Деҳаи Лахш яке аз ҷойҳои хушманзараи деҳоти Водхуди ноҳияи Ванҷ ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин қадимтарин деҳа мебошад, ки дар он мардони фозилу доно истиқомат дошта, байни дигар маҳалҳо обру ва эҳтироми хоса доранд. Одаму одамгарӣ ва меҳмоннавозии мардуми деҳаи Лахши деҳоти Водхуд аз давраҳои пеш то ба имрӯз боқӣ мондаасту бо расму русуми хосашон аз дигарон фарқ мекунанд. Ҳатто дар илму фарҳанг, санъати волои халқӣ аз дигар мардумони таҳҷойӣ бартарӣ доранд. Сурудҳои доирабазм ё худ дафсозашон дар тамоми Бадахшон то ҳол маълуму машҳур аст.
Дар ҳамин деҳаи забоманзари Лахш бобои Пирумшо зиндагӣ дошт, ки байни мардум обрую эътибори зиёдро соҳиб буд. Аввалин марди соҳибмаълумот байни ҳамдеҳагон аст. Салимшо дар хонадони марди маърифатпарвар Роҳатов Пирумшо ба дунё омадааст. Падараш ҳамчун шахси босавод баъди хатми мактаби миёна дар вазифаи ходими рӯзномаи ноҳия ва баъдан солҳои 1940-1950 аввал ҷонишин, сониян сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Ванҷ» кору фаъолият дошт. Минбаъд директори мактаб, раиси Ҷамоати деҳот ва мудири шуъбаи фарҳанги ноҳия буд.
Дар хонадони ин марди фозил ду писар ва як духтар ба воя расиданд, ки номбардори падари хеш гаштанд. Дар домони падару модари азиз Ҳайдаршоҳи олим ва Салимшоҳи мониқалам тарбия ёфтанд.
Пирумшоев Ҳайдаршо яке аз олимони намоёни тоҷик, доктори илмҳои таърих, профессор буда, дар тарбияи шогирдони унвонҷӯй, бахусус таърихнигорӣ, ҳиссаи калон мегузорад. Аллакай ҳашт нафар шогирдонаш рисолаи номзадиву докториро дифоъ намуда, ҳамин миқдор дар арафаи омодаи дифоъ мебошанд. Ӯ муаллифи зиёда аз 12 китоби илмию тадқиқотӣ ва 150 мақолаи илмӣ мебошад.
Салимшоҳ Пирумшоев фарзанди аз ҳама хурдии падар соли 1955 ба дунё омада, аз кӯдакӣ ба тасвири манзараҳои зодгоҳаш шавқи зиёде пайдо кард. Пас аз фориғ шудан аз дарс болои сари санг, ки дуртар аз хонаашон қарор дошт, менишаст ва тамоми деҳаро тамошо мекард. Аз тамошояш ҳаловат мебурд, бо қалам гӯё ҳар як манзараашро тасвир мекард. Чун падари бузургвораш аз он хабардор гашт, кашидаҳояшро медиду эроди худашро мегуфт:
- Ана ин хел тасвир кардан даркор аст, ки дилчаспу дилангез барояд.
Ҳамин тавр ҳам шуд. Салимшоҳ, баробари таҳсили аъло дар мактаб, бо ҳидояти падараш рассоми хуб шуда, ба воя расид.
Соли 1972, ҳангоме ки мактабро бо баҳои аъло хатм намуд, байни волидайн баҳси зиёде шуд. Онҳо мехостанд писарашон ба мактаби олӣ равад, аммо падар мефаҳмид, ки майли писар бештар ба рассомист. Охир барои касби рассомӣ низ дониши баланд даркор, баъди омӯзишгоҳ метавонад ба ягон донишгоҳи олӣ дохил шавад, — мегуфт падар.
Хуллас, ҳама ба қароре омаданд, ки бигзор хости писарашон шавад. Ҳамин тариқ, соли 1972 Салимшоҳ Пирумшоев ба Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов дохил гардид. Дар ин боргоҳи ҳунар аз беҳтарин рассомони тоҷик Ҷ. Расулов, Р. Абдураҳмонов, Б. Неъматуллоев асрори касбро аз худ намуд. Аз ҳама бештар сахтгирии омӯзгорон Аллаберганов ва Бекназаров, ки дарси рассомии манзаравиро ба ӯ ёд доданд, ҳеҷ аз хотирааш зудуда нахоҳад шуд.
- Вақте ки расми манзаравӣ ё худ композитсияи гуногунжанрро кашидан мефармуданд, ҳама дар азоб меафтодем. Ҳангоми пешниҳод устодон бисёр хӯрдагирӣ мекарданд.
