Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№99 (3400) 25.07.2015

Маҳкам Маҳмудзода

 Бахтиёр Худоёрзода

(Идома аз шумораҳои гузашта)

Моддаи 33.  Ҳуқуқи зану шавҳар дар интихоби фамилия

1. Зану шавҳар ҳангоми ақди никоҳ дар интихоби фамилия баробарҳуқуқ мебошанд.

2. Интихоби фамилияи зану шавҳар мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» амалӣ карда мешавад.

Мувофиқи м. 33 КО ҶТ зану шавҳар ҳангоми бастани ақди никоҳ дар интихоби фамилия баробарҳуқуқанд. Тибқи моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» зану шавҳар ҳангоми бастани ақди никоҳ аз рӯи хоҳиши худ фамилияи яке аз ҳамсаронро ба сифати фамилияи умумии худ интихоб мекунад ё ҳар кадоми онҳо фамилияи пештараи худро нигоҳ медорад ё ба фамилияаш фамилияи ҳамсари худро илова мекунад. Агар зану шавҳар ё яке аз онҳо фамилияи дутаркиба дошта бошанд, он гоҳ ба ҳам пайвастани фамилияҳо мумкин нест. Масъалаи интихоби фамилия кори ихтиёрии никоҳшавандагон буда, ба таври озод, бидуни дахолати дигарон сурат мегирад.

Амалияи мақомоти САҲШ ва натиҷаҳои тадқиқоти сот­сиологӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳангоми бастани ақди никоҳ аксари занон фамилияи шавҳари худро интихоб менамоянд. Чунончӣ, аз 13280 ақди никоҳе, ки дар хонаи ақди никоҳи Душанбешаҳр сабт шудааст 84,7 фоизи занон насаби шавҳарони худро ҳамчун насаби умумӣ интихоб намудаанд. Хоҳиши зану шавҳар барои доштани як насаб комилан дуруст мебошад ва барои ҳифзи манфиати кӯдакон равона шудааст. Ин хоҳиш махсусан вақти таваллуди кӯдак ҳақ мебарояд.

Бояд дар назар дошт, ки агар яке аз ҳамсарон фамилияро дигар карданӣ бошад, фамилияи шахси дуюм ба таври фаврӣ тағйир намеёбад, фамилияро танҳо бо хоҳиши соҳиби он дигар кардан мумкин аст.

Ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ ҳамсарон метавонанд фамилияи худро тағйир диҳанд. Талоқи як қатор муносибатҳои ҳуқуқии байни зану шавҳар, аз ҷумла ҳуқуқ ба фамилияро қатъ мегардонад. Шавҳар ё зан ҳангоми қайди талоқ дар мақомоти САҲШ фамилияи пештараи худро баргардонида метавонад. Баъзан ҳолатҳое ҳам мешаванд, ки яке аз ҳамсарон барои нигоҳ доштани насаби дар вақти бастани ақди никоҳ интихобкардаи ҳамсари дигар мамониат мекунанд. Исматов Г. ба суди ноҳияи Фрунзеи (ҳозира н.А.Сино) ш. Душанбе перомуни бекоркунии ақди никоҳ бо ҳамсараш Исматова И. даъво кард. Сабаби ҷудошавӣ ӯ хиёнати занашро асос овард. Дар ҷараёни мурофиаи судӣ ин асос тасдиқ гардид. Суд перомуни бекоркунии ақди никоҳ қарор баровард. Ҳангоми гирифтани шаҳодатномаи талоқ Исматова И. аз мақомоти САҲШ хоҳиш намуд, ки ба ӯ насаби шавҳараш, ки ҳангоми бастани ақди никоҳ интихоб карда буд, нигоҳ дошта шавад. Исматов Г. қотеъона арз кард, ки занаш минбаъд набояд насаби ӯро дошта бошад. Корманди шуъбаи САҲШ бо дархосту илтимоси Исматов Г. дар шаҳодатномаи талоқ фамилияи пешазникоҳии Исматова И. – Шамсиева З.-ро навишт. Исматова И. аз болои ин амали корманди шуъбаи САҲШ ба идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Душанбе эътироз намуд. Коркунони масъули ин идора амали корманди шуъбаи САҲШ-и ноҳияи Фрунзеро ғайриқонунӣ ҳисобида, талаб намуданд, ки навиштаҷоти аввала бекор карда шуда, дар шаҳодатномаи талоқ фамилияи Исматова И. навишта шавад. Хоҳиши Исматова И. қонеъ карда шуд. Амали мақомоти САҲШ-и пойтахт мувофиқи қонун мебошад, зеро дар м. 45 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» чунин гуфта шудааст, ки: «Ҳамсаре, ки ҳангоми ақди никоҳ насаби худро тағйир додааст, пас аз бекор кардани ақди никоҳ ҳуқуқ дорад бо ризоияти ҳамсари дигар насабшро тағйир надиҳад ё бо талаби ӯ ҳангоми бақайдгирии бекор кардани ақди никоҳ аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ӯ насаби то ақди никоҳ доштааш дода шавад».

