Тарошаи аз бом афтида

№7 (3801) 16.01.2018

DSC_2775Дар шиор, навиштаҷот ва овезаҳо баъзан матлабҳое ҷой мекунанд, ки тарошаи аз бом афтодаро мемонанд. Чунончӣ: «Агар оилаат осуда бошад, вазъи обу ҳаво муҳим нест». Ин маънии «баланд» маҳсули андешаи кист, намедонам. Аз ҳар касе, ки бошад, бӯе аз завқи бадеӣ надорад. Ҷузъи дуюми ифода ба ҷузъи якум ҳеҷ рабт намегирад.

Ин овезаи боҳашамат дар кӯчаи Саъдии Шерозӣ – назди бинои Сирки давлатӣ воқеъ гардидааст. Аслан дар шиорҳо аз ҳикмату сухани пандомез, андарз ва хитобаҳои тобиши ташвиқотию пандомӯзидошта истифода мебаранд, ки маҳсули зеҳнии ашхоси хирадманд аст. Овезаи зикршуда бошад, сунъӣ ва мантиқан хароб аст. Он тобиши шартӣ дорад, вале шарти он қабул нест, чунки вазъи обу ҳаво ба дилхоҳ оила — хоҳ осудаю пойдор бошад, хоҳ носолим таъсир мерасонад. Хостам барои тақвияти фикр аз натиҷаҳои фоҷиабори вазъи обу ҳаво дар кишварҳо ва оилаҳои фалокатзада мисол орам, вале охирон таъсири вазъи обу ҳаво дар навоҳии вилояти Суғд – тундбоде, ки шаби 26 ба 27 декабр рӯй дод, тақвиятбахши ҳамин фикр шуд.

Вазъи обу ҳаво, раъду барқ, тӯфон, тундбод, тармафароӣ, боришоти зиёди номаҳал, сел на танҳо барои осудагии оила, балки соҳаҳои кишоварзӣ, чорводорию боғдорӣ низ муҳим аст.

Бо сабаби номусоидии обу ҳаво соле садҳо оила зарар мебинанд. Агар аз ин рекламаҳо (тозакориҳо) ҳадаф солимию пойдории оила бошад, мо онро бояд бо фик­ри муносиб иброз намоем, тамоюли тоза нигоҳ доштани забонро риоя кунем, ба мардум алфози ғалат ва ифодаҳои хаторо таҳмил накунем. Вақте ки фикри худро дар қолаби мантиқ баён карда наметавонем, ниҳояти нотавонӣ аст.

Имрӯз забони бисёре аз эълону рекламаҳо ба талабот ҷавобгӯ нест. Ин эътибори забони давлатиро паст мекунад, асаби хонандаро мехарошад ва боиси коҳиши ҳусни сухан мегардад.

Охир, ин навиштаҷотро ҳар кас аз рӯйи рағбат мехонад ва баҳо медиҳад. Чунин шиорҳои ғалат хеле зиёданд. Ин ғалатнависҳо бояд пайгарди ҷавобӣ дошта бошанд.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»