Маҳкам Маҳмудзода
Бахтиёр Худоёрзода
(Идома аз шумораҳои гузашта)
Моддаи 37. Моликияти муштараки зану шавҳар донистани амволи ҳар кадоми онҳо
Амволи ба ҳар як ҳамсар тааллуқдоштаро метавон моликияти муштараки онҳо донист, агар муқаррар гардад, ки дар давоми заношӯӣ аз ҳисоби амволи умумии зану шавҳар ё амволи шахсии зан ё шавҳар ва ё меҳнати ӯ саҳме гузошта шудааст, (таъмири асосӣ, азнавсозӣ, азнавҷиҳозонӣ ва ғайра), ки дар натиҷаи он арзиши амволи ба ҳар кадоме аз зану шавҳар тааллуқдошта хеле афзудааст, агар дар аҳдномаи байни онҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
Ин муқаррароти моддаи мазкур, ки амволи ба ҳар як ҳамсар тааллуқдоштаро моликияти муштараки онҳо эътироф мекунад, дар таҷрибаи судӣ собиқаи қадима дорад ва он ашёе дар назар дошта мешавад, ки муҳлати тӯлонӣ мавриди истифодаи якҷояи зану шавҳар қарор мегиранд. Ба номгӯи ин ашё – хонаи истиқоматӣ, бӯстонсаро, дигар навъи ашёи ғайриманқулро дохил намудан мумкин аст, ки аз моликияти як ҳамсар ба моликияти муштараки ҳар ду ҳамсар мегузаранд. Барои ин муқаррар кардан лозим аст, ки дар давраи ақди никоҳ арзиши амволи як ҳамсар аз ҳисоби амволи умумии ҳамсарон ё аз ҳисоби саҳми шахсии ҳамсари дигар, маблағ ба меҳнати ӯ ба таври назаррас афзоиш ёфта бошад. Ин муқаррарот ба автомашинаҳо, амволи гаронбаҳо ва дигар таҷҳизоти мавриди истифодаи дурудароз низ дахл дорад. Дар шароити ҳозираи тараққиёти иқтисоди бозаргонӣ ба ин номгӯи амвол корхонаҳо ва муассисаҳои хусусигардонидашударо низ метавон дохил намуд. Албатта, дар масъалаи моликияти зану шавҳар, махсусан суоле «аз кадом лаҳза ашёи номбаршуда ба моликияти муштараки зану шавҳар табдил меёбад?» баҳс пайдо шуданаш мумкин аст. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани баҳс суд он далелро ба эътибор мегирад, ки то чӣ андоза аз ҳисоби ҳамсари дигар вобаста ба таъмири асосӣ, азнавҷиҳозонӣ ва ғайра арзиши ин ё он ашё афзудааст. Агар суд муайян кунад, ки дар ҳақиқат қимати моли як ҳамсар аз ҳисоби маблағу меҳнати ҳамсари дигар ба таври хеле назаррас зиёд шудааст, он гоҳ амволи номбурда моликияти умумии ҳамсарон эътироф карда мешавад.
Моддаи 38. Тақсими амволе, ки моликияти муштараки зану шавҳар мебошад
1. Тақсими амволе, ки моликияти муштараки зану шавҳар мебошад, чӣ дар давоми заношӯӣ ва чӣ баъди талоқ, бо талаби ҳар кадоме аз онҳо, инчунин дар ҳолати аз ҷониби қарздиҳанда талаб кардани тақсими моликияти умумии зану шавҳар барои ситонидани маблағи қарз аз саҳми зан ё шавҳар дар моликияти умумӣ сурат гирифта метавонад.
2. Дар сурати тақсими амволи умумии зану шавҳар дар давраи заношӯӣ он қисми амволи умумие, ки тақсим нашуда буд, инчунин амволе, ки зану шавҳар дар давраи ақди никоҳ ҷамъ кардаанд, моликияти умумии онҳоро ташкил медиҳад.
3. Амволи умумии зану шавҳар метавонад бо созишномаи зану шавҳар дар байни онҳо тақсим карда шавад. Дар ҳолати ба миён омадани баҳс вобаста ба тақсими амволи муштараки зану шавҳар, инчунин муайян намудани саҳми зану шавҳар дар ин амвол он бо тартиби судӣ ҳал карда мешавад.
4. Зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки тақсими пасандоз, саҳмия, ҳисса ва саҳми дар сармояи муассисаи кредитӣ ё ташкилотҳои дигари тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ ба номи яке аз онҳо гузоштаашонро талаб намоянд, агар ин пардохтҳо моликияти муштараки онҳо бошанд.
5. Пасандозҳое, ки зану шавҳар аз ҳисоби амволи умумиашон ба номи фарзандони ноболиғи худ гузоштаанд, амволи мутааллиқ ба фарзандон дониста шуда, ҳангоми тақсими амволе, ки моликияти муштараки зану шавҳар мебошад, ба инобат гирифта намешаванд.
6. Нисбати талаби зану шавҳари ҷудошуда дар хусуси тақсими амволи муштараки онҳо, ки онҳо дар давраи заношӯӣ ҷамъ овардаанд, муҳлати сесолаи даъво истифода мешавад.
Таҷрибаи судӣ гувоҳӣ медиҳад, ки тақсими молумулки умумии ҳамсарон дар ду ҳолат рух доданаш мумкин аст: а) дар ҳолати қатъи ақди никоҳи ҳамсарон; б) дар ҳолати вафоти яке аз ҳамсарон, вақте ки зарурати ба мерос додани моликияти шахсии ҳамсари фавтида ба миён меояд. Ғайр аз ду ҳолати номбурда, тақсими амволи муштараки зану шавҳар ҳангоми дар қайди ақди никоҳ будани ҳамсарон бо тартиби судӣ низ амалӣ шуданаш имкон дорад, агар яке аз ҳамсарон ё қарздиҳандаи ӯ даъво пешниҳод намояд. Дар қонунгузории оилавӣ тақсими амволи якҷояи ҳамсарон бо қатъи ақди никоҳ вобаста карда намешавад, аз ин рӯ, суд ҳангоми дар қайди ақди никоҳ будани ҳамсарон ҳуқуқи рад кардани аризаи даъворо оид ба тақсими моликияти умумии зану шавҳар надорад. Сабабҳои зиёде пеш омаданаш мумкин аст, ки ҳамсарон ба хулосаи тақсими амвол ҳангоми зиндагии якҷоя биёянд. Масалан, яке аз ҳамсарон хоҳиши ба кӯдакон додани ҳиссае аз амволи худро дорад. Ё худ тақсими амвол барои додани қарзҳои шахсияш зарур шудааст, яке аз ҳамсарон бо исрофкориҳои беҳуда машғул мешавад ва ғ. Аз ин хотир, суд ҳуқуқ надорад, ки даъвои тақсими амволро дар сурати ҳанӯз боқӣ мондани ақди никоҳи расмӣ рад намояд. Қонунгузории оилавӣ пешбинӣ намудааст, ки баъди тақсими амвол ҳам ҳамсарон якҷоя дар ақди никоҳ буда метавонанд. Дар ин ҳолат қисми 2 моддаи мазкур пешбинӣ кардааст, ки низоми қонунии моликияти умумӣ ба амволе, ки баъди тақсими моликият ба даст меояд, пурра амалӣ мешавад.
Муқаррароти моддаи мазкур танҳо ба тақсими моликияти якҷояи ҳамсарон, яъне шахсоне дахл дорад, ки дар ақди никоҳи бақайдгирифташуда бошанд ва амволи онҳо дар шакли нақд дар ихтиёри ҳамсарон ё шахсони сеюм бошад. Агар суд муайян кунад, ки яке аз ҳамсарон ба амвол бе ризоияти ҳамсари дигар исрофкорона муносибат карда бошад ё худ миқдоре аз моли умумиро пинҳон карда бошад, дар он ҳолат суд он миқдори мол ва ё арзиши онро ҳангоми тақсимот ба инобат мегирад.
Асосан худи ҳамсарон масъалаи тақсими молу мулкро бе дахолати дигарон ва бо маслиҳати ҳамдигар ҳал мекунанд. Танҳо дар ҳолати ба миён омадани баҳсу низоъ ҳалли масъалаи тақсими амвол ба салоҳияти суд вогузор карда мешавад. Агар ҳамсарон хоҳанд, ки баҳси тақсими амволро якҷоя бо қатъи ақди никоҳ дар як вақт ҳал намоянд, пас суд ба ин баҳс дахл доштани шахсони сеюм (масалан, аъзои хоҷагии деҳқонӣ, ташкилоти хусусигардонидашуда ва ғайра)-ро муайян мекунад. Агар суд ба хулосае ояд, ки шахсони сеюм низ ба баҳси молумулкии ҳамсарон шариканд, пас дар ин маврид даъво дар мурофиаи алоҳида бояд баррасӣ шавад.
