Маҳмудзода Маҳкам Аъзам
Худоёрзода Бахтиёр Тавар
Моддаи 2. Муносибатҳое, ки бо қонунҳои оила танзим мегарданд
Қонунҳои оила шарт ва тартиби ақди никоҳ, қатъ ва беэътибор донистани онро муқаррар менамоянд, муносибатҳои шахсии ғайриамволӣ ва амволиеро, ки дар оила миёни зану шавҳар, падару модар, фарзандон, дигар аъзои оила ба миён меоянд, муносибатҳое, ки вобаста бо фарзандхонӣ, васояту парасторӣ, ба тарбия гирифтани кӯдакон ба миён меоянд, тартиби сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва муносибати дигари оилавиро танзим менамоянд.
Ҳуқуқи оилавӣ маҷмӯи (системаи) меъёрҳои ҳуқуқӣ буда, муносибатҳои шахсӣ ва молумулкие, ки бо сабаби ақди никоҳ, таваллуди кӯдак, фарзандхонӣ, хешу таборӣ, ба тарбия гирифтани кӯдак байни шаҳрвандон, шаҳрвандону шахсони ҳуқуқӣ, шаҳрвандону давлат пайдо мешаванд, танзим менамояд.
Вазифаҳои асосии ҳуқуқи оилавӣ аз ҳалли масъалаҳои зерин иборатанд: боз ҳам мустаҳкам кардани оила, ки ба принсипҳои ахлоқии ҷамъият асос ёфтааст; дар асоси иттифоқи ихтиёрии ақди никоҳи зану мард, ҳиссиёти аз ғаразҳои моддӣ, озоди муҳаббати якдигар, дӯстӣ ва эҳтироми тарафайни ҳамаи аъзоёни оила; ҳамаҷониба муҳофизат намудани манфиати модару кӯдак ва таъмини ҳаёти хушбахтонаи ҳар як кӯдак; дар муносибатҳои оилавӣ қатъиян барҳам додани урфу одат ва расму оинҳои зарарноки замони гузашта; парваридани эҳсосоти баланди масъулият дар назди оила. Моҳияти ин вазифаҳои ҳуқуқи оилавӣ мақсади сиёсати давлатро оид ба ғамхорӣ дар ҳаққи инсон, дар бораи саодатмандӣ ва хушбахтии ӯ ифода менамояд.
Ҳуқуқи оилавӣ, мисли дигар соҳаҳои ҳуқуқ предмети худро дорад. Предмети ҳуқуқи оилавӣ – ин маҷмӯи муносибатҳои ҷамъиятие мебошанд, ки дар натиҷаи бастан ё бекор кардани ақди никоҳ, таваллуди кӯдак, хешӣ, фарзандхонӣ, парасторӣ, васоят пайдо мешаванд, тағйир меёбанд ва қатъ мегарданд.
Ин муносибатҳо хислати хоси худро доранд ва онҳо имконият медиҳанд, ки муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ аз дигар намудҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ фарқ кунанд, аз ҷумла аз муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ. Масалан, субъекти ҳуқуқи оилавӣ танҳо шаҳрвандоне, ки доираи онҳоро қонун муайян кардааст (ҳамсарон, падару модарон, фарзандон, фарзандхондагон, парасторону васиён ва ғ.), шуда метавонанд. Субъектони муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ доимо характери ҷиддии индивидуалӣ, ивазшаванда доранд. Ғайр аз ин, муносибати байни субъектони ҳуқуқи оилавӣ бардавом ва эътимоднок мебошанд.
Муносибатҳои ҷамъиятие, ки ҳуқуқи оилавӣ танзим менамояд, мисли предмети ҳуқуқи гражданӣ характери молумулкӣ ё шахсӣ (ғайримолумулкӣ) доштанаш мумкин аст. Аммо вазифаи асосии ҳуқуқи оилавӣ – танзим намудани муносибатҳои шахсии ғайримолумулкӣ мебошад. Он муносибатҳои молумулкие, ки ҳуқуқи оилавӣ танзим менамояд, пурра аз ҳуқуқу вазифаҳои шахсӣ вобастагӣ дорад. Вазифаи асосии ҳуқуқи гражданӣ бошад, танзими муносибатҳои молумулкист. Муносибатҳои шахсии ғайримолумулкиро ба шарте танзим менамоянд, ки агар ба муносибатҳои молумулкӣ вобаста бошад ё махсус бо қонун пешбинӣ шуда бошад.
Ҳамин тавр, ҳуқуқи оилавӣ предмети махсуси танзимкунии худро дорад. Барои он ки ҳуқуқи оилавӣ чун соҳаи мустақили ҳуқуқ шинохта шавад, вай бояд методи худро, яъне усулу равиши махсуси танзим намудани муносибатҳои ҷамъиятиро низ дошта бошад. Методи танзими муносибатҳои ҳуқуқиро худи хислатҳои предмети танзимкунӣ муайян менамояд. Вобаста аз мазмуни амалиёти ба муносибати танзимкунӣ таъсир расонидан методи ҳуқуқи оилавӣ характери рухсатӣ ва вобаста аз шакли амрия – императивӣ (қатъӣ) дорад.
