Таронаи тоҷ

№139-142 (4559-4562) 14.11.2022

21Ватан,

эй додаи Яздон,

Ватан,

эй маншаи имон,

Ватан,

эй тахту тоҷи сабз гашта

аз арақҳои ҷабину хуни поки қалби аҷдодон,

Ватан,

эй тахти реша дар дили мардум,

Ватан,

эй тоҷи болотар зи афлоку нигинаш хӯшаи анҷум,

Ватан,

эй аллаи ҳар модари тоҷик,

 

Ватан,

эй достони носуруда дар дили ҳар шоири тоҷик,

Ватан,

эй сарпаноҳи ҷумла парвозиву ҷумла бепари тоҷик,

Ватан,

эй дар замин хуршеди тоҷик,

моҳи тоҷик,

ахтари тоҷик,

Ватан,

 эй меҳри дил,

эй муҳраи ҷон,

зери ин гардуни гардон меҳвари тоҷик!

Фаровон сарзамин,

аммо замини решаҳои мову ман яктост,

Чунин дашту даман якто,

чунин боғу чаман яктост,

Худо яктост дар дунё,

 худодод ин Ватан яктост!

 

Ватан,

  мо аз ту умре қарздорем,

Дигар бояд ба дастат дил супорем,

На по, бояд ба хокат сар гузорем!

Ба тифлӣ хӯрда гар хоки туро мо бо умеди пок сабзидан,

Тани моро

хӯрад хоки ту бояд

баъди ҷонро бар ту бахшидан!

 

Кунад ҳар кас маҳалбозӣ дигар,

 нони Ватан-Модар ҳаромаш бод!

Кунад ҳар кас мағалбозӣ дигар,

гум аз ду дунё нақшу номаш бод!

Бадӣ ҳар кас ба ин некӯ Ватан-Модар бихоҳад,

заҳри ҷонаш шири момаш бод!

 

На суғдиву бухориву бадахшонӣ,

На раштиву самарқандиву хатлонӣ,

На балхиву ҳисориву зарафшонӣ,

На вахшиву хуросониву фарғонӣ,

 

Ба як мазҳаб,

Ба як динем дигар,

Дини поки қобили табрик –

Ману моем аз ин пас

халқи яктан,

халқи якдил,

халқи якҷон –

ТОҶВАР ТОҶИК!

Низом ҚОСИМ

Шоири халқии Тоҷикистон