Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№72 (3373) 26.05.2015

Маҳкам Маҳмудзода

 Бахтиёр Худоёрзода

(Идома аз шумораҳои гузашта)

Моддаи 6. Истифодаи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар муносибатҳои оилавӣ

Агар дар шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба қоидаҳои дар қонунҳои оила пешбинигардида қоидаҳои дигар муқаррар гардида бошанд, он гоҳ қоидаҳои шартномаи байналмилалӣ истифода мешаванд.

Мундариҷаи ҳуқуқии моддаи мазкур аз банди 3 моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он аз эътироф шудани бартарияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ аз қонунгузории миллӣ сухан меравад, сарчашма гирифтааст. Мувофиқи муқаррароти ҳамин банди моддаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати мутобиқат накардани қонунҳои ҷумҳурӣ, дар айни замон Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ меъёрҳои санадҳои эътирофшудаи байналмилалӣ дар ҳудуди мамлакат амал хоҳанд кард. Зери мафҳуми шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин созишномаи байналмилалие фаҳмида мешавад, ки миёни Тоҷикистону ягон мамлакати хориҷӣ ё давлатҳои хориҷӣ ва ё ташкилоти байналмилалӣ дар шакли хаттӣ баста шуда, тавассути ҳуқуқи байналмилалӣ ба танзим дароварда мешавад. Шартномаи байналмилалӣ, аввалан — ҷузъи таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ ва баъдан асоси ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатиро ташкил медиҳанд, ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ мувофиқи усулу мақсадҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид мусоидат мекунанд. Дар шароити кунунӣ дар танзими муносибатҳои байналмилалӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини манфиатҳои қонунии давлатҳо нақш ва аҳамияти шартномаҳои байналмилалӣ фавқулода муҳим гардидааст. Махсусан барои Тоҷикистон, ки тибқи банди аввали моддаи 1 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд дар сатҳи байналмилали муаррифӣ шудааст, иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ воситаи муҳими муътадил нигоҳ доштани муносибатҳо бо мамолики хориҷӣ ва риояи тартиботи ҳуқуқии байналмилалӣ мебошад. Иҷрои бечунучарои уҳдадориҳои байналмилалӣ, риояи ҳатмии меъёрҳои шартномавию муқаррарӣ унсури асосии сиёсати берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҳозира ба ҳисоб меравад.

Тартиби бастан, қабул, тасдиқ, бақайдгирӣ, нашр, иҷро кардан, бекор кардан ва боздоштани шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистонро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 11 декабри соли 1999 таҳти №908 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999, №12, мод. 348) ба танзим медарорад. Шартномаҳои байналмилалӣ мутобиқи шартҳои номбаршудаи таркиби худи шартномаҳо, меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар санадҳои ҳуқуқии дахлдор аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо карданашон бояд иҷро шаванд. Мутобиқи талаботи моддаи 21 қонуни зикргардида, шартномаҳои байналмилалии тасдиқшуда, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор пайдо кардаанд, ҳамчунин шартномаҳои байналмилалии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ғайр аз шартномаҳои байниидоравӣ, дар «Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар нашрияҳои расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр мешаванд.

Шартномаҳои байналмилалии байниидоравии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашрияҳои расмии мақомоти дахлдор нашр карда мешаванд.

Ба шумори санадҳои муҳими байналмилалӣ, ки соҳаи муносибатҳои оилавиро фаро мегиранд, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (аз 10 декабри соли 1948), Эъломияи ҳуқуқи кӯдак (аз 23 ноябри соли 1959), Муоҳидаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва Муоҳидаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои гражданӣ ва сиёсӣ (аз 19 декабри соли 1966) дохил мешаванд. Тоҷикистон 26 июни соли 1993 ба 2 шартномаи муҳими байналмилалӣ – Конвенсия оид ба барҳам додани ҳама шаклҳои поймолкунӣ дар муносибат бо занон ва Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳамроҳ шудааст. Инчунин аз ҷониби парламенти Тоҷикистон Созишномаи давлатҳои узви ИДМ оид ба гурӯҳҳои миллӣ ва халқҳои бадарғашуда ва Конвенсия «Оид ба кумаки ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ аз рӯи парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ» тасдиқ шудааст. Шартномаи байналмилалӣ (аз 18 майи соли 1904) «Дар бораи мубориза бо хариду фурӯши ғуломзанони сафедпӯст» бо тағйиротҳои Протоколи 1, ки аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ 3 декабри соли 1948 тасдиқ шудааст, Конвенсияи байналмилалӣ (аз 4 майи соли 1910) «Оид ба мубориза бо хариду фурӯши ғуломзанони сафедпӯст», Конвенсияи байналмилалӣ (аз 30 сентябри соли 1921) «Оид ба мубориза бо хариду фурӯши занону кӯдакон» бо тағйирот дар Протоколи 2, ки аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ 20 октябри соли 1947 тасдиқ шудааст, Конвенсияи байналмилалӣ (аз 11 октябри соли 1933) «Оид ба мубориза бо хариду фурӯши занони болиғ» низ ҳамчун ҷузъи таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ эътироф шудаанд.

Дар таҷрибаи судӣ татбиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ҷой дорад. Масалан, Суди ноҳияи Октябри (ҳоло И. Сомонӣ) шаҳри Душанбе дар асоси талаботи қисми 3 моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 6 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаи гражданӣ бо аризаи шаҳрванди Германия оиди ба фарзандхондии ноболиғ Е., бевосита талаботи моддаи 21 «Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак»-ро татбиқ намуд. Моддаи 21 Конвенсияи номбурда муносибатҳои аз ҷониби хориҷиён ба фарзандхондӣ қабул кардани кӯдаконро дар давлати дигар ба танзим медарорад.

 

(Давом дорад)