Маҳкам Маҳмудзода
Бахтиёр Худоёрзода
(Идома аз шумораҳои гузашта)
Моддаи 25. Лаҳзаи қатъ гардидани ақди никоҳ ҳангоми талоқ
1. Ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди холати шаҳрвандӣ аз рӯзи бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ дар китоби сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ дар суд, аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд қатъ мегардад.
2. Бекор кардани ақди никоҳ дар суд бояд дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд, мувофиқи тартиби барои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муқарраргардида ба қайди давлатӣ гирифта шавад. Бекор кардани ақди никоҳ аз лаҳзаи ба қайд гирифта шуданаш барои шахсони сеюм эътибори ҳуқуқӣ дорад.
Баробари қатъи ақди никоҳ ҳама гуна муносибатҳои шахсӣ ва амволии ҳамсарон, ғайр аз муносибатҳое, ки дар қонун таъкид шудаанд, хотима меёбанд. Ақди никоҳҳое, ки дар мақомоти САҲШ қатъ ёфтааст, аз рӯзи бақайдгирӣ дар дафтари қайди санадҳои ҳолати шаҳрвандӣ ҳисоб мешавад. Асосҳо барои қайди талоқ дар мақомоти САҲШ чунинанд: аризаи якҷояи ҳамсароне, ки кӯдакони ноболиғи худӣ надоранд, аризаи яке аз ҳамсарон, агар ҳамсари дигар бо тартиби қонунӣ бедарак ғоибшуда, ғайри қобили амал ё худ аз озодӣ бештар аз се сол маҳрум карда шуда бошад.
Лаҳзаи бекор кардани ақди никоҳ дар суд – ин рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд ба ҳисоб меравад. Бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ дар асоси ҳалномаи суд дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи истиқомати собиқ ҳамсарон (яке аз онҳо) дар асоси иқтибос аз ҳалномаи суд ва аризаи собиқ ҳамсарон (яке аз онҳо) ё аризаи васии ҳамсари ғайри қобили амал ба ҷо оварда мешавад. Дар ҳолатҳое, ки агар яке аз собиқ ҳамсарон дар мақомоти САҲШ бекор шудани ақди никоҳро қайд карда бошад ва ҳамсари дигар ба ҳамин мақомоти САҲШ дертар муроҷиат намояд, маълумот дар бораи ҳамсари собиқ ба сабти бекоркунандаи асноди ҳолати шаҳрванӣ бекор кардани ақди никоҳ, ки пештар тартиб дода шуда буд, дохил карда мешавад (моддаи 44 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»).
Қайд кардан зарур аст, ки ҳангоми дар суд бекор кардани ақди никоҳ, он табиати тасдиқӣ гирифта, барои ҳамсарон ва шахсони сеюм эътибори ҳуқуқӣ дорад. Масалан, барои собиқ ҳамсарон қайди талоқ аҳамияти ҳуқуқӣ дорад, зеро бе гирифтани шаҳодатномаи талоқ онҳо ба ақди никоҳи нав даромада наметавонанд. Барои бақайдгирии давлатии қатъи ақди никоҳ собиқ ҳамсарон бояд боҷи давлатӣ супоранд.
Моддаи 26. Барқарор намудани ақди никоҳ дар сурати ҳозиршавии зан ё шавҳаре, ки фавтида эълон шуда ё бедарак ғоибшуда дониста шудааст
1. Дар сурати ҳозиршавии зан ё шавҳаре, ки суд фавтида эълоншуда ё бедарак ғоибшуда эътироф кардааст ва бекор кардани ҳалномаҳои дахлдори судӣ, мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ метавонад дар асоси аризаи якҷояи зану шавҳар ақди никоҳро барқарор намояд.
2. Агар зан ё шавҳар бо дигаре издивоҷ карда бошад, ақди никоҳ барқарор карда намешавад.
