Маҳкам Маҳмудзода
Бахтиёр Худоёрзода
(Идома аз шумораҳои гузашта)
ФАСЛИ II. АҚДИ НИКОҲ ВА ҚАТЪИ ОН
БОБИ 3. ШАРТ ВА ТАРТИБИ АҚДИ НИКОҲ
Моддаи 10. Ақди никоҳ
1. Ақди никоҳ дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ҷо оварда мешавад.
2. Ҳуқуқу уҳдадориҳои зану шавҳар аз лаҳзаи дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайди давлатӣ гирифтани ақди никоҳ ба миён меояд.
3. Ақди никоҳҳое, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон то 19 декабри соли 1929 мувофиқи расму оини динӣ ба ҷо оварда шудаанд, ба ақди никоҳҳое, ки дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шудаанд, баробар мебошанд.
Маҳз дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ), яъне таҳти назорати мақомоти махсуси давлатӣ ба ҷо оварда шудани ақди никоҳ зарурати дарки аҳамияти фавқулодаи ақди никоҳро ҳамчун институти гражданию ҳуқуқии навъи алоҳида ва аз ҷониби дигар манфиатдории давлатро дар тавлиди оила, ки асоси он ақди никоҳ аст, ба вуҷуд меорад. Дар таркиби ақди никоҳ дар алоқамандии қавӣ ва ба ҳам вобаста будани асосҳои ҳуқуқӣ ва принсипҳои ахлоқиву маънавӣ аз зуҳуроти хеле мураккаб ва гуногунпаҳлуи ҳаёти иҷтимоӣ будани институти ақди никоҳ дарак медиҳад. На дар қонунгузории оилавии собиқ ҷумҳурӣ (Кодекс оид ба никоҳ ва оила аз 19 июни соли 1969) ва на дар Кодекси нави оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 13 ноябри 1998) таърифи пурраву мукаммали мафҳуми ақди никоҳ инъикос наёфтааст. Ҳамин гуна ҳолат дар қонунгузории оилавии аксар давлатҳои хориҷӣ ба мушоҳида мерасад. Шояд сабаби ин ҳолат дар он бошад, ки ақди никоҳ аз мафҳумҳои асосии ҳуқуқи оилавист ва ҳуқуқи оилавӣ ба соҳаи ҳуқуқҳои хусусӣ мансуб буда, иштирокдорони муносибатҳои оилавӣ ҳуқуқ доранд, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои худро мустақиман муайян кунанд. Дар ташхиси табиати ҳуқуқӣ ва нишонаву аломатҳои ҳуқуқии ақди никоҳ назарияҳои гуногуни ҳуқуқӣ ба вуҷуд омада, дар маҷмӯъ онро ҳамчун шартнома (аз он ҷиҳат ки ба воситаи ҳуқуқ танзим шуда, оқибатҳои ҳуқуқӣ меорад), ҳамчун як зуҳуроти пурасрори рӯҳию равонӣ (ҷиҳати эътиқоди динӣ, зеро дин ба меҳвари муносибатҳои оилавӣ на танҳо муносибатҳои сирф ҳуқуқӣ, балки ахлоқию маънавӣ, рӯҳӣ, инчунин физиологӣ, ки ба фаҳмишу дарки дунявии никоҳ созгор нест), ҳамчун институти навъи махсус (sui generis) (созишнома оид ба ақди никоҳ ва муносибатҳое, ки аз он бармеоянд, яъне ин муносибатҳо миёни субъектони мушаххас – ҳамсарон вуҷуд доранд ва дар қиёс бо муносибатҳои ҳуқуқии мутлақ нисбӣ мебошанд) шарҳ додаанд. Дар амалияи ҳуқуқ бошад, қонунгузор мафҳуми ақди никоҳро дар ду мавқеъ ҳамчун факти ҳуқуқӣ, ки муносибатҳои зану шавҳариро ба вуҷуд меорад ва вазъи махсуси ҳуқуқии ашхосе, ки дар ақди никоҳ қарор доранд, ҷудо мекунад ва тафовут мегузорад. Берун аз таърифи ақди никоҳ он муносибатҳое мемонанд, ки байни ашхоси ба ақди никоҳ дохилшуда ба вуҷуд меоянд. Вазъи дар ақди никоҳ қарор доштан маънои дорои ҳуқуқу уҳдадорӣ гардидани ҳамсаронро дорад. Набояд фаромӯш кард, ки танзими ҳуқуқии муносибатҳои оилавӣ ҳадди муайян дорад ва берун аз салоҳияти он арзишҳое, аз қабили муҳаббату эҳтироми тарафайн, заминаҳои ахлоқии муносибатҳои занушавҳарӣ мемонанд, ки бевосита аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба танзим дароварда намешаванд, бо вуҷуди он ки ҳангоми қабули ин ё он қарор ин арзишҳо ба эътибор гирифта мешаванд. Масалан, ҳангоми аз тариқи суд беэътибор донистани ақди никоҳ бо сабаби мақсади ташкили оила надоштани