Ҳангоми баррасии баҳси ҳамсарон оид ба тақсими амвол суд, пеш аз ҳама, таркиби амволро муайян мекунад. Барои ин ба ҳар як ҳамсар объекти моликият ҷудо карда мешавад, инчунин амволи кӯдакон, ки байни ҳамсарон тақсим карда намешавад. Ба ин ашё моликияте дохил аст, ки барои қонеъ намудани талаботи кӯдакон нигаронида шудааст, инчунин пасандозе, ки ба номи кӯдакон гузошта мешавад. Агар дар аҳдномаи никоҳ низоми моликияти умумӣ, ки бо қонун муқаррар шудааст, тағйир ёфта бошад, пас суд ҳангоми ҳалли баҳси амвол шартҳои аҳдномаи никоҳро ба инобат мегирад. Бо вуҷуди ин, шартҳое ки яке аз ҳамсаронро дар ҳолати хеле ногувор мегузорад (масалан, дар аҳдномаи никоҳ муқаррар шуда бошад, ки яке аз ҳамсарон аз ҳуқуқи моликият ба амволе, ки дар давраи ақди никоҳ ҷамъоварӣ шудааст, маҳрум карда мешавад) бо талаботи ҳамон ҳамсар аз ҷониби суд метавонад беэътибор эътироф карда шавад. Ба таркиби молу мулки ҳамсарон, ки барои тақсим пешниҳод мегардад, инчунин он ҳиссаи амволе, ки дар ихтиёри шахсони сеюм қарор дорад, дохил мешавад. Ғайр аз ин, қарзи умумии ҳамсарон ва ҳуқуқи талаб кардан аз рӯи уҳдадориҳо, ки ба нафъи оила ба вуҷуд омадаанд, дохил карда мешаванд. Инчунин ашёе, ки ҳангоми ҷудо зиндагӣ кардани ҳамсарон ё худ дар давраи қатъи муносибатҳои оилавӣ пайдо шудани амвол низ ҳангоми тақсими молу мулки якҷоя ба эътибор гирифта мешавад. Ба ин ҳолатҳоеро номбар кардан мумкин аст, ки агар яке аз ҳамсарон бо сабабҳои ба ӯ вобастанабуда (масалан, сафари хидматии тӯлонӣ, замони таҳсил ё худ хизмат дар артиш) аз ҳамсараш ҷудо зиндагӣ карда бошад. Баъди муайян кардани таркиби амволи умумӣ суд ҳиссаи ҳар як ҳамсар ва ашёи мушаххасро аз таркиби амволи умумӣ, бо назардошти манфиати онҳо ва манфиати кӯдакон ҷудо мекунад. Агар тақсими ашёи мушаххас вобаста ба саҳми зану шавҳар имконнопазир бошад, он гоҳ суд ба воситаи маблағ ё воситаи дигар арзиши он ашёро ба ҳамсари дигар ҷуброн мекунад. Ғайр аз ин, суд ҳангоми муайян кардани амволе, ки барои тақсими байни зану шавҳар муқаррар шудааст, ҳуқуқ надорад, ки соҳибмулкони амволро аз саҳми қонуниашон маҳрум кунад (масалан, ҳуқуқи моликият ба хонаи истиқоматӣ). Тақсими хонаи истиқоматӣ, ки ба ҳамсарон бинобар ҳуқуқи моликияти умумӣ тааллуқ дорад, дар аксар маврид дар шакли асл амалӣ карда мешавад ва ба моликияти ҳиссагии ҳар кадоме аз ҳамсарон табдил меёбад. Дар ин маврид ихтиёрдории ҳуҷраҳои хонаи истиқоматӣ ва дигар унсурҳои он мувофиқи созиши ҳамсарон ва ё бо ҳалномаи суд амалӣ карда мешавад.
(Давом дорад)