Сиёсати экологӣ дар ҷумҳурӣ яке аз самтҳои асосӣ ба шумор меравад, зеро пайомадҳои онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш ва пеш аз дигарон дарк карда, вобаста ба он ташаббусҳои созанда намуданд. Яке аз онҳо маърифати экологии аҳолӣ мебошад.
Ҳадафи таълими экологӣ ташаккули муносибати масъулиятнок ба муҳити зист мебошад. Он риояи принсипҳои ахлоқӣ ва экологии идоракунии захираҳои табиӣ ва таблиғи ғояҳоро барои омӯзиш ва ҳифзи табиат пешбинӣ мекунад. Асоси назариявии таълими экологӣ ба ҳалли се вазифа — таълим, тарбия ва рушд равона шудааст. Бо истифодаи дурусти усули гуногуни таълим имкон фароҳам мегардад, ки шахсияти аз ҷиҳати экологӣ босалоҳият ва дорои ахлоқ ба воя расад.
Мазмуни таълими экологӣ системаи меъёрҳоеро дар бар мегирад, ки аз самтҳои арзиши ахлоқӣ бармеоянд. Низоми арзишҳо аз дарки арзиши табиат маншаъ мегирад. Кори мустақилона бо манбаъҳои гуногуни иттилоот имкон медиҳад, ки маълумот ҷамъ карда, моҳияти масъаларо дарк намоем. Бозиҳои гуногун, таҷрибаи қабули қарорҳои оқилона эҷодкориро ташаккул дода, имкон медиҳад, ки дар омӯзиш ва ҳифзи экосистемаҳои маҳаллӣ, таблиғи ғояҳои пурарзиш саҳмгузор бошем.
Шарти чунин таълим ва тарбия тақвияти алоқамандии ахлоқӣ ва экологии донишҷӯён маҳсуб мешавад. Меъёри ташаккули муносибати масъулиятнок ба муҳити зист ғамхории маънавӣ барои наслҳои оянда мебошад.
Мақсади таълими экологӣ ноил шудан ба ҳадафҳои зерин аст:
- таълимӣ — ташаккули системаи дониш дар бораи мушкилоти экологии замон ва роҳҳои ҳалли онҳо;
- тарбиявӣ — ташаккули ангезаҳо, ниёзҳо, рафтор ва фаъолияти аз ҷиҳати экологӣ солим;
- инкишоф — рушди системаи малакаҳои зеҳнӣ ва амалӣ оид ба омӯзиш, арзёбии ҳолат ва беҳтар намудани муҳити зист, муносибат ба табиат ҳамчун арзиши умумиҷаҳонӣ.
Ташаккули мавқеи ахлоқӣ ва экологии шахс барои синну сол аз лиҳози нишондиҳанда ва шаклҳои зуҳури онҳо гуногун мебошанд. Масалан, синни хурдтари мактабӣ марҳилаи ташаккули пояҳои мавқеи ахлоқӣ ва экологии шахс мебошад. Овони мактабхонӣ барои ташаккули фарҳанги экологӣ давраи мусоид мебошад. Дар ин марҳила дар зеҳни хонандагон тасвири визуалӣ-маҷозии ҷаҳон, мавқеи ахлоқӣ ва экологӣ ташаккул меёбад, ки муносибати кӯдакро бо муҳит муайян мекунад.
Ҳамин тариқ, овони хурдсолӣ барои ташаккули пояҳои фарҳанги экологӣ бениҳоят мусоид буда, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан ба масъала заруру ногузир аст.
Акобир КАРИМЗОДА,
декани факултети биологияи ДМТ,
доктори илмҳои биология, профессор