он, қабл аз ҳама, омилҳои ахлоқию маънавӣ баррасӣ мегардад. Ғайр аз ин, қонунгузор асосан ҷиҳатҳои амволии муносибатҳоеро, ки миёни ҳамсарон ба вуҷуд меоянд, ба танзим медарорад ва низоми ҳуқуқии амволи ҳамсаронро муайян карда, айни замон оқибатҳоеро, ки аз далели дар ақди никоҳ будан ҳосил шуда, хусусияти гражданию ҳуқуқӣ доранд, пешбинӣ мекунад (масалан, баъди фавти яке аз ҳамсарон ба мероси ҳамсари дигар гузаштани молумулк). Аммо на ҳама муносибатҳои ҳамсарон амволианд (чунончӣ, муносибатҳои модариву падарӣ, тарбияву омӯзиши кӯдакон, дигар масъалаҳои оилавие, ки аз рӯи меъёри баробарии ҳамсарон танзим мегарданд ва қонунгузории оила онҳоро ба эътибор гирифтааст). Ҳарчанд қонунгузории гражданӣ бевосита танзими ҳуқуқии муносибатҳои ғайриамволиро амалӣ насозад ҳам, роҳу воситаҳои ҳифзи ин навъи муносибатҳоро дар сурати халалдор шуданашон, инчунин имкони барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолшударо таъмин менамояд. Бисёр унсурҳои муносибатҳои гражданӣ дар муносибатҳои ҳамсарон низ дида мешаванд (намояндагӣ, моликият, алоқаҳои уҳдадорӣ), бо вуҷуди ин, муносибатҳои занушавҳарӣ ҳамчун навъи алоҳидаи муносибатҳои гражданӣ вазъи хоси ҳуқуқӣ – вазъи дар ақди никоҳ қарор доштанро ба вуҷуд меоранд. Ин муносибатҳо дарозмуҳлату мураккабанд ва ба татбиқи ҳуқуқу иҷрои уҳдадориҳо ба мазмуни амиқи ҳуқуқӣ нисбат дода намешаванд. Ба нишонаҳои хоси ақди никоҳ – якканикоҳӣ (ин аломати ақди никоҳ дар моддаи 33 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид шудааст), озодии ақди никоҳ, баробарии тарафҳо (иттифоқи баробарҳуқуқ), якумрӣ, таваллуд ва тарбияи кӯдакон, бастани ақди никоҳ бо тартибу шакле, ки қонун муқаррар кардааст, мансуб дониста мешаванд.
Қисми аввали моддаи тафсиршаванда меъёри императивист (ҳатмист), яъне он ақди никоҳҳое дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақиқӣ эътироф мешаванд, ки агар дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шуда бошанд. Ҳар гуна ақди никоҳе, ки аз рӯи маросимҳои динӣ ва бе қайди дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ баста шуда бошад, ҳеҷ гуна оқибатҳои ҳуқуқӣ ба вуҷуд намеорад, зеро аз нигоҳи ҳуқуқ эътибор надорад. Албатта, тибқи муқаррароти Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 26) ҳар шахс ҳуқуқ дорад, ки мустақилона муносибаташро ба дин муайян кунад. Бо истифода аз ин ҳуқуқи конститутсионӣ шахс метавонад аз расму таомули динӣ ҳангоми бастани ақди никоҳ то қайди давлатии он ва ё баъди қайди давлатӣ истифода кунад ва дар ин маврид қонун монеа намегузорад. Ба ҳар ҳол, ақди никоҳ дар ҳолате ҳақиқӣ эътироф мешавад, ки агар дар мақомоти номбаршуда расман ба қайд гирифта бошад. Қайди ақди никоҳ хосияти ҳуқуқофаринӣ дорад, аз ин рӯ, ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳамсарон аз лаҳзаи қайди ақди никоҳ ба миён меоянд. Қайди ақди никоҳ дар шаҳру навоҳӣ дар шуъбаҳои САҲШ, дар деҳаҳо ва шаҳракҳо бошад, аз ҷониби ҷамоатҳои ҳамон қаламрав ба ҷо оварда мешавад. Ақди никоҳе, ки аз ҷониби дигар мақомот ба қайд гирифта шуда бошад, эътибор надорад ва ҳеҷ гуна ҳуқуқу уҳдадорӣ барои ҳамсарон ба вуҷуд намеорад. Қайди ақди никоҳ дар мақомоти САҲШ-и ҷои истиқомати яке аз тарафҳои ба ақди никоҳ дохилшаванда дар ҳузури ҳар ду тараф ё ҷои истиқомати падару модари онҳо ба қайд гирифта мешавад. Ақди никоҳ ба воситаи намоянда низ дар қонун манъ аст. Инчунин дар ҳолати ҳузур надоштани яке аз тарафҳо ва илтимоси хаттии бастани ақди никоҳ аз ҷониби вай ақди никоҳ ба қайд гирифта намешавад.
