Танзим ба хотири таъмини зиндагии шоиста аст

№34 (4930) 19.03.2025

1025078727_0_259_1944_1037_1920x0_80_0_0_f8b586dda70c81a2e70c61fbcb89f5d11Соли 2007 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи ҷумҳуриявӣ доир ба танзими расму оинҳои миллӣ ва анъанаву маросимҳои динӣ таъкид намуда буданд, ки «То расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, бо қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем».

Воқеан, қисме аз мардуми мо бо сабаби зоҳирпарастии пучу беасос ва дар иҷрои маросимҳо ва маъракаороиҳо пойбанди таассубу хурофот будани худ ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гӯшаи олам ба назар намерасад. Яъне, рафтори бисёр оилаҳо – хоҳ доро бошанд, хоҳ нодор, мақоли «бо сӯзан ҷамъ кардану бо шоха ба бод додан»-ро мемонад.

Дар робита ба ин, яке аз санадҳои муҳиме, ки ба ҳаёти иҷтимоию фарҳангии мардуми Точикистон дигаргунӣ ва таҳаввулот бахшид, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумор меравад. Агар гӯем, ки қонуни мазкур нахустин қонуни миллӣ аст ва шабеҳи он дар дигар кишварҳои олам дида намешавад, иштибоҳ нахоҳем кард, зеро он бо назардошти пешниҳоду муроҷиатҳои сершумори шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки тайи солҳои тӯлонӣ ба анъанаҳою маъракаҳои нолозим ва гирифториҳои зиёде пойбанд буданд ва аз ин мушкилиҳо раҳоӣ меҷустанд, ба тасвиб расид.

Ба имзо расидани чунин қонуни миллӣ, албатта, кори саҳлу осон набуд. Гурӯҳҳои корӣ иборат аз намояндагони тамоми кишрҳои ҷомеа — олимони ҷомеашинос, ҳуқуқшинос, уламои дин ва дигар коршиносон ба омӯзиши ин масъала пардохтанд ва хулосаҳои худро ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд. Билохира, 8 июни соли 2007, пас аз муҳокимаи васеъ, бо иштироки аҳли ҷамоатчигии кишвар, назарсанҷию таҳлил ва омӯзишҳои амиқ санад ба тасвиб расид.

Аксари коршиносон дар мақолаю нигоштаҳояшон нақши муассири қонунро дар пешгирии исрофкорӣ, беҳтаршавии дараҷаи некуаҳволии мардум, ҳар чӣ бештар ба низоми зиндагии шаҳрвандон ворид шудани он баён намудаанд. Таҳлилҳо собит месозанд, ки амалисозии чунин қонун аз ҳар ҷиҳат ба мардуми мо манфиат оварда, барои тадриҷан аз байн бурдани маъракаю маросимҳои хурофотию зуҳуроти манфии иҷтимоӣ мусоидат намуда истодааст. Бояд таъкид намуд, ки ягон модда ва талаботи меъёрҳои қонуни мазкур ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки онҳоро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон муқаррар намудаанд ва фармудаҳои шариати исломӣ мухолифат надорад.

Амали қонуни мазкур ҳамчун қонуни миллӣ аз лаҳзаи қабул то имрӯз дар доираи арзишҳои миллӣ, динӣ ва башарӣ ба ҳимояи манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳрвандон мусоидат намуда, дар таъмини шароити арзандаи зиндагии аҳолӣ, баланд бардоштани маданияти маъракадории шаҳрвандон ва иҷрои барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ таъсири мусбат гузошт.

Нақши қонун дар шароити ҷаҳонишавӣ ва буҳронҳои молиявии олами сармоядорӣ дар ҳимояи манфиати мардуми кишвар ва риояи қатъии қонунҳои соҳавӣ назаррас аст.

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид таъкид гардид, ки «Мову шумо ба хотири боз ҳам беҳтар гардонидани шароити рӯзгори мардумамон бояд дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ сарфаю сариштакор бошем, зиёдаравӣ нанамоем».

Дастуру роҳнамоиҳои Сарвари давлат бояд намунаи пайравӣ, марому дастури ҳар як фарди соҳибхирад ва ватандӯсти кишвар бошад.

Моро зарур аст, ки дар амалисозии қонуни миллӣ, ки барои баланд гардидани сатҳи некуаҳволии мардуми кишварамон нигаронида шудааст, саҳмгузор бошем ва ояндаи дурахшони худро дар заминаи арзишҳои пурғановати миллӣ фароҳам орем.

Гулноза МАРДОНЗОДА,

корманди Суди Олии иқтисодӣ