Маҳкам Маҳмудзода
Бахтиёр Худоёрзода
(Идома аз шумораҳои гузашта)
Моддаи 57. Ҳуқуқи кӯдак ба ҳимоя
1. Кӯдак ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ ҳуқуқ дорад.
Ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакро падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс, мақомоти васояту парасторӣ, прокурор ва суд ҳимоя мекунанд.
2. Кӯдак ҳуқуқ дорад аз суиистифодаи падару модар (шахсони ивазкунандаи онҳо) ҳифз карда шавад.
Ҳангоми вайрон кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак ё аз ҷумла иҷро накардан ё иҷрои номатлуби уҳдадориҳо аз ҷониби падару модар (яке аз онҳо) оид ба тарбияю таълими кӯдак ё суиистифода аз ҳуқуқҳои падару модарӣ кӯдак ҳуқуқ дорад ба мақоми васоят ва парасторӣ ва пас аз расидан ба синни чордаҳсолагӣ ҷиҳати ҳимоя аз ҷониби онҳо ба суд муроҷиат кунад.
3. Шахсони мансабдори ташкилотҳо ва дигар шаҳрвандоне, ки аз таҳдид ба ҳаёт ё саломатии кӯдак ё поймол гардидани ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак дар оила огоҳӣ пайдо мекунанд, вазифадоранд дар ин хусус ба мақоми васояту парастори маҳали воқеии истиқомати кӯдак маълумот диҳанд. Ҳангоми гирифтани чунин маълумот мақоми васояту парасторӣ вазифадор аст барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак чораҳои зарурӣ андешад.
Мақоми васояту парасторӣ ҳуқуқ доранд, дар ҳолатҳои зарурӣ бо ҷалби намояндагони мақомоти милитсия ба оилаҳое, ки дар онҳо зиндагӣ кардани кӯдакон ба ҳаёту саломатии онҳо хатарнок аст, бемонеа ворид шаванд.
Шарҳи мафҳуми ҳимояи кӯдак аз ҳамин мафҳум, ки дар Кодекси оила омадааст, васеътар аст. Мафҳуми аввал ҳимояи ҳуқуқи кӯдакро аз ҷониби тамоми соҳаҳои қонуни материалӣ ва мурофиавӣ дар назар дорад. Мафҳуми дуюм ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакро, ки дар моддаҳои 55-60 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, дар назар дорад.
Дар моддаи 57 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузор истилоҳи «ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдак» ва «ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак»-ро истифода намудааст. Дар адабиёти ҳуқуқӣ оид ба мафҳуми ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак ақидаҳои мухталиф мавҷуд аст.
Таҳти мафҳуми ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдак фаъолияти суд ва дигар мақомоти давлатиро оид ба татбиқи чораҳои маҷбуркунӣ нисбати падару модар, фарзандхондагон, васиён ва парасторон барои уҳдадории оилавии худро иҷро накардан ё ба таври бояду шояд иҷро накардани онҳо, ки оқибат ба вайрон кардани ҳуқуқу манфиатҳои асоси ҳуқуқидоштаи кӯдак оварда мерасонад, фаҳмидан мумкин аст. Вобаста аз он ки кадом намуди ҳуқуқҳои субъективӣ-шахсии ғайриамволӣ ва ё амволӣ халалдор гаштаанд, тарзҳои мушаххаси ҳимоя татбиқ карда мешавад. Азбаски дар КО Ҷумҳурии Тоҷикистон тарзҳои ҳимоя дар моддаи алоҳида муқаррар нашудааст, тарзҳои ҳифзи ҳуқуқи гражданӣ, ки дар моддаи 12 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ба муносибатҳои ҳуқуқии оилавӣ низ татбиқ мегардад. Ба тарзҳои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак барқарор намудани вазъе, ки то вайрон гардидани ҳуқуқ ҷой дошт, пешгирӣ намудани амалҳое, ки ҳуқуқро вайрон мекунанд ё барои вайрон кардани он таҳдид менамоянд ва ғайра тааллуқ доранд.
Дар адабиёти ҳуқуқӣ ақидаи дуруст сабт шудааст, ки «манфиатҳои қонунӣ элементи ҳар як ҳуқуқи субъективӣ ба шумор меравад ё ин ки ҳамчун марҳалаи гузариш барои пайдоиши ҳуқуқҳои нави шахсият хизмат менамояд». Аз ин рӯ, дар қонунгузории оилавӣ ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунӣ якҷоя амал намуда, бо ҳам мувофиқ мебошанд. Мувофиқи ин ақида, кӯдаки нав таваллудшуда ҳуқуқ ба таъминот аз ҷониби падару модарро дорад. Яъне, манфиати кӯдак аз ҷиҳати моддӣ таъмин будан ба ҳуқуқи қонунии субъективии кӯдак ба таъминот мувофиқ мебошад.
Таҳти ибораи «ҳуқуқу манфиати қонунӣ»-и кӯдак ҳуқуқу манфиатҳое фаҳмида мешавад, ки асоси ҳуқуқӣ доранд. Асоси ҳуқуқӣ дар ин маврид шаҳодатномаи таваллуд, шаҳодатнома дар бораи муқаррар кардани падарӣ, ҳалномаи суд дар бораи фарзандхонӣ ва ғайра ба ҳисоб меравад. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои зикргардида исбот мекунанд, ки байни кӯдак ва падару модар ва шахсони онҳоро ивазкунанда алоқаи ҳуқуқӣ мавҷуд аст. Дар ин маврид ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон асосҳои қонунӣ доранд ва мавриди ҳимоя қарор мегиранд.
Манфиати кӯдак хусусиятҳои хоси худро дорад. Дар муносибатҳои ҳуқуқии оилавӣ, вақте ки кор ба калонсолон дахл дорад, онҳо дар муносибатҳо манфиаташонро дарк менамоянд, аммо кӯдакон, хусусан хурдсолон (то синни — 14 сола) аз рӯи синну сол ҳуқуқ ва манфиатҳои худро дарк карда наметавонанд. Аз ин лиҳоз, қонеъ гардонидани талаботи онҳо аз ирода ва рафтори падару модар ва шахсони онҳоро ивазкунанда вобастагӣ дорад.
Кӯдакони аз 14 то 18-сола низ вобаста ба синну сол, инкишофи худ ва муносибати ноустуворонаи эҳсосоташон ба муҳити ҳақиқӣ ба гумон аст, ки пурра ва то ба охир ба манфиати худ сарфаҳм раванд.
Ба таври мустақилона оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳо дар ҳолате, ки падару модараш уҳдадориҳояшонро оид ба тарбияю таълим ва рушду такомули ҳамаҷонибаи кӯдак пурра иҷро наменамоянд ё ин ки аз ҳуқуқи падару модарӣ сӯиистифода менамоянд, барои муроҷиат намудан ба мақоми васояту парасторӣ ба кӯдак ягон монеа нест. Кӯдак ҳуқуқи ҳимояи худро тавассути суд аз синни 14-солагӣ амалӣ мегардонад.
Барои ҳамин ҳам, қонунгузор ҳамчун намояндаи ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон падару модар (яке аз онҳо) ё шахси ивазкунандаи онҳоро эътироф менамояд. Шахсони номбурда дар мавриди аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шудан, ғайри қобили амал донистани онҳо ва дигар ҳолатҳои муқарраркардаи қонун намояндагии худро оид ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдак иҷро карда наметавонанд.
Дар ҳолатҳои ҷой доштани низоъ қонунгузор ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакро асосан ба зиммаи суд ва дар баъзе ҳолатҳо ба зиммаи мақоми васояту парасторӣ ва прокурор гузоштааст.
Аксарияти баҳсҳо вобаста ба тарбия, муайян кардани ҷои истиқомати кӯдак ва ба он монанд аз ҷониби суд баррасӣ мегарданд. Аз ин рӯ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон аз ҷониби суд асосӣ буда, дар ҳалли тақдири кӯдакон муҳим мебошад. Ҳалномаҳои судӣ оид ба баҳсҳои номбурда барои иҷро ҳатмӣ мебошанд.