Моддаи 3. Қонунҳои оила ва асноди дигаре, ки меъёрҳои ҳуқуқи оилавиро дар бар мегиранд
1. Қонунҳои оила мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин Кодекс, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи он қабул гардидаанд, иборат мебошанд.
2. Меъёрҳои ҳуқуқи оилавие, ки дар дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дарҷ гардидаанд, бояд ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Кодекс мутобиқ бошанд.
3. Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба амал бароварда мешавад.
4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки тибқи асос ва бо мақсади иҷрои ҳамин Кодекс ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои оилавӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул намояд.
Бе оилаи солим мавҷудияти ҷомеаи солим ғайриимкон аст. Таърихи ташаккул ва инкишофи ҷомеаи башарӣ дар тӯли садсолаҳо ин ҳақиқати бебаҳсро ба ҳукми исбот расонидааст. Муносибатҳои никоҳию оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оила ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ба танзим дароварда мешавад. Қонунгузории оилавӣ, қабл аз ҳама, бинобар зарурати таҳкими оила, ташкили муносибатҳои оилавӣ дар заминаи эҳсоси муҳаббати пок, эҳтиром ва гиромидошти мутақобилаи ҳамсарон, кумаки байниҳамдигарӣ ва масъулияти аъзои оила дар назди якдигар, роҳ надодан ба дахолати худсаронаи ашхоси беруна ба ҳаёти оилавӣ, таъмини бемамониати татбиқи ҳуқуқҳои аъзои оила ва билохира муҳофизати судии онҳо бунёд ёфтааст.
Моддаи 33-юми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, ки дар муносибатҳои оилавӣ зану шавҳар баробарҳуқуқанд, яъне онҳо дорои ҳуқуқҳои баробари шахсӣ ва амволӣ мебошанд.
Қабул шудани Кодекси нави оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозои воқеияти нави иҷтимоӣ буда, дар он дигаргуниҳои муҳиме, ки дар муносибатҳои оилавӣ ба вуҷуд омадаанд, инъикос карда шудаанд. Ин ҳуҷҷати муҳим 13 ноябри соли 1998 дар иҷлосияи Маҷлиси Олӣ қабул шуда, аз 8 фаслу 22 боб ва 178 модда иборат мебошад. Дар Кодекси оила зикр шудааст, ки ин санади ҳуқуқӣ бо мақсади устувории оилаҳо, танзими муносибатҳои оилавӣ дар пояи эҳтирому муҳаббат, ёрии байниҳамдигарӣ ва масъулияти тамоми аъзои оила дар ҳаёти якҷояи оилавӣ, озод будани муҳити оила аз дахолати ашхоси беруна ба корҳои дохилии оила, иҷрои ҳатмии ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ҳар яке аз аъзои оила дар назди ҳамдигар ва инчунин имконияти ҳимояи судии онҳо асос меёбад. Бо назардошти ислоҳоти ҳуқуқие, ки дар ҷумҳурӣ сурат мегирад, дар Кодекси оила меъёрҳои сифатан нави ҳуқуқӣ ғунҷоиш ёфтаанд, ки устуворӣ ва пешрафти оилаҳоро дар шароити нави иҷтимоии ҷумҳурӣ таъмин мекунанд.
Арзиши баланди ин ҳуҷҷат дар он аст, ки қабл аз ҳама дар Кодекси оила таҷрибаи ислоҳоти қонунгузории оилавии мамлакатҳои дуру наздики хориҷӣ, равияҳои ҳозиразамони ҳалли проблемаҳои оила, роҳҳои нигаҳдорӣ ва устувории он бо назардошти шароити нави иқтисодиву иҷтимоии даврони гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ ва рушди ҷумҳурӣ бо роҳи демократия ва бунёди давлати ҳуқуқиву дунявӣ инъикос ёфтааст. Мақсади асосии Кодекси нави оила дар муқаррар намудани муносибатҳои ҳуқуқие зоҳир мешавад, ки ба қаноатмандии пурраву ҳамаҷонибаи манфиати шахсиятҳо, муҳайё кардани шароит барои таъмини ҳаёти бошарафона ва инкишофи озодонаи ҳар узви оила, тарбияи кӯдакон мусоидат мекунанд. Принсипҳои танзими муносибатҳои оилавӣ, аз қабили эътирофи ақди никоҳе, ки танҳо дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ баста шудааст, ихтиёрӣ будани ақди никоҳ, озодии талоқ, баробарии ҳамсарон дар оила, афзалияти тарбияи кӯдакон дар оила, ғамхорӣ оид ба некӯаҳволӣ ва инкишофи ҳаматарафаи онҳо, таъмини ҳимояи афзалиятноки ҳуқуқу манфиатҳои аъзои корношоями оила ба он принсипҳое мувофиқат мекунанд, ки дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ марбут ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дарҷ ёфтаанд.