Танҳо забон метавонад барои иттиҳоди миллӣ таъсиргузор бошад

№122 (4705) 06.10.2023

Агар гӯем, ки аз бомдоди таърих то ҳол воситаи асосии истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастӣ забон буд, иштибоҳе нахоҳем кард. Дар тӯли таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик ин миллат ба фатҳе муяссар гардид, ки дубора пояндагӣ, умумиятии миллӣ ва ваҳдати сарзамини меросмондаи худро, ки имрӯз аз гузаштагони мо баъди тохтутозу қатлу сӯхтор эмин мондаю ба мо расидааст, аз нав барқарор созад. Он азамату ҷалоле, ки Оли Сомон дошт, давлату давлатдории тоҷиконро муаррифгар буд, имрӯз ин рисолат бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон адо гардид. Забон мавқеи олии худро соҳиб гардид ва тавассути заҳматҳои Пешвои миллат он ба гӯши ҷаҳониён расид ва мақому мартабаи хоса касб карда, аз минбарҳои баланд шунида шуд. Боиси сарбаландию хушнудӣ аст, ки кишвари моро тамаддунҳои пешрафтаи олам ҳамчун як ҷумҳурии соҳибистиқлол мешиносанд.

Ба масъалаи забон таваҷҷуҳ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мояи ифтихору сарбаландии миллати мост ва дар ин маврид таъкид намудаанд: «… Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва рос­тини миллатро дар ҳифозаи худ нигоҳ медорад. Фарҳанги беназиру оламшумули тоҷикон ва адабиёти пурғановати зиёда аз ҳазорсолаи тоҷикон, ки қалбҳои аҳли назар ва фаҳму фаросати ҷаҳонро тасхир кардааст, маҳз бо ҳамин забон, яъне забони тоҷикӣ навишта ва эҷод шудааст».

Эҳтиром ба забони ноби тоҷикӣ аз таъкидҳои ҳамешагии Пешвои миллат буда, дар ин росто чунин баён намудаанд: «Забони тоҷикӣ баёнгари тамоми арзишҳои бузурги маънавии халқи мо буда, тамаддун ва фарҳанги куҳанбунёд, ки мо бо онҳо ифтихор мекунем, то ба имрӯз маҳз ба воситаи забони модариамон ҳифз гардидааст». Гузашта аз ин, Пешвои миллат таъкид менамояд, ки матнҳои беш аз ҳазору дусад сол қабл навишташударо бо он забоне, ки садҳову ҳазорҳо бузургони суханвари ин марзу бум эҷод кардаанд ва осори ҷовидонаи худро ба имрӯзиён мерос гузоштаанд, мехонему мефаҳмем.

Маълум аст, ки забон воситаи муҳимтарини ифодаи фикр ва робитаи байни инсонҳо буда, ҳамчун падидаи иҷтимоӣ аз бомдоди зуҳури башар муносибатҳои иҷтимоиро ба танзим даровардааст. Ба баёни дигар, қудрат ва тавонмандии забон нишонаи иқтидори ҳар миллат аст. Андеша, аз ҷумла андешаи миллии забон ва мутаносибан, забон андешаи миллиро неруманд месозанд. Заъфи яке аз ин ду падида ё боиси зуҳури зарфиятҳои маҳдуди фикрӣ, эҷодӣ, фарҳангӣ, ҳунарӣ, ахлоқӣ ва амсоли инҳо дар равандҳои иҷтимоӣ мегардад ва миллатро ба мушкилоти зиёди моддию маънавӣ мувоҷеҳ месозад. Аз ин ҷост, ки баробарии ин ду падида тавозунро дар муносиботи иҷтимоӣ нигоҳ медорад ва роҳи бузурги буҳронҳои ахлоқӣ, фикрӣ, илмӣ, фарҳангиро мебандад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, иқтидори забон ва андеша иқтидори миллат ва давлат талаққӣ мешавад ва агар дар пушти забон ақлу дониш бошад, он забон оянда ва тавонмандии муаррифии шоистаи миллатро дар арсаи байналмилалӣ метавонад дошта бошад.

 Пешвои миллат тайи фаъолияти роҳбариашон эҳёи ҳофизаи таърихӣ, тақвияти ҳувияти забонӣ, навсозии сохтори давлатӣ, ободкорию созандагӣ ва рушди миллиро ба унвони стратегияҳои давлатӣ дар ҷавҳари фаъолияти сиёсии худ қарор дода, тамоми имконоту тавонмандиҳояшонро сарфи анҷом додани лоиҳаҳои миллатсозӣ ва эҳёи таърихи миллӣ, ки тавассути забони давлатӣ имконпазир мешуд, оғоз намуданд. Ин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон масъалаи эҳёи таърих, суннат, анъанот, оинҳо ва мероси бостонии миллӣ, ки дар ташаккули ҳувияти забонӣ ва тақвияти ҳофизаи таърихии миллат нақши асосӣ доранд, ҳамеша дар мадди назар қарор дода, дар ин масир устуворона қадам бардоштанд. Ҳатто замоне ки мардум ва давлат дар ҳоли буҳрони ҷиддии молиявию иқтисодӣ қарор дошт, Сарвари давлат дар фикри зинда кардани таърихи миллӣ ва эҳёи суннатҳои дерина афтода, роҳҳои барқарор кардани ҳофизаи таърихии миллатро аз тариқи рушд ва такмили забон ҷустуҷӯ мекарданд.

Таърихи инсоният шоҳиди он аст, ки забон, фарҳанг ва таърихи миллат омилҳои мавҷудияти миллат буда, барои ташаккулу таҳаввули тамоми ҷанбаҳои ҳастии он заминаи мусоид фароҳам меоваранд. Дар марҳилаи кунунии таърихӣ, ки миллати тоҷик таҳти роҳнамоӣ ва ҳидояти Пешвои миллат худ барои эҳёи арзишҳои миллию таҳкими сохтори давлатдорӣ ва ваҳдату ягонагии мардуми кишвар саъю талош меварзад, гиромӣ доштани забони тоҷикӣ амри бисёр муҳим ва воқеист, зеро дар кишвари мо танҳо ҳамин забон метавонад барои ҳамоҳангиву иттиҳоди миллат ҳамчун омили таъсиргузор маҳз бо ҳамин ном, яъне забони тоҷикӣ хидмати бештар кунад.

Ҳамин тариқ, дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти ҳимоя ва ҷоннисориҳои бевоситаи Пешвои миллат забони миллӣ дар мақоми давлатӣ мақому маҳбубият касб намуд ва асноди меъёрии ҳуқуқие дар ин замина ба тасвиб расид, ки ҷойгоҳи забони миллатро мушаххасу муқаррар намуд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ( соли 2009), «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016», «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ва амсоли инҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқиеанд, ки дар робита бо забони давлатӣ дар шароити истиқлолияти миллӣ бо ибтикороту пешниҳодоти бевоситаи Сарвари давлат қабул гардидаанд.

Бояд зикр кард, ки маҳз, соҳибистиқлолӣ барои дурахши дигарбораи яке аз муқаддасоти миллии мо – забони тоҷикӣ ва рушду такомули он заминаи мусоид ва имкониятҳои фаровон муҳайё намудааст.

Хуршед КАСИРЗОДА,

сармутахассиси Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвонҷӯи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон