Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№12 (3492) 28.01.2016

МАҲКАМ МАҲМУДЗОДА

БАХТИЁР ХУДОЁРЗОДА

 

(Идома аз шумораҳои гузашта)

Моддаи 94.Қатъ гардидани ҳуқуқи таъминоти ҳамдигарии зан ё шавҳар

Ҳуқуқи зан ё шавҳар барои гирифтани таъминот (алимент) аз ҳамсари худ дар мавридҳои зерин қатъ мегардад:

- агар зан ё шавҳари муҳтоҷи корношоям вафот кунад;

- агар шартҳое, ки мутобиқи моддаҳои 90 ва 91 ҳамин Кодекс барои гирифтани алимент асос буданд, аз миён бардошта шаванд;

- агар зан ё шавҳари муҳтоҷи корношоям аз нав хонадор шуда бошад.

Моддаи 94 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои қатъ гардидани ҳуқуқи ҳамсаронро барои гирифтани алимент пешбинӣ кардааст. Яке аз асос вафот кардани зан ё шавҳари муҳтоҷи корношоям нишон дода шудааст. Далели вафоти яке аз ҳамсарон бо шаҳодатномаи вафот тасдиқ мегардад. Дар ин маврид гирифтани алимент якбора қатъ мегардад.

Асоси дигари қатъ гардидани ҳуқуқи таъминоти ҳамдигарии зан ё шавҳар аз байн рафтани шартҳои дар моддаҳои 90 ва 91 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондодашуда аст. Аз байн рафтани далели ғайри қобили меҳнати эҳтиёҷманд будани зан ё шавҳар дар мурофиаи судӣ санҷида шуда, тасдиқ мегардад. Дар асоси даъвои шахси манфиатдор (зан ё шавҳари алиментсупоранда) суд ҳангоми муҳокимаи судӣ дар асоси далелҳои ҷамъоварда воқеияти ба даст овардани қобилияти меҳнатӣ ва аз байн рафтани муҳтоҷии алиментгирандаро баҳо дода, моҳиятан ҳалнома мебарорад. Дар ҳолати асоснок будани даъво супоридани алимент қатъ карда мешавад. Масъалаи аз байн рафтан ё нарафтани муҳтоҷии зан ё шавҳаре, ки фарзанди умумии маъюби то 18-сола ё фарзанди умумии маъюби модарзоди гӯруҳи якумро нигоҳубин мекунад, айнан дар мурофиаи судӣ ҳал карда мешавад.

Гирифтани алимент аз ҷониби зан дар давраи ҳомиладорӣ ва дар давоми се соли пас аз таваллуди фарзанди умумӣ бо муҳлат вобаста аст. Пас аз гузаштани давраи ҳомиладорӣ ва се соли пас аз таваллуди кӯдак гирифтани алимент якбора қатъ мегардад, чунки дар худи ҳалнома муҳлати ба охир расидани алиментсупорӣ нишон дода мешавад.

Асоси дигари қатъ гардидани муносибатҳои алиментии зану шавҳари собиқ аз нав хонадор шудани алиментгиранда нишон дода шудааст. Қонунгузор дар ин маврид бастани ақди никоҳи расмиро дар назар дорад. Мавҷуд будани шаҳодатномаи ақди никоҳ ё навиштаҷот дар ин бора ҳақиқати хонадоршавиро исбот менамояд. Суд танҳо дар асоси ҳуҷҷатҳои номбурда ҳалнома дар бораи дар оянда қатъ намудани ҳуқуқи таъминоти ҳамдигарии зан ё шавҳарро қабул менамояд.

БОБИ 15 УҲДАДОРИҲОИ АЛИМЕНТДИҲИИ АЪЗОИ ДИГАРИ ОИЛА

Моддаи 95. Уҳдадории бародарону хоҳарон оиди таъминоти бародарону хоҳарони ноболиғ ва болиғи корношоями худ

Бародарону хоҳарони ноболиғи муҳтоҷи ёрӣ дар сурати аз падарӣ, модарӣ худ гирифта натавонистани таъминот ҳуқуқ доранд, ки ба тартиби судӣ аз бародарону хоҳарони болиғи қобили меҳнати худ, ки маблағи заруриро доранд, алимент гиранд. Чунин ҳуқуқ инчунин ба бародарону хоҳарони корношоями болиғи муҳтоҷе дода мешавад, ки агар онҳо аз фарзандони болиғи худ зан ё шавҳар (зан ё шавҳари собиқ) ё падару модарашон таъминотпулӣ гирифта натавонанд.

