояд, ки сабабҳои вайроншавии ақди никоҳ – паст будани маданияти ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ мебошад, ки дар шаклҳои манфури бадмастӣ, пулу чизпарастӣ, қаллобӣ, бемасъулиятӣ ва дигар амалиётҳои манфӣ зоҳир мешавад.
Бо роҳи судӣ парвандаи бекор кардани ақди никоҳ:
а) байни ҳамсароне, ки аз ҳамин ақди никоҳ фарзанди ноболиғ доранд;
б) байни ҳамсароне, ки барои бекор кардани ақди никоҳашон розӣ мебошанд, аммо доир ба тақсимоти чизу чора ва алимент баҳс пайдо шудааст;
в) байни ҳамсароне, ки яке аз онҳо барои бекор кардани ақди никоҳ розӣ нест;
г) байни ҳамсароне, ки аз ҳамин ақди никоҳ фарзанди ноболиғ надоранду барои бекор кардани ақди никоҳ розӣ нестанд, аммо барои ба расмият даровардани талоқашон ба САҲШ намеоянд баррасӣ мешавад.
Барои талоқ ба суд танҳо худи ҳамсарон, яъне яке аз онҳо ё ҳар ду даъво пешниҳод карда метавонанд. Аммо мувофиқи қонунгузорӣ шавҳар бе розигии зан барои оғози парванда дар бораи талоқ дар давраи ҳомиладории зан ва дар давоми якуним соли баъди таваллуди кӯдак ҳуқуқ надорад. Ин қоида ҳангоми мурда таваллуд шудани кӯдак ё якунимсола нашуда мурдани кӯдак ҳам амал мекунад. Зан бошад, дар ин давра барои талоқ ба суд даъво пешниҳод карда метавонад.
Аз рӯи қоидаи умумӣ парванда оид ба талоқ дар маҷлиси ошкорои судӣ баррасӣ мегардад. Аммо агар мурофиа барои зану шавҳар ҷиҳати маҳрамона дошта бошад, аз рӯи хоҳиши онҳо бояд дар маҷлиси пӯшида баррасӣ шавад. Суде, ки талоқро баррасӣ мекунад, метавонад: даъворо қонеъ ё рад намояд; ба зану шавҳар барои оштӣ кардан муҳлат (дар доираи шаш моҳ) таъин карда, мурофиаи судиро мавқуф гузорад. Ҳангоми баровардани ҳалнома дар бораи талоқ барои ҳимояи манфиатҳои фарзандони ноболиғ, зан ё шавҳари қобилияти меҳнат надошта суд метавонад:
а) муайян намояд, ки кадоме аз фарзандон дар назди кадоме аз талоқшавандагон мемонад;
б) инчунин барои таъминоти фарзандон аз падар ё модар ё ҳар ду чӣ қадар маблағ рӯёнида мешавад;
в) масъалаи барои таъминоти зан ё шавҳари эҳтиёҷманди қобилияти меҳнат надошта рӯёнидани маблағро ҳал кунад;
г) бо хоҳиши зану шавҳар ё яке аз онҳо молу мулкашонро, ки моликияти умумии онҳо мебошад, тақсим намояд.
(Давом дорад)