Аз рӯи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз вазифаҳои прокурор ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд мебошад. Яъне, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон низ ба зиммаи прокурор гузошта шудааст. Ин вазифаро прокурор бо тарзҳои муайян иҷро менамояд.
Дар қонуни конститутсионии номбурда яке аз ин тарзҳо нишон дода шудааст, яъне прокурор дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, ки қонун муҳофизат мекунад, ҳуқуқ дорад ба суд муроҷиат намояд. КО Ҷумҳурии Тоҷикистон (қ. 1 м. 70, м. 103 ва ғайра) барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак ба прокурор ҳуқуқ додааст, ки дар бораи маҳрум кардани ҳуқуқи падару модарӣ, дар бораи беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент, ки манфиатҳои алиментгирандаро поймол мекунад ва дигар талабот ба суд бо даъво муроҷиат намояд. Ҳамзамон прокурор бевосита дар мурофиаи судӣ оид ба баҳсҳои номбурда иштирок намуда, хулоса медиҳад. Шарҳи ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдак аз ҷониби васӣ ё парасторон ба таври муфассал дар боби 20 ҳамин Кодекс оварда мешавад.
Дар оила аз ҳуқуқҳои худ суиистифода кардани падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) ба тарбия ва инкишофи кӯдак хавфи калон дорад. Суиистифодаи ҳуқуқ аз ҷониби падару модар дар шаклҳои гуногун ифода меёбад (ниг. ба тафсири моддаи 69 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон). Барои ҳамин ҳам баҳри ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак қонунгузор нисбат ба чунин падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда – васӣ, фарзандхондагон) дар шаклҳои маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ (моддаи 69 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон), бекор кардани фарзандхондии кӯдак (моддаи 140 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон), аз вазифа бартараф сохтани васӣ ва парастор (моддаи 156 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми 3, моддаи 40 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҷавобгарӣ муқаррар намудааст.
Ба таври мустақилона оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак дар ҳолате, ки падару модараш уҳдадориҳояшонро оид ба тарбияю таълим ва рушду такомули ҳамаҷонибаи кӯдак пурра иҷро наменамоянд ё ин ки аз ҳуқуқи падару модарӣ суиистифода менамоянд, барои муроҷиат намудан ба мақоми васояту парасторӣ ба кӯдак ягон монеа нест. Кӯдак ҳимояи ҳуқуқи худро тавассути суд аз синни 14-солагӣ амалӣ мегардонад.
Дар оила кӯдакон ҷиҳати хурд будани синну сол, норасоии ҷисмонӣ, рӯҳӣ ва аҳволи иҷтимоӣ, пурра дарк карда натавонистани воқеияти зиндагӣ, ки бар зарарашон мебошад, ҳуқуқу манфиатҳояшонро ҳимоя карда наметавонанд ва дар ин бора онҳо ба ягон мақомот маълумот намедиҳанд. Барои ҳамин ҳам қисми 3 моддаи 57 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шахсони мансабдор, шаҳрвандонро ҳангоми огоҳӣ доштанашон вазифадор мекунад, ки дар бораи таҳдид ба ҳаёт ва саломатии кӯдак ё поймол кардани ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак дар оила ба мақомоти васояту парастории маҳали истиқомати кӯдак хабар диҳанд. Аз рӯи ин ахбор мақоми васояту парасторӣ дар муҳлати муқарраркардаи қонун баҳри ҳафзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак бояд чораҳои мушаххас андешад (ниг. ба тафсири моддаҳои 122-124 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Агар маълумот оид ба хатар ба саломатӣ ва ҳаёти кӯдак дар оила бошад, мақоми васояту парасторӣ ҳуқуқ дорад, ки аз кумаки милиса истифода барад. Дар ин маврид онҳо ҳуқуқ доранд, ки бе ягон монеа ба хонаводае, ки дар он хавфу хатар ба кӯдак ҷой дорад, барои чора андешидан ворид шаванд. Ин чораҳо дар моддаҳои 122-123 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд. Дар ҳолате, ки дар рафтори падару модари кӯдак аломатҳои ҷиноят бошад, кормандони милиса дар ин хусус чораҳои мушаххас мебинанд.
(Давом дорад)