 

БОБИ 7

ҲУҚУҚИ АМВОЛИИ ЗАНУ ШАВҲАР

Моддаи 34. Моликияти муштараки зану шавҳар

1. Амволе, ки зану шавҳар дар давраи заношӯӣ ҷамъ кардаанд, моликияти муштараки онҳо мебошад.

2. Даромаде, ки зану шавҳар дар натиҷаи фаъолияти меҳ­натӣ, соҳибкорӣ ва зеҳнӣ ба даст овардаанд, нафақа, ёрдам­пулӣ ва пардохтҳои дигари пулии гирифтаашон, чизҳои харидаашон, қоғазҳои қиматнок, саҳмия, пай ва ҳама гуна амволи манқул ва ғайриманқули дар давоми заношӯӣ ҷамъкардаашон, сарфи назар аз он ки ба номи кадоме аз зану шавҳар харида шудааст (ё маблағ гузаронида шудааст), моликияти муштараки онҳо ҳисоб мешавад.

3. Ҳуқуқ ба амволи муштарак ҳамчунин ба зан ё шавҳаре низ тааллуқ дорад, ки дар давоми заношӯӣ хоҷагиро пеш мебурд, фарзандонро нигоҳубин мекард ё бо сабабҳои узрнок даромади мустақилона надошт.

Мутобиқи талаботи қисмҳои якум ва дуюми моддаи 10 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ақди никоҳ дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ҷо оварда мешавад. Ақди никоҳ аз лаҳзаи дар мақомоти номбурда ба қайди давлатӣ гирифтанаш эътибори қонунӣ мегирад. Яъне пас аз қайди давлатии ақди никоҳ дар байни зану шавҳар муносибатҳои молумулкӣ асоси ҳуқуқӣ пайдо мекунад. Минбаъд дар ҷараёни ақди никоҳ молу мулки якҷоя бадастовардашуда, ки қонунгузории ҷумҳурӣ пешбинӣ намудааст, амволи муштараки зану шавҳар ба шумор меравад ва амволе, ки зану шавҳар дар давраи ҳамзистӣ ҷамъ овардаанд, моликияти умумии онҳо ҳисобида мешавад (қисми якуми моддаи 34 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғайр аз муайян намудани низоми ҳуқуқии молу мулки якҷояи зану шавҳар, инчунин муносибатҳои ба моликияти ҳар кадоме аз зану шавҳар алоқаманд, вазъи ҳуқуқии молу мулки ҳамсаронро, ки дар аҳдномаи ақди никоҳ муайян шудааст, ба танзим медарорад.