Қисми сеюми моддаи тафсиршаванда он ақди никоҳҳои диниеро ба ақди никоҳҳои қонунӣ баробар меҳисобад, ки то 19 декабри соли 1929 ба ҷо оварда шудаанд. Сабабаш ҳамин аст, ки то соли 1928 судҳои қозигӣ иҷозати кор доштанд ва қисман вазифаи мақомоти САҲШ-ро ба ҷо меоварданд. Ба таври ҳатмӣ муқаррар шудани қайди давлатии ақди никоҳ мавҷудияти ҳама гуна ақди никоҳҳои воқеиро новобаста аз муҳлаташон аз ҷиҳати ҳуқуқӣ беэътибор мегардонад ва ба вуҷуд омадани оқибатҳои ҳуқуқиро монеа мешавад. Дар ҳолати рух додани баҳсҳои амволӣ миёни ҳамсарони воқеӣ меъёрҳои Кодекси гражданӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд. То ирсоли Фармони Раёсати Шӯрои Олии ИҶШС (аз 8 июли соли 1944) ақди никоҳҳои воқеӣ ба монанди баъзе давлатҳои Ғарб дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ низ эътироф мешуданд. Чӣ дар Кодекси оилаи Федератсияи Россия ва чӣ дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ақди никоҳҳои воқеӣ меъёрҳои ҳуқуқӣ муайян нашудаанд. Дар як зумра мамлакатҳои тараққикарда, аз қабили Фаронса, Олмон, Ҳолланд ва Белгия танҳо никоҳҳои расман ба қайдгирифташуда эътироф карда мешаванд. Дар дигар мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ ва ИМА махсусан дар соҳаи муносибатҳои оилавӣ тафовут миёни ақди никоҳҳои расмию воқеӣ қариб ки намондааст. Ҳамсарони воқеӣ ҳуқуқи ситонидани алимент ва татбиқи низоми ҳуқуқии муносибатҳои молумулкиро пайдо кардаанд. Аммо дар шароити ҳозираи рушди ҷумҳурӣ бо назардошти хусусиятҳои хоси миллию таърихӣ, динӣ, расму анъана ва дигар ҷиҳатҳои этникӣ танҳо ақди никоҳҳои аз қайди давлатӣ гузашта ба манфиати ҳам давлат ва ҳам оилаҳо хоҳад буд. Қайди ҳатмии ақди никоҳ масъулияти ҳамсаронро назди якдигар ва баъдан назди кӯдакон ва ҷамъияту давлат баланд мебардорад. Моҳиятан қайди давлатии ақди никоҳ унсури асосӣ ва ҳатмии таркиби ҳуқуқии ақди никоҳ буда, давраи ҷамъбастии он ба шумор меравад. Ин амал аҳамияти конститутсионӣ дорад, зеро баъди қайди ақди никоҳ дар ҳамсарон маҷмӯи ҳуқуқу уҳдадориҳо ба вуҷуд меояд, кӯдаконе, ки баъди қайди никоҳ таваллуд мешаванд, кӯдакони дар ақди никоҳ таваллудшуда ҳисоб мешаванд ва дорои оқибатҳои ҳуқуқие мегарданд, ки дар фасли 4 ҳамин Кодекс сабт шудаанд.
(Давом дорад)