Маҳкам Маҳмудзода
Бахтиёр Худоёрзода
(Идома аз шумораҳои гузашта)
Моддаи 42. Мундариҷаи аҳдномаи никоҳ
1. Зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки бо аҳдномаи никоҳ низоми моликияти муштараки ба молу мулки умумӣ муқаррарнамудаи қонунро (моддаи 34 Кодекси мазкур) тағйир дода, низоми моликияти саҳмиро ба тамоми молу мулки дар давоми ақди никоҳ ҷамъовардаашон ё ба намудҳои алоҳидаи он ё худ ҳама гуна низоми молу мулки умумиашонро, ки ба ҳар яки онҳо тааллуқ дорад, муқаррар намоянд.
Аҳдномаи никоҳ метавонад ҳам нисбати молу мулки мавҷуда ва ҳам нисбати молу мулки ояндаи зану шавҳар баста шавад.
Зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки дар аҳдномаи никоҳ ҳуқуқу уҳдадориҳои худро дар мавриди таъминоти якдигар; тариқи иштирокро дар даромади ҳамдигар; тартиби хароҷоти оиларо аз ҷониби ҳар кадоми онҳо; хароҷоти тарафайни ҷашну маросимҳои оилавӣ ва молу мулкеро муайян намоянд, ки дар сурати бекор кардани никоҳ ба ихтиёри ҳар кадоми онҳо гузошта мешавад, инчунин ҳама гуна муқаррароти дигари марбут ба муносибатҳои молу мулкиашонро дохил намоянд. (ҚҶТ аз 20.03.08с, №382).
2. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои пешбининамудаи аҳднома метавонад бо муҳлатҳои муайян маҳдуд карда шавад ё бо шарти фаро расидан ё фаро нарасидани шароити алоҳида вобаста карда шавад.
3. Аҳдномаи никоҳ наметавонад қобилияти ҳуқуқӣ ё амалии зану шавҳар; ҳуқуқи онҳоро барои муроҷиат ба суд ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳояшон; танзими муносибатҳои шахсии ғайримолумулкии байни зану шавҳар; ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсии зану шавҳарро нисбати фарзандон маҳдуд кунад; муқарраротеро пешбинӣ намояд, ки ҳуқуқи ҳамсари корношоями эҳтиёҷмандро ба таъминот маҳдуд кунанд ва шартҳои дигаре дошта бошад, ки зан ё шавҳарро дар ҳолати ниҳоят ногувор гузоранд ё хилофи асосҳои умумӣ ва мазмуну муҳтавои қонунҳои оила бошанд.
4. Дар аҳдномаи никоҳе, ки яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, бояд шартҳои зерин ба таври ҳатмӣ пешбинӣ карда шаванд:
- муносибатҳои молумулкии тарафҳо, ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо оид ба молу мулк;
- уҳдадориҳои тарафҳо вобаста ба таъмини фарзандон;
- бо манзили истиқоматии шахсӣ таъмин намудани ҳамсар ва фарзандон;
- нигоҳубини ҳамсар корношоями эҳтиёҷманд. (ҚҶТ аз 25.03.2011 с., №710).
Қонунгузор низоми қонунии амволии зану шавҳарро муайян кардааст (боби 7 ҳамин Кодекс). Азбаски аҳдномаи никоҳ танҳо ба муносибатҳои молумулкии зану шавҳар марбут аст, бо аҳдномаи номбурда онҳо низоми ҳуқуқии молу мулкиашонро бо хоҳиши худ метавонанд тағйир диҳанд.
Зану шавҳар низоми ҳуқуқии молумулкиашонро нисбати амволи мавҷуда ва амволи оянда бадастояндаро бо хоҳиши тарафайн вобаста ба манфиатҳои худ метавонанд муқаррар намоянд.
Дар аҳдномаи никоҳ зану шавҳар нисбати тамоми молу мулки дар давоми ақди никоҳ ҷамъоварда ё ба намудҳои алоҳидаи он низоми моликияти саҳмиро муқаррар менамоянд. Ё ин ки онҳо нисбати моликияти то ақди никоҳ ба ҳар яки он тааллуқ дошта ё ба таври ҳадя, мерос гирифта ҳақ доранд, ки дар аҳдномаи никоҳ низоми ҳуқуқии онро тағйир дода, ба хоҳиши худ дигар низоми ҳуқуқиро муқаррар намоянд. Масалан, онҳо метавонанд ба он амвол низоми ҳуқуқии молу мулки якҷояи зану шавҳарро муносиб донанд.
