Маҳкам Маҳмудзода
Бахтиёр Худоёрзода
(Идома аз шумораҳои гузашта)
ФАСЛИ V
УҲДАДОРИҲОИ АЛИМЕНТДИҲИИ АЪЗОИ ОИЛА
БОБИ 13
УҲДАДОРИИ АЛИМЕНТДИҲИИ ПАДАРУ МОДАР ВА ФАРЗАНДОН
Моддаи 80. Уҳдадориҳои алиментдиҳии падару модар барои таъминоти фарзандони ноболиғ
1. Падару модар вазифадоранд, ки фарзандони ноболиғи худро таъмин намоянд. Тартибу шаклҳои таъминоти фарзандонро падару модар мустақилона муайян менамоянд.
2. Падару модар ҳуқуқ доранд дар мавриди таъминоти фарзандони ноболиғи худ созишнома (созишнома дар хусуси пардохти алимент) мувофиқи боби 16 ҳамин Кодекс банданд.
3. Агар падару модар фарзандони худро таъмин накунанд, маблағ барои таъминоти онҳо (алимент) аз падару модар тибқи тартиби муқаррарнамудаи судӣ ситонида мешавад.
4. Ҳангоми набудани созишномаи падару модар дар мавриди пардохти алимент, ҳангоми таъмин накардани фарзандони ноболиғ ва ҳангоми ба суд пешниҳод накардани даъво мақоми васоят ва парасторӣ ҳақ дорад нисбат ба падару модар (яке аз онҳо) дар хусуси ситонидани алимент барои фарзандони ноболиғ даъво пешниҳод кунад.
Яке аз вазифаҳои муҳимтарини падару модар таъминоти фарзандонашон мебошад, чунки алимент барои кӯдакон воситаи асосии рӯзгузаронӣ мебошад. Падару модари дар никоҳ буда, инчунин падар ва модари кӯдаке, ки никоҳашон бекор карда шудааст, барои таъминоти кӯдакашон уҳдадор мебошанд. Уҳдадории алиментдиҳии падаре, ки кӯдакаш аз зиндагии воқеӣ бо модари ӯ таваллуд шудааст, пас аз муқаррар кардани асоси ҳуқуқии муносибат байни онҳо ба вуҷуд меояд. Дар ин маврид падарӣ нисбати кӯдак ба таври ихтиёрӣ ё ин ки бо роҳи судӣ муқаррар карда мешавад. Дар ин бора дар моддаҳои 49-50 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тафсири муфассал ҳаст.
Қонунгузор ба падару модар имконияти мустақилона муайян намудани андоза, тартиб ва шакли таъминоти фарзандонашонро додааст. Чунин ба низом даровардани муносибатҳои алиментӣ аз тағйироти куллие, ки дар ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ вобаста ба гузариш ба иқтисодиёти бозаргонӣ ба вуқӯъ меоянд, вобастагӣ дорад. Пас танҳо бо роҳи императивӣ ҳал намудани уҳдадориҳои алиментдиҳии падару модар барои таъминоти кӯдаконашон дар чунин шароит на ҳама вақт пурра ба манфиати ҳам падару модар ва ҳам кӯдакон мебошад. Дар мавриди мустақилона ҳал намудани таъминот ва ихтиёрона ба мувофиқа омадани падару модар онҳо метавонанд дар асоси боби 16 ҳамин Кодекс байни худ дар хусуси пардохти алимент созишнома банданд. Ҳангоми бастани ин созишнома ҳатман манфиати кӯдак ба инобат гирифта мешавад. Дар мавриди ба таври ихтиёрӣ аз ҷониби падару модар таъмин накардани фарзанд ва байни тарафҳо набудани созишномаи пардохти алимент, чунин таъминот бо роҳи судӣ аз ҳисоби падару модар ба манфиати кӯдакони онҳо рӯёнида мешавад. Тартиби муроҷиат ба судро қонуни мурофиавии гражданӣ ба танзим медарорад.
Барои аз ҷониби падару модар (яке аз онҳо) ба кӯдакони ноболиғ рӯёнидани алимент яке аз падару модар, васиёну парасторон, маъмурияти муассисаҳои тарбиявӣ ва монанди он, ки кӯдак дар он тарбия меёбад, ҳуқуқи ба суд муроҷиат карданро доранд. Муроҷиати онҳо дар суд ҳамон вақт дастгирӣ меёбад, ки агар созишномаи пардохти алимент набошад. Дар мавриди ҷой доштани созишномаи пардохти алимент ва бо ҳар гуна сабаб иҷро нашуданаш созишномаи мазкур эътибори варақаи иҷроро дорад ва маҷбуран иҷро карда мешавад. Агар доир ба ин созишнома баҳс ҷой дошта бошад, танҳо пас аз ҷониби суд беэътибор ё бекор эътироф кардани он масъалаи рӯёнидани алимент ба тариқи судӣ ҳалли худро меёбад.
Дар қисми 4 моддаи 80 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузор махсус ҳолатҳоеро номбар кардааст, ки ҳангоми мавҷуд будани онҳо мақомати васоят ва парасторӣ ҳуқуқи нисбати падару модар (яке аз онҳо) оид ба рӯёнидани алимент барои кӯдакони ноболиғ ба суд даъво пешниҳод кунад. Ҳолатҳои номбурдаи қонун – набудани созишнома оид ба пардохти алимент; аз ҷониби падару модар таъмин накардани кӯдакони ноболиғ; ба суд пешниҳод накардани даъво нишон дода шудааст. Дар мавриди мавҷуд будани ин се ҳолат дар якҷоягӣ асос шуда метавонад, ки мақомоти васояту парасторӣ ҳуқуқи номбурдаашро анҷом диҳад.
(Давом дорад)