Молу мулки зану шавҳар аз кадом сарчашмаҳо ташкил шуданаш мумкин аст? Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин сарчашмаҳо: аз фаъолияти меҳнатӣ – музди меҳнат, аз фаъолияти соҳибкорӣ ва интеллектуалӣ – даромад, инчунин ёрдампулиҳо ва дигар пардохтҳои пулиро дохил намудааст. Молу мулки якҷояи зану шавҳар аз маблағҳои пулӣ, амволи манқул – автомошинаҳои тамғаҳои гуногун, дигар воситаҳои нақлиёт, амволи ғайриманқул – хонаҳои истиқоматӣ, иморатҳо, мебели хона ва монанди онҳо, қоғазҳои қиматнок, вомбаргҳо (облигатсияҳо), барот (вексел), чек, сертификати бонкӣ, коносамент ва ғайра, саҳмияҳо – саҳмияҳои одӣ ва имтиёзнок, пай ва ғайра иборат аст. Ҳамаи амволи номбурда, ки танҳо дар давраи занушавҳарӣ ҷамъ оварда шудаанд, молу мулки муштараки онҳо ба шумор меравад. Ин амвол, новобаста аз он ки ба номи зан ё шавҳар гирифта шудааст, моликияти муштараки онҳо мебошад.

Номгӯи молу мулки якҷояи зану шавҳар, ки дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, маҳдуд нест, чунки ба он намудҳои дигари молу мулк низ дохил шуданаш мумкин аст, ки қонунгузории ҷорӣ пешбинӣ кардааст.

Дар моддаи 239 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қ. 1) моликияти истисноии давлатӣ нишон дода шудааст, ки ба ин моликият замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳаво ва олами ҳайвоноту наботот, дигар боигариҳои табиӣ дохил мешаванд. Аз ҳамин сабаб амволи зикргардида ба моликияти зану шавҳар тааллуқ дошта наметавонанд, чунки онҳо дар муомилоти гражданӣ нестанд. Тамоми намудҳои дигари моликияти манқул ва ғайриманқул дар моликияти зану шавҳар буданаш мумкин аст ва дар нисбати теъдод ва арзиши онҳо ягон хел маҳдудият вуҷуд надорад.

Чӣ тавре ки дар боло қайд кардем, муносибатҳои ҳуқуқӣ роҷеъ ба молу мулки муштарак танҳо дар ҳолати дар ақди ни­коҳи расмӣ будани зану шавҳар пайдо мешавад. Дар мавриди набудани ақди никоҳи расмӣ ва мавҷудияти муносибатҳои ақди никоҳи воқеӣ, яъне зиндагии якҷояи марду зан новобаста аз тӯлонӣ будани он асоси ҳуқуқиро роҷеъ ба молу мулки муштарак ташкил намедиҳад. Дар ин ҳолат муносибатҳои молумулкӣ ба воситаи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Точикистон ба танзим дароварда намешавад. Зану мард дар ин маврид ҳар яке соҳиби молу мулки алоҳидаи худ аст ва нисбати он қонунгузории гражданӣ дар бораи моликияти ҳиссагӣ (боби 17 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми 1) татбиқ мегардад.

Дар шароити ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хос қисми зиёди занони дар ақди никоҳи расмӣ буда, ба пешбурди хоҷагӣ ва нигоҳубини фарзандон машғуланд ва аз ҳамин сабаб, ё бо сабабҳои дигари узрнок даромади мустақилона надоранд. Ҳолати мазкурро Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта, муайян намудааст, ки ҳуқуқ ба амволи муштарак ба ин занҳо низ тааллуқ дорад. Агар зан ба тарбияи фарзандон, пешбурди хоҷагӣ машғул шуда, дар таъминоти шавҳараш бошаду дар ин муддат ҳамсарон соҳиби ҳавлӣ, автомобил ва дигар молу мулк шаванд, он гоҳ новобаста аз надоштани даромади пулӣ зан ба молу мулки номбурда ҳуқуқ дорад. Ин талабот аз мундариҷаи қисми сеюми моддаи 34 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд ва он баҳри ҳимояи ҳуқуқҳои занҳои хонашин равона шудааст.

(Давом дорад)