Ғайр аз ин, тарафҳо ҳуқуқи дар аҳдномаи никоҳ якбора муқаррар намудани якчанд низоми ҳуқуқии молу мулкиашро пешбинӣ намоянд. Яъне, онҳо баъзе аз молу мулкро ба низоми моликияти якҷоя, дигареро ба низоми молу мулки саҳмӣ ва сеюмиро ба низоми амволии ҳар кадоме аз зану шавҳар дохил намоянд. Ҳалли ҳамаи ин масъаларо тарафҳо вобаста ба кӯшишу ғайрат, талаботи қонун ва манфиатҳои худ ҳаллу фасл менамоянд.
Инчунин тарафҳо ҳуқуқ доранд, ки ба мазмуни аҳдномаи никоҳ ҳуқуқу уҳдадориҳои худро вобаста ба таъминоти якдигар, роҳу воситаҳои иштирокашонро дар ташаккули даромади якдигар муайян сохта, тартиби хароҷоти тарафайни ҷашну маросимҳои оилавиро аз ҷониби ҳар кадоми онҳо ва дар сурати бекор намудани ақди никоҳ амволе, ки дар ихтиёри ҳар кадоми онҳо гузошта мешавад, дохил намоянд.
Дар шароити иқтисоди бозаргонӣ пайдо шудани моликияти хусусӣ, васеъ гардидани объектҳои ба молу мулки шаҳрвандон тааллуқдошта ба муносибатҳои амволии оилаи ҳозиразамон таъсири муайяни худро мерасонад. Объектҳои амволии тарафҳо дар қонунҳои ҷорӣ муқаррар карда шудааст.
Даромади зану шавҳар молу мулки якҷояи онҳо ба шумор меравад. Аммо онҳо вобаста ба сатҳи зандагии тарафҳо дар аҳдномаи никоҳ метавонанд ин низомро тағйир дода, муқаррар созанд, ки баъзе аз қисмҳои даромад ба моликияти зан ё шавҳар ворид карда шавад ва ба монанди инҳо.
Инчунин зану шавҳар вобаста аз таъминоти моддии худ дар аҳдномаи никоҳ саҳми ҳар яки худро дар хароҷоти оила пешбинӣ менамоянд. Ин хароҷотҳо гуногун мебошанд ва ба шароити оила вобастаанд. Хароҷотҳо барои хӯрокворӣ, сару либос, таҳсили аъзои оила, сарфи таъмир, нигоҳдории автомашина ва ғайра шуда метавонанд. Дар аҳдномаи никоҳ кадоме аз ҳамсарон дар кадом ҳаҷм ин хароҷотҳоро ба уҳда мегиранд, сабт шуданаш мумкин аст.
Зану шавҳар вобаста аз шароити зиндагӣ дар аҳдномаи никоҳ ҳақ доранд, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои худро оид ба таъминоти якдигар муайян созанд. Инчунин Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 100-106) ба таври алоҳида созишномаи пардохти алиментро пешбинӣ намудааст.
Зану шавҳар инчунин метавонанд ҳама гуна муқаррароти дигари марбут ба муносибатҳои молу мулкиашонро дар аҳдномаи никоҳ дохил намоянд.
Аҳдномаи никоҳ метавонад бе муҳлат ва ё ба муҳлати муайян (масалан, 5 сол ва ғайра) баста шавад. Дар мавриде, ки аҳднома муҳлатнок бошад, ҳуқуқу уҳдадории дар аҳднома нишондодаи зану шавҳар бо муҳлати муқарраргардида маҳдуд мегардад. Инчунин ҳуқуқ ва уҳдадории онҳо дар аҳднома бо шарти фаро расидан ё фаро нарасидани шароити алоҳида вобаста карда шуданаш мумкин аст.
Зану шавҳар (шахсоне, ки нияти ба расмият даровардани ақди никоҳро доранд) ҳуқуқ доранд, ки дар аҳдномаи никоҳ ба таври иловагӣ шарти фаро расидан ё фаро нарасидани шароити алоҳидаро нишон диҳанд. Дар ин маврид дар асоси қисмҳои 1 ва 2 моддаи 182 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шарти гузошташуда аҳдномаи басташуда бо шарти батаъхир анҷомдодашуда ва ё бо шарти бекоркунӣ анҷомёфта эътироф карда мешавад. Дар ҳар ду маврид ҳам фаро расидан ё нарасидани шарт замони ояндаро дар назар дорад ва ин шарт фаро мерасад ё не, номаълум аст. Барои ҳамин ҳам дар аҳднома пешбинӣ кардани шарт вобаста ба миён омадани ҳуқуқу уҳдадориҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки дар аҳдномаи никоҳ шарти ботаъхир пешбинӣ шудааст. Агар шарт ба қатъи ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафҳо вобаста карда шуда бошад, аҳднома бо шарти бекоркунӣ басташуда эътироф меёбад.
Дар аҳдномаи никоҳ пешбинӣ намудани маҳдудиятҳо вобаста ба маҳдуд кардани қобилияти ҳуқуқдорӣ ва қобилияти амали зану шавҳар манъ аст.
