Дар олами эҷод шахсе бештар мавқеъ пайдо мекунад, ки ба майдони мардпарвари адабиёт на аз роҳи ҳавову ҳавас, на ба мақсади пайдо кардани шуҳрат, балки бо амри дил ворид мешавад. Ҷумахони Сайдалӣ аз ҷумлаи ҳамин гуна эҷодкорон аст. Китобҳои шеъраш бо номҳои «Замзамаҳои Мунк», «Оинаи дидор», «Чилчанор», «Овози ошно» ва «Чароғи лола» дастраси дӯстдорони каломи бадеъ гаштаанд. Чанде пеш маҷмӯаи шеърҳои нави адиб бо номи «Шабҳои дурӣ аз ту» аз чоп баромад.
Аз китоби нави адиб бармеояд, ки шоир ба зиндагӣ, ба Ватан меҳри беандоза дорад, шеъри содаву равон мегӯяд, аз печидагӯӣ парҳез мекунад. Ба хотири ёфтани тасвирҳои зебо беҳудагӯӣ намекунад, шеърҳои дур аз лутфу малоҳату маъно намесарояд. Ӯ хуб медонад, ки чунин кор завқи шеърхонии мардумро мекоҳад. Дар ин маврид Шавкати Бухороӣ мегӯяд:
Зи фикри дур хаёлам ғариб шуд, Шавкат,
Миёни маънию лафзам ҳазор фарсанг аст.
Ҷумахон тараннумгари сулҳу дӯстӣ, муҳаббат ба Ватан, шукӯҳи ваҳдат ва ободию созандагиҳост.
Ӯ набзи замонро хуб эҳсос мекунад. Аз хатарҳои ҷаҳони муосир ғофил нест:
То ҳаст номи Аҳриман,
Охир надорад шӯру шар.
Эмин наёбад аз хатар,
Хасмони бадхоҳи башар.
Мо дӯстдори Ваҳдатем,
Хоҳони сулҳу дӯстӣ.
Дониста мемонем пой,
Дар роҳи сулҳу дӯстӣ.
Аз пешрафту шукуфоии Ватан меболад:
Моро ту яктоӣ Ватан,
Дар дидаҳо ҷойи Ватан.
Мисли баҳори тозарӯ,
Сабзу дилороӣ Ватан.
Ба бовари ӯ «забони қанди шоир аз ватандорист». Ватанро бо Хатлону Рашту Бадахшону Суғд дар ҳамбастагӣ мебинаду дӯст медорад.
Ватан Суғд асту Хатлон асту Рашт аст,
Ватанро бо Бадахшон дӯст дорам.
Тозагӯиҳо ва маҳорати хуби шоирии Ҷумахон дар шеърҳои тасвирии «Ярч», «Зимистон» ва «Борон» бештар ҳувайдо мегардад. Масалан, шеъри «Муҳраи борон» аз тозагӯиҳои адиб дарак медиҳад.
Пич-пичи барги дарахтон мерасад
Бо садои форами борон ба гӯш.
Мавҷи дарё мебарад қалби маро,
Мисли гавҳар рӯи мавҷи пурхурӯш.
Дар шеъри «Зимистон» шоир манзараи зимистони сарди кӯҳистонро бо маҳорати баланд ва тасвирҳои тозаи шоирона пеши чашми кас ҷилвагар месозад:
Мисоли мӯйсафеди пир тобад,
Чанори рӯйи роҳи деҳаи мо.
Ба тан пироҳани яхбаста дорад,
Замини барфпӯши деҳаи мо.
Ба сони резаҳои шиша бинам,
Ба зери по гаҳе яхпораҳоро.
Ҳамели риштаи яхҳо гирифта,
Лаби бому сари порисаҳоро.
Дар пораҳои зикршуда вожаву ибораҳо зебову табиӣ истифода шудаанд ва шеърро ҷолибу хотирмон кардаанд. Таъкид кардан бамаврид аст, ки беш аз 70 шеъри ӯро сарояндагон, аз ҷумла шодравон Бобоҷон Азизов ва Шараф Азизов, оҳанг баста месароянд.
Қаҳрамони матлаб ҳамқадами замон асту шеъри даврони хешро мегӯяд. Ӯ аз озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ», ки ҳар сол бо иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад, илҳом гирифта аст.
Чароғи равшани дунё китоб аст,
Фурӯғи дидаву дилҳо китоб аст.
Агар хоҳӣ шавӣ донову оқил,
Ҳамеша раҳнамои мо китоб аст.
Дар маҷмӯъ, номбурда бо самимият шеър мегӯяд ва ҳар вожаву мисраи ашъори ӯ бо маъниҳои хубу хотирмон рангин мегардад. Ба ибораи дигар, ӯ тараннумгари зебоиҳои диёр аст.
Иззатбек Идизод,
шоир