Теша Носиров: «Ободгарӣ ҳунар аст!»

№69 (3863) 05.06.2018

Теша НосировӮ дар деҳаи Мулиёви ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба дунё омадааст. Падараш Носир Аюбов баъди ҶБВ ба шаҳри Кӯлоб омада, даст ба бунёдкорӣ мезанад. Мардуми ҳамраъй аз гӯшаву канори музофоти дуру наздик ба ёрӣ бархос­та, харобаҳои ҷанги хонумонсӯзро батадриҷ рафъ намуда, зиндагониро ба низом оварданд. Ҳадаф ободгарӣ ва расидан ба рӯзгори осудаҳолона буд.

Ҷавони хурдсол ба корҳои падар ёрӣ мерасонид ва медид, ки ӯ аз субҳ то шом меҳнат намуда, тарбияи фарзандонро аз мадди назар дур намекард.

Теша Носиров синфи 11-ро дар мактаби миёнаи рақами 3 ба номи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ба итмом расонида, бо дуои падар ба факултети омӯзгории Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб ҳуҷҷат супорид.

Айёми донишҷӯӣ мисли баҳоре гузашта, ба Омӯзишгоҳи касбиву техникии рақами 32-юми шаҳри Кӯлоб роҳхаташ доданд. Роҳбарияти омӯзишгоҳ ӯро ба ҳайси мураб­бӣ пазируфтанд. Бо муомилаи хуш дар миёни омӯзгорон соҳибэҳтиром шуд. Аз посбон то директор ҳама дӯсташ медоштанд.

Чанде баъд роҳбарияти кумитаи комсомолии шаҳр кордониву чолокии Теша Носировро ба инобат гирифта, ба кор даъват карданд. Акнун давраи ҷаҳду талошҳо барояш фаро расид. Гузаронидани ҷамъомаду чорабиниҳои расмӣ, ҷалби ҷавонон ба корзори ҳақиқӣ, амалӣ намудани иқдомҳои нав чашмони ӯро сӯи оянда кушод. Дар панҷ соли фаъолият тавонист, ки соҳибиззат бошад. Ҳар гоҳе падар номи фарзандашро ба некӣ мешунид, меболиду ба даргоҳи Офаридгор шукр мегуфт. Масъулон ӯро дар вазифаи пешоҳангӣ дидан хоста, ба сарварии мактаби миёнаи рақами 2 ба номи Бобоҷон Ғафуров тавсия доданд.

Майдони фаъолият бо омӯзгорон барояш нав набуд. Ӯ медонист, ки соҳаи таълиму тарбия ва муаллимон ба чӣ ниёз доранд. Дар ин роҳ бо устодони собиқадор такя намуда, таҷрибаашонро омӯхт, ҳавасмандашон гардонд. Дар баробари ин олимпиадаҳои фанниро баргузор намуда, робитаи волидонро бо мактаб қавитар сохт. Падару модарон дар симои ӯ ояндаи неки фарзандонро медиданд. Баъзеҳо аз роҳи дур бошад ҳам, кӯдаконро маҳз ба ин мактаб меоварданд. Маорифчиён дар ҳаққаш суханони саршор аз муҳаббат мегуфтанд. Тӯли даҳ соли кор бо аҳли коллектив бародару хоҳар гаштанд. Айнан ҳамин гуна роҳбариро дар мактаби миёнаи рақами 9 ба номи К. Файзуллоев (солҳои 1992-2000) пеш бурд. Ӯ ҳамоно аз кор қаноатманд набуд. Дар лаҳзаҳои зарурӣ аз ҳампешагон мадад мепурсид, мағруриро бад медид.

Роҳбарияти маорифи шаҳр бо мақсади боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбия Теша Носировро ба Литсейи касбиву техникии рақами 32 (соли 2000) фиристод, ба даргоҳе, ки замоне он ҷо мураббӣ буд. Ӯ дар фаъолияти омӯзгорони литсей тарҳи нав андохт, сабку шеваи муносиберо рӯи кор овард, ки ба ҳама писанд афтод. Баъди таъмиру таҷдиди синфхонаҳо, мутахассисони варзидаро дастгирӣ намуд. Чунки медонист, ки бе муаллимони хушсавод ва дорои малакаву маҳорати хос пешрафти соҳа имконнопазир аст. Худ ҳам нозукиҳои соҳаро хуб медонист. Табодули таҷрибаи ҳамдигариро анъанаи пешиниён дониста, ба устодони собиқадор такя кард. Реҷаи муайян, мақсаднок гузаронидани дарсҳо, навоварӣ ва ташаббусҳоро дастгирӣ намуда, донишҷӯёни боистеъдод­ро танҳо намегузошт. Ин ҳама аз чашмони маорифчиёни кишвар пинҳон намемонд.

Дар 14 соли сарварӣ ба Литсейи касбиву техникии рақами 32 Теша Носиров дар равнақи соҳаи маориф ҳисса гузошта, боло бурдани онро ба шогирдон талқин намудааст. Бинобар расидан ба синни нафақа ин марди наҷибро ботантана гусел карданд. Вале дур мондан аз канори шогирдони азиз барои омӯзгори собиқадор хеле сахт буд.

