Таваҷҷуҳ ба Қасри шоҳони Хатлон меафзояд

№ 09.07.2016

Ба наздикӣ намояндагони корпуси дипломатии сафоратхонаҳои кишварҳои мухталиф, ки дар Душанбе қарор доранд, дастҷамъона ба Қасри Шоҳон ташриф оварданд. Раиси ноҳияи Восеъ Мӯсо Ғафурзода ва кормандони маҷмааи Қасри Шоҳон меҳмононро бо нону намак истиқбол гирифтанд. Директори маҷмаа Абдулло Хоҷаев сафиронро ба таърихи қаср, ки ба асрҳои 1Х-Х1 мансуб аст, ошно намуда, гуфт, ки ин ёдгории таърихӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъмиру тармим шудааст.

Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»