Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№10 (3490) 23.01.2016

 

   МАҲКАМ МАҲМУДЗОДА

БАХТИЁР ХУДОЁРЗОДА

 

(Идома аз шумораҳои гузашта)

 

БОБИ 14 УҲДАДОРИҲОИ АЛИМЕНТДИҲИИ ЗАНУ ШАВҲАР ВА ЗАНУ ШАВҲАРИ СОБИҚ

Моддаи 90. Вазифаи зану шавҳар дар бобати таъминоти якдигар

1. Зану шавҳар вазифадоранд якдигарро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ намоянд.

2. Дар сурати саркашӣ намудан аз чунин дастгирӣ ва набудани созишнома оид ба пардохти алимент дар байни зану шавҳар инҳо ҳуқуқ доранд аз ҳамсари худ, ки барои ин мақсад маблағи зарурӣ дорад, ба тартиби судӣ пардохти алиментро талаб кунанд:

- зан ё шавҳари ғайри қобили меҳнати эҳтиёҷманд;

- зан дар давраи ҳомиладорӣ ва дар давоми се соли пас аз таваллуди фарзанди умумӣ;

- зан ё шавҳари муҳтоҷе, ки фарзанди умумии маъюби то ҳаждаҳсола ё фарзанди умумии маъюби модарзоди гурӯҳи якумро нигоҳубин мекунад.

Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо он ақди никоҳеро эътироф мекунад, ки дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ҷо оварда шудааст. Барои ҳамин ҳам уҳдадории таъминоти моддии якдигарии зану шавҳар, ки қисми 1 моддаи 90 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, танҳо нисбати зану шавҳари дар ақди никоҳи расмӣ буда дахл дорад. Кумаки моддии якдигар аз лаҳзаи бастани ақди никоҳи расмӣ пайдо мегардад. Яъне, ин тартиб нисбати дар ақди никоҳи воқеӣ будани зану мард новобаста аз тӯлонӣ будани зиндагии якҷоя татбиқ намегардад.

Кумаки моддии якдигари зану шавҳар ба таври ихтиёрӣ ё дар асоси бастани созишномаи пардохти алимент анҷом ёфтанаш мумкин аст. Ҳангоми саркашӣ намудан аз дастгирии моддӣ ва набудани созишнома дар бораи пардохти алимент байни зану шавҳар қонунгузор тартиби судии пардохти алиментро пешбинӣ намудааст. Қисми 2 моддаи 90 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон шартҳои мушаххасро номбар кардааст, ки ҳангоми мавҷуд будани онҳо ҳуқуқи талаб кардани алимент аз ҷониби зан ё шавҳар асоснок мебошад. Пеш аз ҳама, ҳамсари алиментсупоранда барои ин мақсад бояд маблағи зарурӣ дошта бошад. Чунки расонидани кумаки моддӣ ба ҳамсари дигар набояд вазъи моддӣ ва таъминоти ӯро ба таври пурра аз ҳад паст намояд.

Яке аз шартҳои талаб кардани пардохти алимент аз ҷониби зан ё шавҳари ғайри қобили меҳнат эҳтиёҷманд будани онҳо пешбинӣ шудааст. Шахси ғайри қобили меҳнат ҳангоми расидан ба синну соли нафақа, маъюби гӯруҳи I,II ва III шудан эътироф мегардад. Эҳтиёҷманд будани зан ё шавҳари ғайри қобили меҳнат дар ҳар як ҳолати мушаххас аз ҷониби суд муайян карда мешавад. Дар муайян кардани ҳолати номбурда надоштани даромади мустақил (нафақапулӣ, ёрдампулӣ ва ғайра) ва дигар сарчашмаҳои даромад, ки аз он бевосита рӯзгузаронии шахс вобастагӣ дорад, таъсир расониданаш мумкин аст.

