Маҳкам Маҳмудзода
Бахтиёр Худоёрзода
(идома аз шумораҳои гузашта)
Моддаи 69. Маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ
1. Падару модар (яке аз онҳо) метавонанд аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда шаванд, агар онҳо:
— аз иҷрои уҳдадориҳои падару модарӣ, аз ҷумла додани алимент қасдан саркашӣ кунанд;
— бе сабабҳои узрнок аз таваллудхона (таваллудгоҳ) ё муассисаи дигари тиббӣ ё тарбиявӣ, муассисаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ё дигар муассисаҳои монанди он гирифтани фарзанди худро рад намоянд;
— аз ҳуқуқи падару модарии худ сӯиистифода намоянд;
— ба фарзандон муносибати бераҳмона кунанд, аз ҷумла нисбати онҳо зӯроварии ҷисмонӣ ё рӯҳиро раво бинанд, ба дахлнопазирии ҷинсии онҳо сӯиқасд намоянд;
— майзада ё нашъаманди ашаддӣ бошанд;
— бар зидди ҳаёт ва саломатии фарзандони худ ё саломатии ҳамсари худ қасдан ҷиноят содир карда бошанд.
Дар мавриди мувофиқи мақсад истифода накардани ҳуқуқи падару модар имконияти аз байн рафтани он ҳуқуқ пайдо мешавад. Аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум намудан ин на танҳо яке аз усулҳои аз даст додани чунин ҳуқуқ аст, балки чораи ҷавобгарии ҳуқуқии оилавӣ барои аз ҷониби падару модар вайрон кардани ҳуқуқҳо ва манфиатҳои фарзандонашон низ мебошад. Аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум намудан баҳри ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак равона шуда, мақсади он кӯдакро аз шароити номӯътадили тарбия раҳоӣ дода, барои оянда дар оилаи дуруст ба тарбия афтиданаш шароит муҳайё мекунад. Аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум намудан чораи истисноӣ мебошад.
Танҳо суд салоҳият дорад, ки падару модарро (яке аз он¬ҳоро) аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум намояд. Маҳрум кардани ҳуқуқи падару модарӣ танҳо ҳангоми дар рафтори падару модари кӯдак мавҷуд будани асосҳои пешбининамудаи қонун имконпазир аст. Ғайр аз ин, дар ба вуҷуд омадани ҳолатҳои пешбиникардаи қонун падару модар бояд гунаҳгор бошанд. Барои ҳамин баъзе камбудиҳо ва норасоиҳо дар иҷрои қарзи падару модарӣ, ки хислати доимӣ надоранд, асоси маҳрум кардани ҳуқуқи падару модарӣ шуда наметавонад. Пас, номгӯи асосҳои маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ, ки моддаи 69 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, маҳдуд аст ва он ба таври васеъ маънидод карда намешавад. Ҳар як асоси номбурдаи моддаи мазкур ба таври мустақилона асос барои маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ мебошад.
Аз иҷрои уҳдадориҳои падару модарӣ қасдан саркашӣ кардани падару модар дар он зоҳир мегардад, ки онҳо дидаю дониста ба таври доимӣ дар бораи тарбияи маънавӣ, инкишофи ҷисмонӣ, таълимгирии фарзандонашон ғамхорӣ зоҳир наменамоянд. Онҳо ба таври доимӣ ба тарбияи фарзандашон машғул нашуда, дар аксарияти ҳолатҳо кӯдаконро ба ҳоли худашон гузошта нигоҳ намекунанд, кӯдакро бо сару либос, хӯрока ва дигар эҳтиёҷот таъмин наменамоянд. Чунин ҳолат дар натиҷаи ахлоқи зиддиҷамъиятии падару модар (яке аз онҳо) – машғул шудан бо майнӯшӣ, фоҳишагӣ ва ғайра ба вуқӯъ меояд. Дар ин маврид кӯдак аз ҷиҳати ҷисмонӣ инкишоф намеёбад ва вазъи оила ба инкишофи рӯҳии ӯ таъсири манфӣ мерасонад. Бо ин сабаб суди ноҳияи Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе даъвои прокурори ҳамин ноҳияро нисбати Г.О. ва Г.В. дар бораи маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ дуруст қонеъ кард. Аз маводҳои парванда бармеояд, ки ҷавобгарон муддати 6-7 сол фарзанди ноболиғашон Д.-ро таъмин ва тарбия накарда ба таври мунтазам бо сӯиистеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ машғул буданд. Ғайр аз ин, модари ноболиғ бо сӯиистеъмоли маводҳои нашъадор машғул буда барои дуздӣ бо моддаи 244 қисми 3 банди «а» КҶ ҶТ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст. Дар ин маврид суд дуруст ба хулоса омад, ки Г.О. ва Г.В. аз ҳуқуқи падару модарӣ нисбати фарзандашон Д. маҳрум карда шуда, аз онҳо алимент рӯёнида шавад.
Аз додани алимент қасдан саркашӣ кардан яке аз шаклҳои аз иҷрои уҳдадориҳои падару модарӣ қасдан саркашӣ кардан аст. Дар моддаи 177 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки барқасдона, яъне бидуни сабабҳои узрнок бештар аз се моҳ саркашӣ намудани падару модар аз иҷрои қарори суд оид ба пардохти маблағ барои таъминоти фарзандони ноболиғ барқасдона саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандон эътироф шудааст. Дар ин маврид барои суд асос барои маҳрум кардани падару модар аз ҳуқуқи падару модарӣ ҷой дорад. Аммо дар маънои ҳуқуқи оилавӣ барои аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум кардан танҳо воқеияти ба таври мунтазам бе сабабҳои узрнок насупоридани алимент аз ҷониби падару модар кифоя аст. Ҷой доштани чунин воқеият аз он шаҳодат медиҳад, ки падару модар дидаю дониста аз иҷрои уҳдадорӣ оид ба таъминоти кӯдак саркашӣ менамоянд.
Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба ҳамчун асоси маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ бе сабабҳои узрнок аз таваллудхона (таваллудгоҳ) ё муассисаи дигари тиббӣ ё тарбиявӣ, муассисаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ё дигар муассисаҳои монанди он аз ҷониби падару модар нагирифтани фарзандонашонро пешбинӣ намудааст. Нигоҳдории муассисаҳои номбурда аз ҳисоби андозсупорандаҳост. Дар мавриде, ки падару модар (яке аз онҳо) кӯдаконро дар ин муассисаҳо гузошта бе сабабҳои узрнок аз онҳо хабар намегиранд, падару модар бояд аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда шаванд. Ғайр аз ин, мувофиқи мақсад аст, ки якбора барои таъминоти кӯдак аз ҳисоби падару модар ба фоидаи ин муассисаҳо алимент рӯёнида шавад.
Дар баъзе мавридҳо вазъи саломатии кӯдак водор менамояд, ки онҳо дар муассисаҳои махсус нигоҳубин ёбанд. Мутобиқи қисми 4 моддаи 34 Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» кӯдакони мубталои иллатҳои ҷисмонӣ ва ё рӯҳӣ ба ёрии тиббию иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд ва онҳо бо хоҳиши падару модарон дар кӯдакистонҳои махсус, мактаб-интернат, хонаи бачагон ва хона-интернатҳои кӯдакон аз ҳисоби давлат тарбия ёфта метавонанд. Дар мавриди номбурда мондани кӯдак дар ин муассиса ва доимо кӯдакро хабар гирифтани падару модар асос барои аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум кардан намешавад, чунки дар он падару модар гуноҳ надоранд.
Падару модар набояд аз ҳуқуқҳои пешниҳодшуда сӯиистифода намоянд. Сӯиистифодаи ҳуқуқ аз ҷониби падару модар бар зарари тарбияи кӯдак мебошад. Дар сарсатри 3 банди 11 Қарори Пленуми Суди Олии ҶТ №16 аз 2 октябри соли 2003 «Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ ҳангоми баррасии баҳсҳои вобаста ба тарбияи фарзандон» таҳти сӯистифода намудан аз ҳуқуқҳои падарию модарӣ истифодаи ин ҳуқуқҳо бар зиёни манфиатҳои фарзандон, масалан монеа шудан ба хониш, майл намудан ба гадоӣ, дуздӣ, фоҳишагӣ, истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ ё анвои нашъадор ва ғайраҳо фаҳмида мешавад.
Дар ҳаёт вобаста аз вайрон кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои мушаххаси кӯдак сӯиистифода аз ҳуқуқи падару модарӣ дар шаклҳои гуногун зоҳир мегардад. Яке аз шаклҳои сӯиистифода дар он зоҳир мегардад, ки дар оила чунин вазъияте ба вуҷуд меояд, ки кӯдак имконияти маълумотгирӣ пайдо намекунад. Таҷрибаи баррасии парвандаҳои судӣ нишон медиҳад, ки дар натиҷаи сӯиистифода намудани падару модар аз ҳуқуқи падариву модарӣ кӯдакон бо ихтиёри худ монда, сару пои луч дар кӯчаҳо гашта, аз ҳамсояҳо ва роҳгузарон пулу нон гадоӣ мекарданд. Дар ин маврид рафтори падару модар ба таври мунтазам ҷой дошт. Дар ҳама мавридҳо кӯдак назди ҳокимияти падару модар оҷиз мегардад. Гунаҳкорона сӯиистифода намудан аз ҳуқуқи падару модарӣ барои маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ асос мегардад.