Мутобиқи талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад (м. 19), ҳар шаҳрванд ҳуқуқи интихоби маҳалли зист дорад (м. 24), ҳар кас ҳақ дорад соҳиби моликият ва мерос бошад (м. 32), ҳар кас ба меҳнат ва интихоби касбу кор ҳуқуқ дорад (м. 35) ва ҳуқуқҳои дигарро доро мебошад. Дар моддаи 19 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қ. 1) чунин ҳуқуқҳои шаҳрвандон айнан такрор омадааст. Ин модда ҳуқуқи шаҳрвандонро оид ба соҳиб будан ба ҳуқуқи моликият, ба гирифтани амволу мерос ва васият кардан, машғул будан ба фаъолияти соҳибкорӣ, ки қонун манъ накардааст, ҳар гуна аҳдҳои қонун манънакардаро анҷом додан ва дар ӯҳдадориҳо иштирок намудан, дорои ҳуқуқ ба моликияти ақлӣ будан, ҷуброни зиёни моддӣ ва маънавиро талаб намудан пешбинӣ кардааст. Аз ин рӯ, ҳеҷ яке аз тарафҳо ҳуқуқҳои номбурдаи якдигарро дар аҳдномаи никоҳ ҳаққи маҳдуд кардан надорад.
Муносибатҳои ҳуқуқии шахсии зану шавҳар дар аҳдномаи никоҳ ба танзим дароварда намешавад. Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (м. 170) ба ин гурӯҳ ҳуқуқи шахс ба ҳаёт ва саломатӣ, эътибори шахсӣ, шаъну шараф, масъулияти шахсӣ, номусу номи нек, эътибори корӣ, дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, сирри шахсӣ ва оилавӣ ва монанди онҳоро дохил намудааст. Барои ҳамин ҳам дар аҳдномаи никоҳ ҷой додан ба шартҳое, ки ҳуқуқҳои шахсии номбурдаи яке аз тарафҳоро маҳдуд мекунад, роҳ дода намешавад.
Аҳдномаи никоҳ инчунин ба танзим даровардани муносибатҳоеро, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои зану шавҳарро нисбат ба фарзандонаш маҳдуд месозад, истисно менамояд. Муносибатҳои номбурда тарбияи фарзандон, муайян намудани ҷои зисти фарзандон ва масъалаҳои ба он монандро дар назар дорад ва дар ин муносибатҳо мазмуни молумулкӣ ҷой надорад, аз ин сабаб онҳо ба мазмуни аҳдномаи никоҳ ҷой дода намешаванд. Муносибатҳои вобаста ба ҳуқуқу уҳдадориҳои падару модар нисбати фарзандонро, ки номбар кардем, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (боби 12, моддаҳои 61-79) ба таври алоҳида ба танзим даровардааст ва тафсири он дар боби 12 алоҳида ҷой дода шудааст.
Зану шавҳар вазифадоранд, ки якдигарро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ намоянд. Таъминоти моддиро зан ё шавҳари ғайри қобили меҳнати эҳтиёҷманд ҳуқуқи талаб кардан дорад. Ин талабот аз моддаи 90 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, барои ҳамин ҳам ин ҳуқуқи яке аз тарафҳои ғайри қобили меҳнати эҳтиёҷмандро дар аҳдномаи никоҳ маҳдуд кардан мумкин нест. Яъне, дар аҳднома ҷой додани шартҳое, ки ин ҳуқуқро поймол менамояд, аз имкон берун аст. Ҳангоми бо роҳи созиши алоҳида амалӣ нашудани ҳукуқи номбурда бо даъвои тарафи манфиатдор ҳуқуқи дар боло зикршуда ба роҳи судӣ амалӣ мегардад.
Ҳамчунин дар аҳдномаи никоҳ шартҳое, ки яке аз тарафҳоро дар ҳолати ниҳоят ногувор мегузорад, ҷой дода намешаванд. Аҳдномаи никоҳе, ки бо истифодаи шароити вазнин ва бо шартҳои барои яке аз тарафҳо тамоман бефоида баста шудааст ва тарафи дигар аз ин вазъият дидаю дониста истифода бурдааст, асоси қонунӣ надорад. Дар аҳдномаи никоҳ инчунин дохил намудани шартҳое, ки муҳаббату эҳтироми якдигарии зану шавҳарро дар оила ва ба он монандро, ки асосҳои умумӣ ва мазмуни қонунҳои оиларо (м. 1 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон) ташкил медиҳанд, халалдор кардан мумкин нест. Дар ҳолати бастани аҳдномаи никоҳ бо чунин шартҳо аҳднома беэътибор дониста мешавад.
(Давом дорад)