Тариқати пойдор

№35-36 (4455-4456) 19.03.2022

Баҳор бар ту муборак, аё баҳортарин,

Худо туро ҳамеша ёр боду ёртарин.

Бизӣ, зи боди ҳаводис эмин бош,

Ки гултарин нафарон ҳам шаванд хортарин.

Ту некувона, ки аз сулби фитрат омадаӣ,

Дар ин тариқати худ бош пойдортарин.

Сипоси субҳ, ки фарроши осмонии мост,

Дигар кӣ ҳаст ҳамин гуна тозакортарин.

Зи панҷ ҳарфи мунаввар ситораобод аст

Даруни дурҷи дилат дурри шоҳвортарин.

Муҳаббат омаду аз роҳ боздошт туро,

Вагарна чун ҳамаи сахт рафтагортарин.

ФАРЗОНА,

Шоири халқии Тоҷикистон