Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№5 (3485) 12.01.2016

 

Маҳкам Маҳмудзода

Бахтиёр Худоёрзода

(Идома аз шумораҳои гузашта)

Моддаи 83. Ба маблағи устувор ситонидани алимент барои кӯдакони ноболиғ

1. Ҳангоми набудани созишномаи падару модар дар хусуси пардохти алимент ба кӯдакони ноболиғ ва дар ҳолате, ки агар падар ё модари алиментдиҳанда музди кор ва ё даромади дигари номунтазам ё тағйирёбанда дошта бошад, ё агар ин падар ё модар музди меҳнату даромади дигарро пурра ё қисман дар шакли асл (натура) ё асъори хориҷӣ гирад, инчунин ҳангоми нагирифтани музди меҳнат ва (ё) даромади дигар, инчунин дар ҳолатҳои дигаре, ки ситонидани алимент вобаста аз ҳиссаи музди меҳнат ва даромади дигари падар ё модар имконнопазир, мушкил ё манфиати яке аз тарафҳоро моҳиятан халалдор созад, суд метавонад андозаи алименти ҳармоҳа ситонидашавандаро ба маблағи устувор ва ё ҳамзамон дар шакли ҳисса (мутобиқи моддаи 81 ҳамин Кодекс) ва бо маблағи устувор муайян намояд.

2. Андозаи маблағи устувор аз тарафи суд дар асоси имконияти нигоҳ доштани сатҳи ҳадди аксари дараҷаи пештараи таъминоти кӯдак бо назардошти вазъи моддию оилавии тарафҳо ва ҳолатҳои дигари қобили таваҷҷуҳ муайян карда мешавад.

3. Агар дар назди ҳар кадоме аз падару модар фарзандон монда бошанд, андозаи алимент аз ҳар як падар ё модар ба падар ё модаре, ки камтар таъмин мебошад, бо маблағи устувори пулӣ, ки онро суд мутобиқи қисми дуюми ҳамин модда муқаррар намудааст, ҳар моҳ ситонида мешавад.

Қонунгузор барои муқаррар кардани андозаи алимент ба маблағи устувор ва ё ҳамзамон дар шакли ҳисса (мутобиқи моддаи 81 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва бо маблағи устувор ҳармоҳа ситонидашаванда ҳамчун асос номгӯи тахминии ҳолатҳои муайянро номбар кардааст. Чунин амали қонунгузор аз шароити иқтисодиёти бозаргонӣ вобастагӣ дорад. Дар ин шароит воқеиятҳои гуногун ба вуқӯъ меоянд, ки дар шакли ҳисса муқаррар кардани андозаи алимент имконнопазир буда, инчунин на ҳама вақт ба таъминоти кӯдак мусоидат менамояд. Чунин тартиби рӯёнидани алимент бо роҳи пешбурди даъво аз ҷониби суд баррасӣ мегардад.

Ҳолатҳои муайяннамудаи қисми 1 моддаи 83 КО Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба маблағи устувор рӯёнидани алимент ба ду гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст. Гурӯҳи якум, ки аз иродаи тарафҳо вобастагӣ дорад ва он аз набудани созишномаи падару модар дар хусуси пардохти алимент ба кӯдакони ноболиғ иборат аст. Гурӯҳи дуюми ҳолатҳои муайянкардаи қонун маҳдуд набуда, аз ҳолатҳое вобаста аст, ки рӯёнидани алимент аз ҳиссаи музди меҳнат ва даромади дигари алиментдиҳанда имконнопазир, мушкил аст ё манфиати яке аз тарафҳоро халалдор месозад. Бояд қайд кард, ки суд инчунин ҳуқуқ дорад, ки дар асоси қисми 3 моддаи 143 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фарзандхондкардаи собиқ ба фоидаи кӯдак ба маблағи устувор алимент рӯёнад.

Бастан ё нобастани созишномаи пардохти алимент аз хоҳи­ши ҳам падар ва ҳам модар вобаста аст, чунки онҳо дар ҳалли андоза ва шакли пардохти алимент бояд ба таври ихтиёрӣ ба мувофиқа оянд.

