Котиба интизорӣ мекашид, то модари пиру барҷомондаи сардор аз олам гузараду ӯ ҳамчун «мотамдор» оҳу фиғон бардорад ва бо ин роҳ ба дили раис роҳ ёбад.
Нимашабе аз хонаи раис садои гиряю нола ба гӯш мерасад. «Ана акнун фурсати муносиб фаро расид» -гӯён котиба саросема либосҳояшро пӯшида, ба азодорӣ мешитобад. Чун ба дами дари хонаи сардор мерасад, огоҳӣ меёбад, ки на кампири бемор, балки худи раис ба таври фоҷиавӣ ҳалок шудааст.
Чӣ бояд кард?
Ду шер дар як ҷангал (намеғунҷад)
Ду қумондони бо ҳам мухолиф дар як ноҳия «фаъолият» мекарданд. Боре яке аз онҳо ба сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявӣ таъкид ва таҳдид мекунад, ки агар дар шумораи ояндаи газета доир ба «корнамоиҳои» ӯ ва амалҳои ношоистаи ҳарифи низомияш мақолаи калонҳаҷме чоп нагардад, рӯзаш сиёҳ хоҳад шуд.
Қумондони дуюмӣ низ сармуҳарриро ба наздаш хонда, айнан ҳамин хел супориш медиҳад.
Чӣ бояд кард?
Кошки, волидайн намебуд!…
Падару модар хостанд писарашонро баъди хатми мактаб ба донишгоҳ дохил намоянд. Ба ин мақсад шахси боэътимодашонро пешакӣ ба «разведка» фиристоданд, то ӯ роҳҳои дохилшавиро ба таълимгоҳи олӣ аниқ кунад. Баъди ҳамаҷониба омӯхтани масъала мард ба деҳа бармегардад ва аз натиҷаи «тадқиқоташ» ахборот медиҳад:
- Аслан се роҳи дохилшавӣ вуҷуд доштааст.
- Кадом роҳҳо? – бетоқатона гапи ӯро ба як овоз бурида, роҳҳои ҳалли масъаларо фаҳмиданӣ мешаванд волидайни довталаб ва довталаб.
Мард ҷавоб мегардонад:
- Роҳи якум, дониши мукаммал.
Модар: — Афсӯс, ки…
Мард: — Роҳи дуюм, маблағ.
Падар: — Афсӯс, ки…
Мард: -Роҳи сеюм, шахсоне ки падару модар надоранд, аз рӯи имтиёз қабул карда мешаванд.
Фарзанд беихтиёр: — Афсӯс!
Чӣ бояд кард?
***
Шоире дар шеърияти баланд ва бо назокат гуфтааст:
Мақсади омадани мо талаби дидор аст,
Варна ин ному намак дар ҳама ҷо бисёр аст.
Шоири дигаре бо ришханд мегӯяд:
Мақсади омадани мо талаби ифтор аст,
Варна ин рӯи хунук дар ҳама ҷо бисёр аст.
***
Мепиндорам, ки сахттарин ҳақоратро дар адабиёти тоҷику форс Мирзо Асадуллои Ғолиб додааст:
Ҳамчу ту ноқобиле дар сулби (зоти) Одам дида буд,
З-ин сабаб шайтони малъун саҷда бар одам накард.
***
Подшоҳон дар рӯзгори пешин ҳатман дар сафар ва ё шикор бо худ шоиронро мебурданд, то базмро гарм бидоранду табъро болида. Вале яке аз ин шоирҳо аз андоза зиёд шароб менӯшаду масти лояқил мегардад. Шоҳ чун ин ҳолро мебинад, ба лутф мегӯяд: «Мо туро овардем, ки бо мо бошӣ, аммо чунонки мебинем, ту бо худ ҳам нестӣ».
Абдуқодири Раҳим