Ана дар ҳамин тасвир фалон ҷояш зиёдатист, ин хел тасвир ё ранг бояд набошад, агар чунин мекардед ё худ рангаш чунон мебуд, беҳтар мебаромад. Хуллас, то ба хости худашон намекашидем, моро ҷавоб намедоданд.
Бисёриҳо ба ин сахтгирӣ тоб наоварда, омӯзишгоҳро тарк гуфтанд. Аммо Салимшоҳ аз имтиҳонҳои чунин омӯзгорони серталаб ба хубӣ баромад. Шогирди беҳтарини онҳо шуд. Устодонаш бо ифтихор ӯро шогирд ном мебурданд.
Таҳсил дар омӯзишгоҳ паси сар шуд. Муддате дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии рақами 1 ва баъдан дар Омӯзишгоҳи маданӣ-равшаннамоии ноҳияи Ленин оид ба ороиши клубу хонаҳои фарҳангӣ дарс дод.
Соли 1980 Вафо Назаров, ки дар студияи Телевизиони Тоҷикистон кор мекард, Салимшоҳро барои кор ба озмун овард ва ӯ аз ин озмун бомуваффақият гузашт. Корро дар телевизион ҳамчун ҳуруфнигор оғоз карда, баъдан рассом — таҳиягари телевизион таъин шуд. Минбаъд ороиши саҳна, намоишҳои барномаи телевизиониро мустақилона ба уҳда гирифт, ки мақбули роҳбарият шуд.
Қобилияти Салимшоҳро ба инобат гирифта, соли 1982 ӯро ба курси такмили Донишкадаи телевизион ва радиои Иттиҳоди Шӯравӣ ба шаҳри Москва фиристонданд. Пас аз як соли такмили ихтисос баргашта, ба кор оғоз кард. Вобаста ба талабу зарурияти студияи телевизион, доираи жанру самтҳои рассомӣ, ки ӯ даст мезанад, хеле васеъ буда, аз навиштаи матну зеркадрҳои намоишӣ (титр) то ороиши саҳнаю муайян намудани ҷойи наворгирӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Ҳамаи ин аз рассом талаб мекунад, ки ба жанрҳои гуногун, аз ҷумла нақшу нигор ё наққошии тасвирӣ, манзара (пейзаж), пайкаранигорӣ (портрет) ва ғайра даст занад.
Салимшоҳ ягона рассомест, ки ба ҳамаи жанрҳои барои рассом хос баробар таваҷҷуҳ дошта, дар ҳар кадомашон ба дараҷаи баланди устодӣ расидааст. Бидуни ин боз ӯро чун ороишгари беҳтарини китоб низ мешиносанд. Садҳо китоб ва маводи дигари чопӣ ба сеҳри қалами ин рассоми нотакрор ороиш ёфтаанд, ки аз ҷониби мунаққидони шинохта пазируфтаву сазовори баҳои баланд гардидаанд.
Ӯ дар баробари маҳорати баланди касбӣ боз тахайюли бадеии ба худ хосро дорост, ки дар ягон мусаввири дигар дида намешавад. Мегӯяд, ки кашидан мушкил нест. Андеша мушкил асту рӯйи он бо андеша кор кардан даркор, вагарна онро тамошобин намеписандад. Инро бори дигар Салимшоҳ ҳангоми ороиш додани саҳнаи Ваҳдати миллӣ дар варзишгоҳи шаҳри Хоруғ исбот намуд. Бисёриҳо ороиши саҳнаро дарк накарданду фикрашон ба кашидаи рассомӣ нарасид ва дасту по хӯрданд. Надонистанд, ки кашидаи Салимшоҳ чиро ифода мекунад. Баъди он, ки ин марди накусиришт, қисм ба қисм шарҳ дод, ки дар ин саҳна рамзи пайравони хонаи ростии Помирро, ки маҳз хоси ин мардум аст, бо лаълу сутунҳои побарҷои Бадахшон тасвир кардаам, ки бадеияти ба худ хос дорад, ҳама дар ҳайрат монданд. Дар маҷмӯъ, ин саҳна ифодакунандаи ваҳдат мебошад. Бубинед, ки тахайюлу фалсафаи рассом то чӣ андоза баланд аст. Ин Ваҳдати Хоруғ ба тамоми мардуми тоҷик бо лаъли Бадахшон рӯшноӣ овард. Аз ҳама муҳимаш Салимшоҳ хеле хуб дарк мекунад, ки дар вуҷуди кадом минтақаи ҷумҳурӣ чӣ чиз ниҳон аст ва онро чӣ тавр рӯйи саҳна овардан даркор аст.
