Аз 20 феврал то 30 апрели соли равон бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Қрим», «Иттиҳодияи ташкилотҳои адабии Ҷумҳурии Қрим ва шаҳри Севастопол» ва дастгирии сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятии Федератсияи Россия дар доираи амалӣ намудани барномаи «Дипломатияи мардумӣ» ва лоиҳаи «Пайроҳаҳои фарҳангӣ ва таърихии Таврида» Фестивали XI байналмилалии адабии «Тирамоҳи Чехов» (дар шакли онлайн) баргузор гардид.
Боиси ифтихор аст, ки зимни ҷамъбасти озмун – 14 май дар номинатсияи «Нависандагон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи Қрим» ҳамдиёри мо, ҳамраиси Шӯрои адабии Ассамблеяи халқҳои АвруОсиё, шоир ва ходими ҷамъиятӣ Абдуқаҳҳори Қосим дар байни шоирону нависандагони 26 давлати дунё, аз ҷумла, Федератсияи Россия, Олмон, Сурия, Ироқ, Фаронса, Шветсия, Норвегия, Украина, Қазоқистон, Испания, Непал, Чин, Мексика, ИМА, Швейтсария, Нидерланд, Норвегия, Беларус, Миср, АМА, Ҳиндустон, Бангладеш, Ветнам, Сербия ва Хорватия лауреати фестивал ва сазовори дипломи дараҷаи 1 ва медал гардид. Медал ва дипломи лауреатҳои фестивал ба ғолибон дар шаҳри Ялтаи Ҷумҳурии Қрими Федератсияи Россия (октябр — ноябри соли 2021) супорида мешавад.
Бояд қайд намуд, ки шоири тоҷик Абдуқаҳҳори Қосим ҳамчун узви ифтихории Фестивали байналмилалии ҷавонон «Климентфест» аз ҷониби «Ҷамъияти русҳои Қрим» бо «Диплом барои саҳми назаррас дар ҳифзи хотираи таърихии Россия, тарбияи ватандӯстӣ ва рушди фарҳанги муҳити ҷавонон» сарфароз шуд.
12 май Шӯрои адабии Ассамблеяи халқҳои АвруОсиё Абдуқаҳҳори Қосимро ҳамчун шоир, тарҷумон ва ходими ҷамъиятӣ барои дастовардҳои махсус дар фаъолияти байналмилалӣ ва бахшида ба 110 — солагии зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода аз ҷониби Иттиҳоди элитарии байналмилалии дипломатияи мардумӣ (президенти иттиҳод нависанда ва ходими намоёни ҷамъиятӣ Бахит Рустемов) бо медали махсуси он қадрдонӣ намуд.
Тавре дар сомонаи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ омадааст, боиси хушнудӣ ва ифтихор аст, ки Шоири халқии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзодаро дар дунё мешиносанду ба хотири гиромидошташ туҳфаю мукофотҳо таъсис медиҳанд. Нафароне, чун шоир Абдуқаҳҳори Қосим роҳи пурпечутоби устоди зиндаёдро идома хоҳанд дод.
Таҳияи Н. НИЗОМӢ,
«Садои мардум»