Шарти дигари мустақили талаб кардани пардохти алимент аз ҳимояи модар ва кӯдак иборат аст. Пардохти алимент аз ҳамсари дигар ба ҳомиладории зан ва таваллуди кӯдаки умумӣ вобастагӣ дорад. Зан дар давраи ҳомиладорӣ ва дар давоми се соли пас аз таваллуди фарзанди умумӣ новобаста аз ғайри қобили меҳнат будан ё набудан ва эҳтиёҷмандӣ ҳуқуқи бо роҳи судӣ талаб кардани пардохти алиментро дорад. Дар ин маврид муҳлати гирифтани алимент муайян мебошад. Ҳомиладории зан бо маълумотномаи духтур, таваллуд ва синну соли кӯдак бо шаҳодатномаи таваллуди кӯдак тасдиқ мегардад. Дар ин маврид бояд дар назар дошт, ки зану шавҳар дар ақди никоҳи расмӣ мебошанд, яъне дигар далели тасдиқкунанда шаҳодатномаи ақди никоҳ мебошад. Агар падарӣ бо роҳи ихтиёран эътироф намудан ва муқаррар кардани падарӣ бо роҳи судӣ анҷом ёбад, он гоҳ чунин модари дар ақди никоҳ набуда ҳуқуқ ба ин намуди алиментро надорад.

Ҳамчун қоидаи умумӣ беэътибор донистани ақди никоҳ байни зану шавҳар ҳуқуқу уҳдадориҳоро пайдо намекунад. Лекин баъзе истисноҳо ҷой доранд. Яке аз онҳо вобаста ба таъминоти зану шавҳар мебошад. Мутобиқи талаботи қисми 4 моддаи 31 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баровардани ҳалнома дар бораи беэътибор донистани ақди никоҳ суд метавонад ҳуқуқи зан ё шавҳарро, ки баъди бастани чунин ақди никоҳ ҳуқуқаш поймол гардидааст, барои мутобиқи моддаҳои 90 ва 91 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зан ё шавҳари дигар гирифтани таъминот эътироф намояд.

Инчунин зан ё шавҳаре, ки муҳтоҷ аст ва фарзанди умумии маъюби то 18-сола ё маъюби модарзоди гурӯҳи якумро нигоҳубин мекунад, ҳуқуқи аз ҳамсари дигар талаб кардани таъминотро дорад. Маъюбии фарзандон бо ҳуҷҷатҳои тиббӣ тасдиқ мегардад. Дар ҳар як ҳолати мушаххас суд бо назардошти маҷмӯи далелҳои ҷамъоварда ва барои таъминот маблағи зарурӣ доштани ҳамсари дигарро ба инобат мегирад.

Моддаи 91. Ҳуқуқи зан ё шавҳари собиқ барои гирифтани алимент пас аз бекор кардани ақди никоҳ

1. Шахсони зерин ҳуқуқ доранд ба тартиби судӣ аз зан ё шавҳари собиқи худ, ки маблағи заруриро доранд алимент талаб кунанд:

- зани собиқ дар давраи ҳомиладорӣ ва дар давоми се соли пас аз таваллуди фарзанди умумӣ;

- зан ё шавҳари собиқи муҳтоҷе, ки фарзанди умумии маъюби то ба синни ҳаждаҳсолагӣ расидан ва фарзанди умумии маъюби модарзоди гурӯҳи якумро нигоҳубин мекунад;

- зан ё шавҳари собиқи ғайри қобили меҳнати муҳтоҷе, ки қобилияти меҳнатро то бекор кардани ақди никоҳ ё дар давоми як соли пас аз бекор кардани ақди никоҳ аз даст додааст;

- зан ё шавҳари муҳтоҷе, ки на дертар аз панҷ соли пас аз лаҳзаи бекор кардани ақди никоҳ ба синни нафақа расидааст, агар зану шавҳар дар муддати панҷ сол дар ақди никоҳ буда бошанд.