Кашидан, сохтану ҷо ба ҷо гузоштан аз ҳар кас маҳорат, дониш ва қобилияти беандоза талаб мекунад ва Салимшоҳ ҳамаи инҳоро дорост. Аз ин хотир ҳама ӯро дӯст медоранд, эҳтиром мекунанд ва устоди хеш мехонанд. Вақте ки дохили студияи телевизион мешавад, ҳама хушҳол мегарданд, дар як мижа задан ӯро дар ҳалқаи кормандон мебинанд, ки ба яке маслиҳат медиҳад, бо дигаре ҳазл мекунад ва ба сеюмӣ супориш медиҳад. Гоҳ ӯро дар сехи устоҳо, гоҳ дар зали намоиши барномаҳо, гоҳ дар дигар толорҳои калони пойтахт, ки он ҷо маъракаҳои муҳими ҷумҳуриявӣ ва симпозиумҳои ҷаҳонӣ баргузор мегарданд, дидан мумкин аст. Дар ороиши толор, саҳна ва ҳатто зебу зинати шаҳр саҳми ин марди чирадаст басо калон аст. Аз ҷумлаи онҳо «Кохи Борбад» ва Маҷмааи давлатии Кохи Ваҳдат мебошанд, ки барои омода сохтанашон ба чорабинии муҳими сиёсӣ ё фарҳангӣ Салимшоҳ як ё якуним моҳ кор мекунад, андеша меронад, бо қалам рӯйи коғаз меорад. Даҳҳо маротиба эҷодашро аз нав мекунад. Хуллас, то шабзиндадорӣ накунад, ба мақсади хеш намерасад. Бо дастони ин марди эҷодкор садҳо асарҳо дар мавзӯъҳои сиёсӣ, бадеӣ, лирикӣ, фарҳангӣ ороишу таҳия шудааст.
Ҳангоме ки сирри эҷодашро пурсон шудем, ӯ табассуме кард ва гуфт:
- Барои рассом аввал мавзӯъ, сониян андеша, сеюм нақша ва баъдан аз рӯйи он амал намудану сӯхтану сохтан аст, вагарна дар дили мухлис ва тамошобин ҷойгузин намегардӣ. Тарзе бояд кашид, ранг кард ва тасвир намуд, ки тамошобинро ба андеша кардан водор намоед ва ба дили ӯ ҷой гирад. Басо ифтихормандам, ки эҷоди ман, андешаи ман, тахайюли бадеиям, ки маро ба дунёи васеи рассомӣ ё худ эҷодкорӣ овард, аз деҳаи кӯчакам оғоз гашт ва ман аз он шукргузорам.
Салимшоҳро дар ҷумҳурӣ ва берун аз он ҳамчун ороишгари беҳтарини саҳнаҳо низ мешиносанд. Нақши қалами ӯ дар ороиш додани намоишномаҳо ва инчунин филму спектаклҳои телевизионӣ басо калон буда, писанди мухлисони сершумор гардидааст. Филми телевизионии «Суруди дил», филм- спектакли «Қабул аз соати 3 то 6»-и Р.Чхеидзе, филми бачагонаи «Фирор», спектакли телевизионии «Зани оҳанин» «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён…», барномаи «Ҳазораи «Шоҳнома», «Клуби дугонаҳо», намоишномаҳои «Наврӯзӣ», «Ҷашни истиқлоли Тоҷикистон», «Шашмақом», «Фалак», ҷашнҳои Ваҳдати миллии Хуҷанд, Душанбе, Рашт ва Хоруғ ва ғайраҳо аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Аз ҳама муҳимаш, ин мусаввир фарҳанги мардумиро медонад. Ботину зоҳири мардумашро дуруст дарк мекунад, барои ин дар тасвири манзара ё мавзӯйи ҳар маҳал ба мушкилӣ дучор намегардад. Эҷодаш гуногун буда, якранг нест. Гарчанде имрӯз ҷаҳонишавии фарҳанг ба назар расад ҳам, асли фарҳангашро покиза нигоҳ дошта, аз олудашавӣ онро нигоҳ медорад. Субҳ барвақт, ҳангоме ки сар аз болин мебардорад, дар фикри он аст, ки барномаи навбатии телевизион бояд чӣ тавр ороиш ёбаду мақбули тамошобин гардад. Маҳз заҳмати шабонарӯзии ӯст, ки барномаҳои Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон аз ҷиҳати ороиш ва тахайюлоти бадеӣ рангину ҷолиб ва дилписанданд.
Хизматҳои арзандааш аз мадди назари Ҳукумати Тоҷикистон дур намонд. Ҳунари волои рассоми мониқалам Салимшоҳ Пирумшоев бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ шудааст.
Ш.Шоҳқосимов, «Садои мардум»