Дар ҳаёти воқеӣ на ҳама вақт фарзандони ноболиғ аз падару модари худ бо сабабҳои гуногуни объективӣ (вафот, ғайбзада ё фавтида эълон кардан, маъюбӣ, касалии куҳнаи рӯҳӣ ва ғайра) таъминот (алимент) гирифта метавонанд. Дар ин маврид қонунгузор ба зиммаи бародарону хоҳарони болиғ уҳда­дории алиментдиҳиро гузоштааст. Моддаи 95 КО Ҷум­ҳурии Тоҷикистон уҳдадории алиментдиҳиро ба зиммаи танҳо бародарону хоҳарони болиғи қобили меҳнат гузоштааст. Ба зиммаи онҳо ҳамон вақт уҳдадории алиментсупорӣ гузошта мешавад, агар онҳо дорои маблағи зарурӣ барои супоридани алимент бошанд. Онҳо метавонанд ба бародарону хоҳарони ноболиғи муҳтоҷи ёрӣ, бародарону хоҳарони корношоями болиғи муҳтоҷи худ ба таври ихтиёрӣ бо роҳи бастани созишнома алимент пардохт намоянд. Ҳангоми бо роҳи ихтиёрӣ ҳал нашудани он қонунгузор тарзи судии рӯёнидани алиментро муқаррар кардааст.

Суд дар асоси аризаи даъвои намояндаи ноболиғи бародарону хоҳарони муҳтоҷи ёрӣ, бародарону хоҳарони корношоями болиғи муҳтоҷ баҳсро баррасӣ менамояд. Дар суд даъвогар бояд асоси даъвояшро бо пешниҳоди далелҳо исбот намояд. Даъвогар муҳтоҷи ёрӣ буданашро бо пешниҳоди далелҳо бояд исбот намояд. Мазмуни ибораи «муҳтоҷи ёрӣ будан» дар қисми 1 моддаи 85 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шудааст. Инчунин даъвогар бояд далелҳоеро пешниҳод кунад, ки дар ҳақиқат имконияти аз падару модар, фарзандони болиғи худ, зан ё шавҳар (зан ё шавҳари собиқ) гирифтани таъминотпулӣ (алимент) мавҷуд нест. Даъвогар дар ин самт бояд чораҳои воқеӣ андешида бошад. Чунки онҳо бояд аз алиментсупорандагони навбати аввал – падару модар, фарзандон алимент гиранд. Баъд аз набудани имконият, онҳо ҳуқуқи талаб кардани алиментро аз алиментсупорандагони навбати дуюм – бародарону хоҳарони болиғи қобили меҳнат доранд. Агар алиментсупорандагони навбати аввал имконияти алиментсупориро надошта бошанд, он гоҳ ин воқеият бояд бо ҳалномаи суд дар бораи рад кардани даъво тасдиқ гардад. Инчунин саркашӣ кардани падару модар аз додани алимент бо ҳукми ба қувваи қонунӣ даромадаи суд нисбат ба падару модар, бедарак ғайб задани падару модар бо ҳалномаи суд дар ин бора тасдиқ мегардад. Ғайр аз ин, қонеъ намудани даъво аз қудрати моддӣ, маблағи зарурӣ доштани ҷавобгар вобаста аст. Супоридани алимент набояд моҳиятан сатҳи рӯзгузаронии ҷавобгарро паст намояд. Дар акси ҳол даъво бояд рад карда шавад. Суд вобаста ба ҳар як ҳолати мушаххас ба далелҳои ҷамъоварда баҳо медиҳад.

Дар мавриди моддаи 95 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбиникарда алимент ҳармоҳа ба маблағи устувор рӯёнида мешавад.

(Давом дорад)