Андешае домангираш шуд, ки барои фарзандони меҳнаткашони ин диёр боз чӣ намерасад? Мақсад гузошт, ки барои таъсиси коллеҷи иқтисодӣ камари ҳиммат мебандад.

Дар даврае, ки бояд дам гирад, ба ободгарӣ даст зад. Сиё­сати собитқадамонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаминро тақозо мекард. Дастуру фармоишҳои Нуриддин Саид — вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ ва дастгириҳои Хайрулло Амонулло — раиси шаҳри Кӯлоб ба ин раванд вусъат бахшиданд.

Ҳолатҳое буд, ки барои гирифтани литсензия дар як рӯз ду бор ба Душанбеву Кӯлоб мерафт. Иддае «маслиҳат» доданд, ки аз баҳри ин кор барояд. Бемуҳобо, ободгарӣ кори осон ҳам нест. Дар интиҳо, ӯ коллеҷи иқтисодиву техникии ғайридавлатиро бунёд гузошт.

Вақте бо Ганҷихон Қайюмзода — мудири кабинети методии коллеҷи мазкур суҳбат доштем, болои мизаш намунае аз осори шуарои адабиёти классикӣ: «Гузидаи куллиёт»-и Шамси Табрезӣ, «Мунтахаби ашъор»-и Абдулқодири Бедил, «Девон»-и Ҳасани Деҳлавӣ, «Ҷомеъ-ул-ас­рор» (бо ҳуруфи форсӣ) ва аз донишманди фозил Зафари Мирзоиён «Ниёиши некону покон»-ро дидам. Вале ӯ аз даст­овардҳои ҳайати омӯзгорон мегуфт, аз ранҷҳои кашидаи сарвари он Теша Носиров ҳикоят мекард ва дар зимн аз ашъо­ри Бедили бузургвор намуна меовард.

Соли сеюм аст, ки Коллеҷи иқтисодиву техникии ғайридавлатии шаҳри Кӯлоб арзи ҳастӣ дошта, ҳайати бузургеро ба ҳам овардааст. Дар он ҷавонон аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб таҳсил менамоянд. Онҳо дар ду факулта: молия ва иқтисод, энергетика ва сохтмон соҳиби ихтисосҳои андоз ва андозбандӣ, муҳосибӣ, таҳлил ва назорат, васл ва истифодаи таҷҳизоти барқӣ дар корхонаҳо ва биноҳои истиқоматӣ, сохтмон ва истифодабарии бино ва иншоот мешаванд.

Коллеҷ дорои 8 синфхонаи барҳаво буда, ҳуҷраҳои компютерӣ бо мизу курсӣ, тахтаи синфӣ дар фасли зимистон бо гармкунакҳои барқии каммас­раф таъминанд. Ба толибилмон 26 омӯзгор дарс мегӯянд. Аз ин ҳисоб се нафар номзади илм ва чор нафар аз корхонаи барқи шаҳр ва идораи сохтмонии шаҳр мебошанд.

Директори коллеҷи номбурда изҳор дошт, ки аз моҳи сентябри солҳои таҳсили 2016-2017 аз тарзи таҳсили анъанавӣ ба шакли кредитӣ гузашта талаботро нисбат ба донишҷӯён ҷиддӣ ба роҳ мондаанд. Дар ибтидо гузариш ба ин тарзи таҳсил миёни омӯзгорону толибилмон нофаҳмиву душворӣ пеш овард. Дертар мушкилоти мавҷуда бартараф гардид.

Дар муддати 2 солу 9 моҳи фаъо­лият ба Нозироти андози шаҳр 130063 сомонӣ, ба шабакаи барқ 1800 сомонӣ, ба идораи обу корез 3000 сомонӣ, иҷорапулӣ ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Кӯлобгаз» 57000 сомонӣ, дар маҷмӯъ 191863 сомонӣ пардохт гаштааст.

Роҳбарияти коллеҷи мазкур дар иҷрои бечунучарои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» корҳои муайянро анҷом доданд. Онҳо татбиқи қонунҳоро саривақтӣ арзёбӣ мекунанд. Дар ҷамъомадҳо ва маҷлисҳо ба шогирдон равшану возеҳ фаҳмонида, мавриди омӯзиши васеъ қарор медиҳанд.

Бино ба гуфти Теша Носиров, ҳавасмандон барои таҳсил дар боргоҳи таълим хеле зиёданд. Алҳол 470 нафар дар курсҳои рӯзона ва ғоибона таҳсил карда истодаанд.

Имсол ҳайати устодони Коллеҷи иқтисодиву техникӣ нахустин хатмкунандагонро мегуселонанд. Аз ҳоло барои дар сатҳи лозима гузаронидани ин чорабинӣ омодагиҳо ҷараён доранд. Табиист, ки аз ҳама бештар бунёдгузор-муассиси он, собиқадори соҳаи маориф Теша Носиров сертараддуд аст.

Сипеҳри ҲАСАНЗОД,

журналист