Ба пешвози 20 - солагии СҲШ

Тавсеаи ҳамкории киносозони Тоҷикистону Ӯзбекистон

№72 (4334) 01.06.2021

DSC_0208Яке аз чорабиниҳои муҳими фарҳангӣ дар доираи 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии ташкилёбии Созмони ҳамкории Шанхай гузаронидани Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон буд, ки бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 19 — 22 майи соли 2021 доир шуд.

Тавре зикр гардид, ҳамкории киносозони ҳар ду кишвар аз солҳои бистуми асри ХХ сарчашма гирифтааст. Дар ин ҷода Артисти халқии ИҶШС, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Комил Ёрматов қадамҳои аввалинро гузоштааст.

Ҳунарпешаҳои шинохтаи ӯзбек Раҳим Пирмуҳаммадов, Олим Хӯҷаев, Яъқуб Ахмедов, Набӣ Раҳимов, Шуҳрат Эргашев, Дилором Қамбарова, Матлуба Олимова, Дилором Эгамбердиева, Тамара Шокирова ва дигарон дар филмҳои бадеии истеҳсоли «Тоҷикфилм» нақшҳои хотирмон офаридаанд.

Сафарҳои сарварони ҳар ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба ҷумҳуриҳои Тоҷикис­тон ва Ӯзбекистон ба тавсеаи равобити фарҳангии кишварҳо асос гузоштанд.

Директори генералии Агентии кинематог­рафияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фирдавс Абдухолиқов аз дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек дар мисоли Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки ҳамкориҳо минбаъд аз нав ҷоннок  хоҳад гашт.

- Ин сафар, — қайд намуд ӯ, — мо филмҳои ҳунарии «Илҳоқ», «Исёни арӯсон», «Хобҳои бенур», «Зери як осмон», филми мустанади «Посдори Иттиҳод» «Қалби халқ» ва филми тасвирии «Сандуқи сеҳрнок»-ро ба тамошобинони тоҷик намоиш додем. Вале мақсади асосӣ ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти истеҳсоли филмҳои бадеӣ миёни киносозони тоҷик ва ӯзбек мебошад.

20 майи соли 2021 меҳмонони ӯзбек  аз маҷмааи ёдгориву меъмории «Қалъаи Ҳисор» дидан карда, ҳунарнамоии Ансамбли этнографии «Қаратоғ»-ро тамошо карданд.

Баъдан, дар Китобхонаи миллии Тоҷикис­тон муаррифии китоби даҳҷилдаи «Мероси фарҳангии Ӯзбекистон» баргузор гардид. Директори генералии Агентии кинематографияи Ӯзбекистон Фирдавс Абдухолиқов зимни муаррифӣ изҳор намуд, ки китоби мазкур бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сифати баланд ба табъ расидааст.

Меҳмонони ӯзбекистонӣ, ҳамчунин, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Боғи «Куруши Кабир» ва оромгоҳи таҳиягари номвари тоҷик Борис Кимёгаровро зиёрат карда, чун арзи эҳтиром гулчанбар гузоштанд.

21 майи соли 2021 меҳмонон ба шаҳри Ваҳдат сафар намуданд. Дар Қасри фарҳанги шаҳр ба тамошобинон филми ҳунарии «Хобҳои бенур» намоиш дода шуд.

Сипас, дар Хонаи кинои ба номи Борис Кимёгаров (собиқ кинотеатри Зебуннисо) миёни ҳамкорони тоҷику ӯзбек мубодилаи афкор сурат гирифт. Ба меҳмонон филми бадеии «Бачаи обӣ» (истеҳсоли «Тоҷикфилм», соли 2020) — режиссёр  Файзулло  Файз нишон дода шуд. Мавриди зикр аст, ки дар он нақши асосиро бобои Баракат, Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон Убайдулло Омон бозӣ кардааст.

Дар рӯзи сеюм миёни директори МД «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён ва директори генералии Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фирдавс Абдухолиқов «Меморандум оид ба ҳамкорӣ» ба имзо расид. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар ҳамкорӣ филмҳои бадеии муштарак эҷод кунанд ва дар тарбияи мутахассисони ҷавони соҳаи кино, гузаронидани кинофестивалҳо ва туризми кино, тарҷума ва дубляжи филмҳои ӯзбекӣ ба забони тоҷикӣ саҳм гузоранд. Роҳбарияти Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон  ва МД «Тоҷикфилм» нахуст ҳамкориро аз рӯи ду филмнома «Санг ва об»-и таҳиягар Искандар Усмонов  ва «Ситораи ноаён»-и таҳиягар Муҳаббат Сатторӣ оғоз хоҳанд кард. Ҳар ду тараф барои истеҳсоли филмҳои нав маблағ ва дастгоҳу техникаи зарурӣ, инчунин, манзара ва ҷойҳои банаворбардориро муҳайё хоҳанд кард.

Директори генералии Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фирдавс Абдухолиқов  чун арзи сипос ба директори МД «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён коллексияи тиллоии филмҳои бадеии истеҳсоли киностудияи «Ӯзбекфилм» иборат аз 100 номгӯйро тақдим намуд. Зикр гардид, ки он филмҳои нодир бо дастгирӣ ва супориши Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз «Госфилмофонд»-и «Красные столбы»-и шаҳри Москва дастрас  шудаанд.

Ичнунин, зикр шуд, ки имсол дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон филиали Институти давлатии умумироссиягии кинематографияи Москва (маъруф бо номи ВГИК) кушода мешавад. Ҷониби Ӯзбекистон омода аст, ки донишҷӯёни тоҷикро ба таҳсил фаро гиранд.

Ҳамчунин, дар назар аст, ки дар шаҳри Тошканд Академияи кинои Ӯзбекистон ва киностудияи ҷавонон  «Ёшлик» ташкил мешаванд, ки метавонанд дар тарбияи мутахассисони ҷавони тоҷик низ саҳмгузор бошад.

Маросими пӯшидашавии Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон бегоҳии 21 майи соли 2021 дар кинотеатри Ватан ботантана    сурат гирифт. Зимни он барои ҳамкорӣ дар инкишофи кинои тоҷик, дастгирии таҳиягарон ва маблағгузорӣ барои филмҳои муштарак, инчунин, фаро гирифтани  донишҷӯёни тоҷик дар Филиали Институти давлатии умумироссиягии кинематографияи Москва дар шаҳри Тошканд директори генералии Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фирдавс Абдухолиқов бо нишони «Аълочии кинематографияи тоҷик» сарфароз гардид.

Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло Алиев