Ҳолатҳои гурӯҳи дуюмро баъзе аз номгӯи онро қонун пешбинӣ кардааст. Музди кор ва ё даромади дигари номунтазам ё тағйирёбанда доштани алиментсупоранда (падар ё модари кӯдак) онро дар назар дорад, ки дар шароити иқтисоди бозаргонӣ ҳангоми бо фаъолияти соҳибкорӣ, хоҷагии фермерӣ машғул будан, инчунин дар баробари музди меҳнат боз дигар сарчашмаҳои даромад, ба монанди даромад аз корҳои мавсимӣ, даромад аз рӯи қарордодҳои алоҳида, даромад аз қитъаҳои наздиҳавлигӣ, даромад аз иҷораи замин, доштан ё надоштани ҷои кори доимӣ ва музди меҳнат ба он оварда мерасонад, ки рӯёнидани алимент аз рӯи ҳисса ба музди меҳнати (даромади) алиментдиҳанда мушкил мебошад. Инчунин алиментдиҳанда ҳангоми ба таври пурра ё қисман гирифтани музди меҳнат, даромади дигар дар шакли асл (натура) ё асъори хориҷӣ низ ҳолатест, ки барои ба таври устувор рӯёнидани алимент асос мегардад. Дар шакли асл (натура) гирифтани музди меҳнат ва даромад бештар ҳангоми кор дар соҳаи хоҷагии қишлоқ дучор мешавад. Дар ин маврид даромади шахс бо додани гандум ва дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ҳисобӣ шуданаш мумкин аст. Ҳангоми нагирифтани музди меҳнат ва (ё) даромади дигар алиментдиҳанда аз додани алимент озод намешавад. Баръакс, ин ҳолат барои таъин кардани алимент ба маблағи устувор асос мегардад.

Аз рӯи мазмуни қисми 1 моддаи 83 КО Ҷумҳурии Тоҷи­кистон рӯёнидани алимент ба маблағи устувор ва ё ҳамза­мон дар шакли ҳисса ва бо маблағи устувор ҳуқуқи суд аст, на уҳдадории он. Пас суд муқаррар намудани чунин тартиби рӯёнидани алиментро дар асоси аризаи даъвои шахси манфиатдор-даъвогар (алиментдиҳанда, алименгиранда) анҷом медиҳад. Суд ҳуқуқ дорад ҳамзамон дар шакли ҳисса ба музди меҳнат (даромад) ва бо маблағи устувор андозаи алиментро муқаррар намояд. Чунин тартиби (омехтаи) таъини алимент дар таҷрибаи судӣ хеле кам вомехӯрад. Чунин тартиби омехта оид ба рӯёнидани алимент одатан дар мавриди ба ғайр аз музди меҳнат аз ҷои кори доимӣ инчунин алиментсупоранда боз дигар сарчашмаҳои даромад (ҳаққи муаллифӣ, даромад аз қитъаи замини назди ҳавлӣ, даромад аз иҷораи иморат ва ғайра) дошта бошад, аз ҷониби суд муқаррар карда мешавад.

Ҳангоми муайян кардани маблағи устувори алимент суд бояд имконияти нигоҳ доштани сатҳи ҳадди аксари дараҷаи пештараи таъминоти кӯдакро ба инобат гирад. Дар ин маврид таъминоти кӯдак то барҳамхӯрии оилае, ки ӯ дар он зиндагӣ мекард, дар назар дошта шудааст. Барои дар сатҳи пештара (то бекор кардани ақди никоҳ байни падару модари кӯдак дар назар дошта шудааст) нигоҳ доштани таъминоти кӯдак аз вазъи моддӣ ва имконияти падар ё (модари) алиментсупоранда вобаста аст. Суд ҳамзамон ғайр аз манфиати кӯдак, талаботи боақлонаи кӯдакро, ки барои таъминоти ӯ алимент рӯёнида мешавад, бояд ба инобат гирад. Агар кӯдак дар мактаби пулакӣ таҳсил намояд, бо омӯзиши компютер, забонҳои хориҷӣ, ки барои он маблағи иловагӣ зарур аст ва монанди ин фаъолияти манфиатдор машғул бошад, он гоҳ ҳолатҳои номбурда то дараҷаи боандешона ба андозаи алимент таъсир мерасонад.

Суд инчунин вазъи моддии оилавии тарафҳо ва ҳолатҳои дигари қобили таваҷҷуҳро бояд ба инобат гирад. Тибқи талаботи абзатси 4 банди 16 Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №12 аз 16 декабри соли 2004 «Дар бораи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳои марбут ба ситонидани алимент барои таъминоти фарзандон» (бо тағйиротҳо аз 19 марти соли 2009) таҳти мафҳуми «дигар шароитҳои қобили таваҷҷуҳ», бояд фаҳмида шавад: аъзои оилаи алиментгиранда ва алиментпардохткунанда, ғайриқобили меҳнат будани алиментпардохткунанда, мавҷуд будани молу мулке, ки аз алиментпардохткунанда барои онҳо ситонидани маблағҳои алимент мумкин аст, агар фарзанд музди меҳнати мустақилона дошта бошад ва амсоли инҳо.

