Таронаҳои наврӯзӣ

№30 -31 (3667 - 3668) 18.03.2017

ДИЛСӮЗӢ

Дасти писарчаамро гирифта, ба сайри чаман  баромадам. Гулҳои қоқу нозу ишвагарӣ мекарданд. Тифлакам аз тамошои онҳо ба шавқ омада, майли чиданашон дошт. Фикре ба сарам зад, ки чанд гули наврустаро  канда, ба дасташ бидиҳам. Аммо  дилам нашуд. Охир, агар ҳар ошиқе барои маҳбуба ва ҳар модаре ба хотири тифл онҳоро барои лаҳзае завқ бурдан биканад,  хазон дар табиат ва берангӣ дар ҳаёт хеле барвақт фаро хоҳад расид.

ПАНДИ НАВРӮЗӢ

Наврӯз. Одамон  мерақсанду мебозанд. Хони наврӯзӣ ҳам ороста аст. Чашмам ба пирамарде афтод, ки  зери дарахте ғарқи андеша нишаста буд. Ба наздаш рафтам ва  бо иди Наврӯз табрикаш намудам. Пурсидам, чаро андуҳгин аст? Табассуме карду гуфт:

- Духтарҷон, мушкиле надорам. Вале мо мафтуни зебоиҳо ва хушиҳои Наврӯз гардида, аз беҳтарин ва муҳимтарин неъмати он бебаҳра мемонем.

- Неъмати Наврӯз чист, бобоҷон? – кунҷковӣ кардам.

- Расидан ба қадри зебоиҳои табиат, ҳаёту ҳамдигар. Таҳлилу хулосабарорӣ аз савобу гуноҳҳо. Бо ҳам меҳрубон будан, дӯст доштан ва дареғ надоштани некӣ…

ТУҲФА БА МОДАР

Аз кӯчае мегузаштам. Занону духтарон роҳ мерӯфтанд. Миёнашон зане солхӯрда хастаҳолу андешаманд менамуд. Чунин ба назар мерасид, ки ғамеву дарде дошт. Шамоли сарду шӯхе гесувонашро парешон мекард. Ногаҳон мошини  гаронбаҳое пайдо шуд ва  ҷавонмарде аз он  берун омад. Вай рӯмоли зебое дар даст назди зан омаду гуфт;

- Холаҷон, ин туҳфаи ночизро аз ман қабул ва ба арвоҳи модарам дуо кунед.

Ҷавон ба мошинаш нишасту бодвор аз назарҳо нопадид гардид.

Зани ҳайратзада гоҳ ба ҳамкорон ва гоҳ ба рӯймоли дасташ нигоҳ карда, чӣ гуфтанашро намедонист.

Аз ин мушоҳида мутаассир гардидам ва дар дил гуфтам: сано ба модаре, ки чунин ҷавонмардеро бо диле бузург ва фаросати баланд ба дунё овардааст.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»