2. Андозаи алимент ва тартиби ба ҳамсари собиқ пардохтани онро пас аз лаҳзаи бекор кардани ақди никоҳ тибқи созишномаи байни зан ва шавҳари собиқ муайян кардан мумкин аст.

Қонунгузор ба зану шавҳари собиқ, ки ақди никоҳашон бекор карда шудааст, ҳуқуқи аз якдигар талаб кардани таъминотро додааст. Дар баробари ин як талабот пешниҳод шудааст: агар ҷавобгар маблағи заруриро барои додани алимент (таъминот) дошта бошад. Қисми 1 моддаи 91 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон чор асосро, ки бо тартиби судӣ ҳуқуқи талаб кардани алиментро аз зан ё шавҳари собиқ пешбинӣ кардааст. Номгӯи асосҳо маҳдуд аст ва онро ба таври васеъ маънидод кардан мумкин нест.

Ду асоси аввали номбурда ба монанди дар давраи ҳоми­ладорӣ ва дар давоми се соли пас аз таваллуди фарзанди умумӣ, инчунин ҳамсари муҳтоҷе, ки фарзанди умумии маъюби то ба синни 18-солагӣ ё маъюби модарзоди гӯруҳи якумро нигоҳубин мекунад, ҳуқуқи талаби алиментро доранд. Ду асоси номбурда бо асосҳои дар қисми 2 моддаи 90 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбининамуда монанд мебошанд. Аз ин рӯ, шарҳи онҳо дар қисми 2 моддаи 90 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон муфассал нишон дода шудааст. Ҳаминро бояд қайд кард, ки ҳомиладории зан бояд то бекор кардани ақди никоҳ ҷой дошта бошад. Тартиби номбурда нисбати зани дар ақди никоҳи воқеӣ буда татбиқ намегардад.

Асоси дигари талаб кардани алимент аз ҳамсари собиқи худ дар он зоҳир мегардад, ки зан ё шавҳар ғайри қобили меҳнати муҳтоҷ бошад. Дар ин маврид қонунгузор талаб мекунад, ки зан ё шавҳар дар давраи то бекор кардани ақди никоҳ ё ин ки дар давоми як соли пас аз бекор кардани ақди никоҳ ғайри қобили меҳнат эътироф гашта бошад. Агар ғайри қобили меҳнат эътироф кардани зан ё шавҳар ба муҳлатҳои муқарраркардаи қисми якуми моддаи 91 ҳамин Кодекс мувофиқат накунад, яке аз асосҳои рад намудани талабот ба ин намуди алимент мегардад.

Ҳуқуқи талаб кардани нафақа инчунин ба зан ё шавҳари муҳтоҷе, ки ба синни нафақа расидааст, дода шудааст. Дар ин маврид қонунгузор ба вуҷуд омадани ин ҳуқуқро ба ду шарт вобаста кардааст. Аввал ин ки чунин шахс бояд на дертар аз панҷ соли пас аз лаҳзаи бекор кардани ақди никоҳ ба синни нафақа расида бошад. Шарти дигар аз он иборат аст, ки чунин шахс (зану шавҳар) бояд дар муддати панҷ сол дар ақди никоҳ бошад. Одатан чунин намуди алимент барои ҳолатҳои зерини ҳаётӣ пешбинӣ шудааст: вақте ки яке аз ҳамсарон (ҳамчун қоида занҳо) бо тарбияи кӯдакон ва корҳои хоҷагии хона ба таври доимӣ машғул буда, дар истеҳсолот кор накарда, дар давоми ақди никоҳи якҷоя музди меҳнат, даромади дигари мустақил надорад.

Зану шавҳари собиқ пас аз бекор кардани ақди никоҳ ҳуқуқ доранд, ки байни худ созишномаи пардохти алиментро банданд. Нисбати чунин созишнома талаботи моддаҳои 100-106 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад.

Давом дорад