Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№71 (3372) 23.05.2015

Маҳкам Маҳмудзода

 Бахтиёр Худоёрзода

(Идома аз шумораҳои гузашта)

 Масъалаи муҳими дигар он аст, ки дар кадом асос қонунҳои гражданиро нисбат ба муносибатҳои оилавӣ татбиқ кардан имконпазир аст. Дар қисми 1 моддаи 1 Кодекси гражданӣ сабт шудааст, ки «қонунҳои гражданӣ вазъи ҳуқуқии иштирокчиёни аҳдҳои гражданӣ, асосҳои ба миён омадан ва тартиби татбиқи ҳуқуқи моликият ва ҳуқуқи дигари амволӣ, ҳуқуқ ба натиҷаҳои фаъолияти зеҳниро муайян намуда, уҳдадориҳои шартномавӣ ва уҳдадориҳои дигар, инчунин муносибатҳои дигари амволӣ ва муносибатҳои шахсии ғайриамволии марбут ба онҳоро, ки ба баробарӣ, мухторияти хоҳишу ирода ва мустақилияти амволии иштирокчиёнаш асос ёфтааст, танзим менамояд». Муносибатҳои оилавӣ ин се аломати зикршударо соҳиб аст. Иштирокчиёни он аз ҷиҳати юридикӣ баробар буда, хоҳишу иродаи мухтор дошта, амволашон аз дигар аъзои оила мустақил аст. Ҳамин тариқ, хулоса кардан мумкин аст, ки муносибатҳои оилавӣ яке аз навъҳои муносибатҳоест, ки бо ҳуқуқи гражданӣ ба танзим дароварда мешавад. Хулосаи дигар ин аст, ки дар сурати мавҷудияти меъёрҳои махсуси қонунгузории оилавӣ муносибатҳои оилавӣ ба воситаи онҳо танзим мегарданд, агар чунин меъёрҳо набошанд, пас меъёрҳои гражданию ҳуқуқии умумӣ истифода хоҳанд шуд. Ғайр аз ин, ҳам дар Кодекси гражданӣ ва ҳам дар Кодекси оила меъёрҳое ҳастанд, ки ҳамдигарро пурра мекунанд (масалан, оид ба аҳдномаи никоҳ ва созишномаи пардохти алимент ва ғ.).

Моддаи 5. Шабоҳати қонун ва ҳуқуқ дар муносибатҳои оилавӣ

Дар ҳолатҳое, ки муносибатҳои байни аъзои оила бо қонунҳои оила ё созишномаи тарафҳо танзим нагардида бошанд ва дар сурати мавҷуд набудани меъёрҳои ҳуқуқи гражданӣ, ки бевосита ин муносибатҳоро танзим менамоянд, нисбат ба чунин муносибатҳо, агар ин хилофи моҳияти онҳо набошад, меъёрҳои ҳуқуқи оилавӣ ва (ё) ҳуқуқи гражданӣ, ки муносибатҳои шабеҳро танзим менамоянд (шабоҳати қонун), истифода мешаванд. Дар сурати набудани чунин меъёрҳо ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзои оила, бо назардошти асосу принсипҳои умумии ҳуқуқи оила ё ҳуқуқи гражданӣ (шабоҳати ҳуқуқ), инчунин принсипи башардӯстӣ, оқилона ва адолат муайян карда мешаванд.

Ҳарчанд дар таҷрибаи судҳо зарурияти истифодаи шабоҳати қонун ва шабоҳати ҳуқуқ аҳён-аҳён дучор ояд ҳам, бо вуҷуди он Кодекси оила онро дар моддаи алоҳида пешбинӣ кардааст. Моддаи мазкур ҳолатҳои истисноиеро дар назар дорад, ки дар он муносибатҳои оилавӣ бевосита бо меъёрҳои ҳуқуқи гражданӣ, оилавӣ ё созишномаи тарафҳо ба танзим дароварда намешаванд. То қабули Кодекси оила шабоҳати қонун ва шабоҳати ҳуқуқро танҳо қонунгузории мурофиаи гражданӣ пешбинӣ мекард, ки мувофиқи он дар ҳолати набудани қонуне, ки бояд муносибатҳои баҳснокро ҳал намояд, суд ҳуқуқ дорад, ки қонунеро ба роҳбарӣ гирад, ки муносибатҳои ба он монандро ба танзим медароранд. Инро шабоҳати қонун меноманд. Агар қонуни монанд набошад, суд асосҳои умумӣ ва мазмуну моҳияти қонунгузории ҳамон соҳаро ба инобат мегирад, ки онро шабоҳати ҳуқуқ меноманд. Пеш аз истифодаи шабоҳати қонун дар танзими муносибатҳои оилавӣ суд бояд итминони комил ҳосил намояд, ки ин ё он муносибати баҳснок бо меъёрҳои ҳуқуқ танзим нашудааст ва онро бо шарҳи моддаҳои дахлдори қонунгузории гражданӣ ва оилавӣ ҳал кардан имкон надорад. Дар ин ҳолат меъёрҳои ҳуқуқи гражданӣ ва оилавӣ марбут ба муносибатҳои баҳснок истифода бурда мешаванд. Айни замон меъёрҳои ҳуқуқи оилавӣ нисбат ба ҳуқуқи гражданӣ афзалият надоранд. Истифодаи меъёрҳои ҳуқуқи оилавӣ ё худ ҳуқуқи гражданӣ аз рӯи шабоҳати қонун раво нест, агар истифодаи онҳо нисбат ба муносибати баҳснок хилофи моҳияти муносибатҳои танзимшавандаи оилавӣ бошад. Дар сурати набудани меъёрҳои монанд дар ҳуқуқи гражданӣ ё оилавӣ ин ё он баҳс бо назардошти асосҳои умумӣ ва принсипҳои ҳуқуқи гражданӣ ё оилавӣ (шабоҳати ҳуқуқ) ҳал карда мешавад.

 (Давом дорад)