Дар мавриди иҷро накардани ин талаботҳои қонун манфиати ҳуқуқии тарафҳо якхела ҳимоя намешаванд ва қарори қабул карда ҳамчун асоси қонунӣ надошта бекор карда мешавад. Масалан, бо қарори суди ноҳияи Ленин (ҳозира н. Рӯдакӣ) аз 23 марти соли 2001 аризаи У.Г. нисбати У.А. дар бораи рӯёнидани алимент қонеъ гардонида шудааст. Аз ҷавобгар ҳар моҳ маблағи 45 сомонӣ алимент рӯёнида шудааст. Аммо ҳангоми мавҷуд будани баҳс оид ба вазъи моддии ҷавобгар доир ба доштан ё надоштани имконияти дар ҳаҷми зикргардида супоридани алимент, номуайян будани даромади ӯ судя ҳангоми баровардани қарори номбурда талаботҳои қисми 2 моддаи 83 КО ҶТ-ро иҷро накардааст. Аз ин рӯ, қарори зикргардида ҳамчун асоси қонунӣ надошта бекор карда шуд.  Ҳангоми муайян намудани вазъи моддии тарафҳо суд бояд ҳамаи сарчашмаҳои даромади онҳоро ба назар гирад. Вазъи оилавии тарафҳо гуфта дар таъминоти алиментсупоранда мавҷуд будани дигар кӯдакони ноболиғ, падару модари пиронсол, фарзандони маҷрӯҳ, ки аз рӯи қонун дар таъминоти ӯ ҳастанд, алиментгиранда бо модари (ё падари) корношоям якҷоя зиндагӣ дорад ва ғайра дар назар дошта мешавад. Ба ҳолатҳои дигари қобили таваҷҷуҳ пешомади касалӣ, дучори маҷрӯҳӣ шудан ва аз ин сабаб касби пештараи худро давом дода натавонистани алиментсупоранда, зиёд шудани аъзоёни ноболиғи оилаи ӯ, ба кор даромадан ё ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудани алиментгиранда, даромад гирифтани тарафҳо аз истифодаи амволи ғайриманқул, ки ба онҳо тааллуқ дорад ва ғайра дохил мебошанд.

Андозаи алименти ҳармоҳа ситонидашаванда ба маблағи устувор ба шумораи муаяйни ҳадди ақали музди меҳнат баробар муқаррар карда мешавад. Суд дар қисми хулосавии ҳалнома дар ин бора ва дар бораи зиёд шудани андозаи маблағи устувори алимент дар баробари зиёд шудани ҳадди ақали музди меҳнат, яъне индексатсияи алимент нишон медиҳад. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2008 таҳти №480 аз 1 июли соли 2008 музди меҳнати ҳадди ақал дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба андозаи 60 сомонӣ дар як моҳ муқаррар шудааст. Барои ҳамин ҳам андозаи маблағи устувори алимент мумкин аст ба 6, 8, 10 ва ғайра шумораи ҳадди ақали музди меҳнат муқаррар гардад. Дар мавриди зиёд шудани музди меҳнат андозаи алименти ба таври устувор муқарраршуда дар баробари он зиёд мешавад. Чунин тартиб бе муроҷиати такрории алиментгиранда ба суд амалӣ мегардад.

Рӯёнидани алимент ба маблағи устувори пулӣ инчунин ҳангоми дар назди ҳар кадоми аз падару модар мондани фарзандон муқаррар карда мешавад. Дар ин маврид алимент, аз падар ё модар ба фоидаи кӯдаке, ки нисбат ба бародар ё хоҳари бо дигар падар ё модар зиндагӣ дошта камтар таъмин мебошад, рӯёнида мешавад. Тартиби номбурда баробарии таъминоти фарзандонро, ки аз якдигар ҷудо зиндагӣ мекунанд, таъмин мекунад. Ҳолатҳои вобаста ба то кадом сатҳ фарзандони аз якдигар ҷудо зиндагӣ мекардагӣ таъминот доранд, танҳо дар маҷлиси судӣ бо ҷамъ овардани далелҳо, пурсиши тарафҳо таҳлил гашта муқаррар карда мешавад. Яъне, чунин тартиби муқаррар кардани алимент бо роҳи пешбурди парвандаҳои даъвоӣ анҷом дода мешавад.