Моддаи 69 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон бераҳмона муносибат кардани падару модарро нисбат ба фарзандонашон дар шакли зӯроварии ҷисмонӣ, зӯроварии рӯҳӣ ва сӯиқасд ба дахлнопазирии ҷинсии онҳо дар назар дорад. Зӯроварии ҷисмонӣ ҳама вақт ҷой дорад, агар кӯдак аз ҷониби падару модар лату кӯб мегардад, азобу уқубати ҷисмонӣ мебинад ва ғайра. Ҳангоми зӯроварии рӯҳӣ, фишори рӯҳӣ иродаи кӯдак маҳдуд мегардад, эҳсосоти тарс пайдо мешавад, шаъну шарафи кӯдак паст мегардад ва ғайра. Сӯиқасд ба дахлнопазирии кӯдак барои инкишофи ояндаи кӯдак хавфи калон дорад. Масалан, рафтори бадахлоқона намудан нисбати кӯдаки худ ва дигар рафторҳои нохуш асос барои маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ ва татбиқи чораҳои қонуни ҷиноятӣ мегарданд. Асоси пешбиникардаи КО Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи ҳуқуқи кӯдаконро дар назар дошта, баҳри ҳаёти солимона, инкишофи мӯътадили ҷисмонӣ ва рӯҳии кӯдак равона шудааст.
Дигар асоси мустақиле, ки қонун маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модариро дар назар дорад, майзада ё нашъамандии ашаддии падару модар (яке аз онҳо) мебошад. Барои аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум кардан муқаррар кардани воқеияти майзада ё нашъаманди ашаддӣ будани падару модар (яке аз онҳо) кифоя аст. Аммо на ҳама вақт ин талабот аз ҷониби судҳо пурра иҷро мегардад. Масалан, танҳо баъди ба тариқи кассатсионӣ бекор кардани ҳалнома суди ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе шаҳрванд З.Х.-ро барои нашъаманди ашаддӣ буданаш нисбати ду фарзандаш аз ҳуқуқи падарӣ маҳрум кард. Ҳалномаи мазкур ба нафъи кӯдакон С. ва А. мебошад, чунки аз маводҳои парванда аён аст, ки ҷавобгар дар ҳузури фарзандони ноболиғаш бо сӯиистеъмоли маводи нашъадор машғул буд. Баъди истеъмоли маводи нашъадор рафтори ӯ ғайричашмдошт буд, ки ин вазъият дар оила ба инкишофи маънавӣ ва тарзи солими ҳаёти кӯдакон мусоидат намекунад. Дар бораи эътироф кардани майзада ё нашъаманди ашаддӣ хулосаи дахлдори тиббӣ кифоя аст. Бо асоси номбурда аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум кардан шарт нест, ки қобили амали падару модар (яке аз онҳо) маҳдуд эътироф карда шавад.
Дар мавриди майзада ё нашъаманди ашаддӣ будани падару модар (яке аз онҳо) одатан онҳо дар ҳеҷ куҷо кор намекунанд, аз ин рӯ, аз ҷиҳати моддӣ кӯдакро таъмин намекунанд, дар тарбияи кӯдак иштирок намекунанд, дар аксар ҳолатҳо майнушӣ ташкил намуда, дар ҳузури кӯдакон ҷанҷолҳо рӯй медиҳанд, аҳволи хона зиддисанитарӣ гашта, кӯдакон чиркин, бе сару либос, бе назорат мешаванд ва ғайра. Ҳамин тавр, майзадагӣ ё нашъамандӣ ба тарбияи кӯдак номувофиқ аст. Аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум кардани чунин падару модари майзадаву нашъаманд ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон мусоидат мекунад.
Аввалин маротиба қонунгузор дар моддаи 69 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон қасдан аз ҷониби падару модар (ё яке аз онҳо) содир кардани ҷиноят бар зидди ҳаёт ва саломатии фарзандони худ ё ҳаёт ва саломатии ҳамсари худро асоси мустақилонаи маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ эътироф кардааст. Дар кирдори падару модар мавҷуд будани ҷиноят танҳо аз ҷониби суд дар ҳукми он мутобиқи қонунгузории ҷиноятӣ муқаррар карда мешавад. Барои ҳамин ҳам падар ё модаре, ки муқобили ҳаёт ва ё саломатии фарзандаш ё ҳамсари дигараш ҷинояти қасдона содир карда, бо ҳукми суд гунаҳгор эътироф шуда бошад, аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда мешавад. Дар ин маврид падару модари гунаҳгор аз ҳуқуқи падару модарӣ истифода карда наметавонанд, чунки онҳо бархилофи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак рафтор намуданд.
Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (боби 16) ба ҷиноятҳои муқобили ҳаёт ва саломатӣ бахшида шудааст. Дар ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаи 109 қисми 2 (ба худкушӣ расонидани ноболиғ), банди «в» қисми 2 моддаи 117 (азобу уқубат додани хурдсол ё ноболиғ), қисми 2 моддаи 126 (сироят кардани ноболиғ бо касалии зӯҳравӣ), қисми 1 моддаи 127 (дар хатар монондани хурдсол), банди «б» қисми 2 моддаи 141 (алоқаи ҷинсӣ ва дигар кирдори дорои хусусияти шаҳвонӣ бо ноболиғи ба синни шонздаҳсолагӣ нарасида) ва ғайра субъектҳои ҷиноят аз он ҷумла падару модар номбар шудааст. Барои ҷиноятҳои номбурда ва содир кардани ҷинояти сӯиқасд барои куштори кӯдак, расонидани зарари ҷисмонӣ ва монанди он падару модар аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда мешаванд. Аз ҳуқуқи падару модарӣ бо асоси номбурда танҳо пас аз ба қувваи конунӣ даромадани ҳукми суд анҷом дода мешавад. Кодекси оила ҷиноятҳои қасдонаро дар назар дорад, пас ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиршуда асоси маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ шуда наметавонанд.
Кирдори ҷинояткоронаи яке аз падару модар нисбати ҳамсари дигар бевосита нисбати кӯдак равона нашуда бошад ҳам, лекин дар натиҷаи ҷинояти қасдона содиршуда кӯдак ҳаяҷони даҳшатоварро ҳис мекунад. Ин ҳолат ба инкишофи минбаъдаи рӯҳӣ, маънавии кӯдак ва муносибати ӯ бо падару модар таъсир мерасонад.
Барои ҷавобгарии дар Кодекси оила пешбиникарда содир намудани ҷинояти қасдона дар ҳузури кӯдак нисбати дигар ҳамсар ягон нақши ҳалкунанда надорад. Дар натиҷаи ҷинояти қасдона содиршуда кӯдак зарар дида, аз яке падару модар маҳрум мегардад, зиддияти байни падару модар ба вуқӯъ омада, ба ахлоқ ва тарбияи кӯдак таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин маврид барои маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ ҳукми ба қувваи қонунӣ даромада нисбати гунаҳгор зарур аст.
Кодекси оила қасдан содир кардани ҷиноятро нисбати ҳамсари дигар дар назар дошта категорияҳои ҷиноятро нишон надодааст. Барои ҳамин дар адабиёти ҳуқуқӣ оид ба ин масъала фикрҳои мухталиф ҷой доранд. Ба фикри як қатор олимон барои кӯдак на ҳамаи ҷиноятҳои қасдона, балки танҳо зарари вазнини ҷисмонӣ, одамкушӣ ва таҷовуз ба номус хавф доранд. Ба фикри онҳо, танҳо ҷиноятҳои номбурда асоси маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ мебошанд. Ба фикри дигарон чунин маънидод кардани талаботи модда амали онро маҳдуд месозад. Аввал ин ки моддаи номбурда танҳо содир кардани ҷиноятҳои қасдонаи вазнинро дар назар надорад. Дигар ин ки азобу уқубат додани ҳамсари дигар (м. 117 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон), ба худкушӣ расонидани ҳамсари дигар (м. 109 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҷиноятҳое мебошанд, ки рафтори яке аз падару модар нисбати ҳамсари дигар ба таври доимӣ ё муддати дароз барои ҷабри ҷисмонӣ, рӯҳӣ расонидан равона шудааст. Дар ин маврид низ муносибати дурушт, таҳдид, паст задани шаъни ҳамсари дигар ҷой дорад. Яъне ин ҷиноятҳо одатан дар оила ва дар ҳузури кӯдак рӯй медиҳанд. Дар ин маврид ҳангоми мавҷуд будани ҳукми ба қувваи қонунӣ даромадаи суд нисбати яке аз падару модари гунаҳгор татбиқи маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ аз рӯи талаботи қонун аст. Чунин ҳалли масъала аз талаботи моддаи номбурда бармеояд ва он ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдак мутобиқат менамояд.
(Давом дорад)