Моддаи мазкур дар қиёс бо Кодекси пешина оид ба никоҳ ва оила тартиби барқарор намудани ақди никоҳро ба таври хеле ҷиддӣ тағйир медиҳад. Ҳозиршавии зан ё шавҳаре, ки аз ҷониби суд фавтида ва ё бедарак ғоибшуда эълон шудааст, ё худ муқаррар кардани ҷои зисти ӯ боиси бекор шудани ҳалномаи дахлдори суд мегардад. Дар асоси Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе, ки дар тӯли як сол аз ҷои зисти ӯ маълумоте вуҷуд надорад, бедарак ғоибшуда шуморида мешавад. Мувофиқи ҳалномаи нави суд қайди вафоти шахси ҳозиршуда, ки пештар фавтида эълон шуда буд, бекор карда мешавад. Ақди никоҳ дар ҳолате аз нав барқарор карда мешавад, ки агар ҳар ду ҳамсар ариза пешниҳод кунанд. Ҳамин тавр, се далел барои барқарор кардани ақди никоҳ зарур аст: а) ҳозир шудани ҳамсар (ё худ маълум шудани ҷои зисти ӯ); б) ҳалномаи нави суд оид ба бекор шудани қарори пешина; в) аризаи ҳарду ҳамсар оид ба хоҳиши идомаи зиндагӣ. Ақди никоҳ ба шарте барқарор карда мешавад, ки ҳамсари дигар ба ақди никоҳи нав надаромада бошад. Барқарорсозии ақди никоҳ дарҳол, бе пешниҳоди муҳлат ва ба ҷо овардани расмият, ба ҷуз аризаи якҷояи ҳамсарон амалӣ карда мешавад.
Хусусияти муҳими дигари ин модда боз дар он аст, ки баъди барқарорсозии ақди никоҳ ҳамсарон аз қайди ақди никоҳи аввал, на аз лаҳзаи барқарор кардани ақди никоҳ дар муносибатҳои оилавӣ қарордошта ҳисобида мешаванд. Аз ин сабаб, молу мулки дар давраи ғоиб будани яке аз тарафҳо ҷамъшуда моликияти умумии онҳо эътироф карда мешавад, ба шарте ки он молу мулк дар давраи то ақди никоҳ ба зан ё шавҳар тааллуқ надошта бошад, ё худ ба воситаи аҳдномаи ҳадя ва ё дар шакли мерос нагузашта бошад.
Қонунгузор ҳолатеро номбар кардааст, ки ҳангоми мавҷуд будани он новобаста аз пайдо шудани шахси фавтида ё бедаракғоибшуда, ки бо қарори суд эълон шуда буд, ақди никоҳи пештараи ӯ бо ҳамсари дигараш барқарор намешавад. Чунин ҳолат ба издивоҷ кардани зан ё шавҳар бо дигаре муқаррар шудааст. Ин талаботи қ. 2 моддаи 26 КО ҶТ бесабаб нест. Зеро ақди никоҳи нави шахси зан ё шавҳараш бо қарори суд фавтида ё бедарак ғоибшуда эълоншуда бо дигаре расмӣ аст ва дар асоси қонун баста шудааст. Яъне ин ақди никоҳ ҳамчун асоси ҳуқуқӣ дошта таҳти ҳифзи қонун аст ва ғайр аз ин мавҷуд будани чунин ақди никоҳ аризаи якҷояи собиқ зану шавҳарро барои барқарор кардани ақди никоҳи пешина истисно мекунад. Агар мабодо зан ё шавҳар бо ҳамсари пайдошудааш, ки пештар фавтида ва ё бедарак ғоибшуда эълон шуда буд хоҳиши барқарор кардани ақди никоҳро пайдо кунад, он гоҳ ақди никоҳи баъдина бо зан ё шавҳари дигараш (ҳамсари дигараш) бояд дар асоси қоидаҳои умумӣ бекор карда шавад. Ин тартиб баҳри ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои тарафи дигари дар ақди никоҳи баъдина буда равон карда шудааст.
Моддаи 27. (Хориҷ карда шуд ҚҶТ аз 29.04.2006с, №183).
(Давом дорад)