Пешниҳод

Тоқии чустӣ чун тоқии ягонаи миллии тоҷикон эътироф гардад

№2 (3639) 07.01.2017

ТОКИВақте ки баҳс дар атрофи либосҳои миллӣ сурат мегирад, риштаи сухан, пеш аз ҳама, сӯи пироҳани занона кашида мешавад. Ҳама пешниҳод мекунанд, ки   духтарони тоҷик бояд либоси  миллӣ — куртаву поҷома пӯшанд ва рӯймол дар сар банданд. Ин масъала гӯиё ба мардҳо дахл надорад, яъне баҳс яктарафа сурат мегирад.

Ба ҳамин маънӣ, боре дар Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон барномае пахш гардид, ки ҷавонони дар баҳс ҳузурдошта фикру андешаҳояшонро баён мекарданд. Чун суол аз пӯшидани либосҳои занона рафт, ҷавоне баландгӯякро гирифта, таъкид ба таъкид гуфт, ки духтарон бояд ба ҷойи либоси  аврупоӣ либоси миллии тоҷикӣ — куртаву поҷома пӯшанд.

Мутаассифона, он ҷавон дар либоси аврупоӣ буд.

Агар дар бораи пӯшидани либосҳои миллӣ сухан мегӯем, бояд донем, ки либоси миллӣ танҳо аз куртаву поҷома ё рӯймол иборат нест. Дар баробари ин, зебу зинати занона, камзӯлчаҳо, тоқиҳои гуногуни занона, рӯймолҳои ҳаррангаи мавсимӣ, инчунин ҷома, ҷелак, намудҳои тоқӣ, шалвор ва ба ин монанд либосҳои мардонаро ҳам ба назар бояд гирифт.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳар минтақаи Тоҷикистон – Бадахшону Хатлон, Суғду Раштон ва Ҳисори Шодмон либосҳои ба худ хос  ва таърихи қадима доранд. Метавонем атрофи ин ҳама боигарии маънавии хеш соатҳо ҳарф занем ва баҳс кунем. Лекин ин навбат мехостем, дар атрофи тоқии зебои чустӣ фикру андешаҳоямонро баён созем.

Тоқӣ, сарпӯш, тӯппӣ ё каллапӯш аз рӯзи ба дунё омаданамон моро ҳамроҳӣ мекунанд. Ҳар қадар кӯдак калон шавад, вобаста ба синну солаш ба ӯ сарпӯш ва тоқиҳои мавсимӣ медӯзанд ё мехаранд.

Навъи тоқиҳо бо мурури солҳо тағйир меёбанд. Ниҳоят, ба  балоғат, ки расидем, тоқии дилхоҳро интихоб мекунем ва онро дар маросимҳои гуногун мепӯшем. Расм шудааст, ки ба меҳмон, пеш аз ҳама, тоқӣ ва ҷомаи беқасаб (ҳоло зарҳалӣ мӯд шудааст) пӯшонанд. Чун шабона ба берун  мебаромадем, калонсолон таъкид мекарданд, ки сарпӯшамонро фаромӯш накунем. Дар рӯзҳои шодию ғам тоқӣ дар сар мекунем.

Каллапӯш як навъ муаррифгари ин ё он  миллат аст. Масалан, мардуми Қафқоз бо либоси черкесӣ ва попохи худ ифтихор доранд. Артисти халқии СССР Маҳмуд Эсанбоев  попохашро ҳатто дар толори  анҷуманҳо, Қасри съездҳои СССР аз сар намегирифт. Нақл мекунанд, ки Котиби генералии ПК Иттифоқи Советӣ Л. И. Брежнев пеш аз оғози анҷумани навбатии партия аз минбар ба толор нигоҳ карда,

«Маҳмуд бо попохаш дар толор — мӣ?» — мегуфтааст.

Маҳмуд Эсанбоев ҳуҷҷат (иҷозатнома) дошт ва мутобиқи он дар сафарҳои расмии хориҷӣ ё ҷаласаву анҷуманҳои муътабари давлатӣ бо попох менишаст.

Тоҷикон намудҳои гуногуни тоқӣ доранд, ки дар аксар маврид бо номи маҳалли зисташон номгузорӣ шудаанд: тоқиҳои помирӣ, кӯлобӣ, хуҷандӣ, ғармӣ, ҳисорӣ, дарвозӣ, вахонӣ ва ғайра.

Мардҳо ва занҳо дар иди Наврӯз тоқии нав ба сар мекарданд. Дар тӯйи хатнасур ҳатман барои кӯдак тоқии нав медӯхтанд.  Барои домод, дар баробари  либоси шоҳӣ, инчунин тоқии нав дӯхта, дар сараш мегузоштанд.

Бо мурури солҳо (махсусан дар даврони Иттифоқи Советӣ) тоқиҳои мардонаро кам истифода мебурдагӣ шуданд. Ҳол он ки касе пӯшиданашонро манъ накарда буд. Он айём дар байни мардум тоқии чоргул ва чустӣ хеле машҳур буд.  Махсусан, ҷавонҳои солҳои 50 ва 60 –ум тоқии чоргул (ҳам мардҳо ва ҳам занҳо) ба сар мекарданд. Ба хотир оред, қаҳрамонҳои филмҳои ҳунарии «Ман бо духтаре вохӯрдам» (соли 1957) ва «Писар бояд зан гирад» (соли 1958) — Саид, Лола ва Сайфӣ дар сар тоқиҳои зебои чоргул доштанд.

Таърихи тоқии чустӣ аз асрҳои XY-XYI сарчашма мегирад ва макони  пайдоишу тайёр кардани он деҳаи тоҷикнишини Чусти вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад. Садсолаҳо боз ин тоқиро  аҷдодон такмил дода, то ба имрӯз расондаанд. Тоқии чустӣ аз тоқиҳои дигар маҳалҳо бо баландӣ, содагии гулҳо ва сифатнокиаш фарқ мекунад.

Занҳои тоқидӯз ҳангоми дӯхтани гулҳо шакли қатраи об, шохча, гирдак, бодом, қаламфурро истифода мебаранд. Бо гузашти айём дӯзандаҳо шакл­ҳои нави  гулпартоиро ҷорӣ карданд ва тоқиҳои замонавӣ боз ҳам зебову чашмрас шудаанд.

Солҳои минбаъда мардум тоқии чустиро чун туҳфа ба меҳмонҳои фахрӣ тақдим мекарданд. Вақте ки дар шаҳри Москва Даҳаи адабиёт ва  санъати халқи тоҷик (соли 1941) доир гардид, ба Иосиф Сталин ва чанд тани дигар аз аъзои Ҳукумати Советӣ чун рамзи  эҳтиром ҷома ва тоқӣ пӯшониданд. Расми таърихӣ — Сталин ва Ворошилов дар тан ҷома ва дар сар тоқии чустӣ дар сомонаи Интернет низ ҳаст.

Чанд муддат тоқии чустиро танҳо дар рӯзҳои шодмонӣ ё мотам ба сар мекарданд. Дӯстон ё шиносони дерина аз рӯи ин аломат мусибат ё ягон чорабинии хурсандӣ доштани  рафиқашонро бо осонӣ пай мебурданд. Онҳое, ки аслан одати тоқӣ мондан надоштанд, солҳои охир танҳо дар рӯзҳои мусибати наздикон аз он ва миёнбанд истифода мекарданд. Ин анъана то имрӯз идома дорад. Дар асл тоқӣ як ҷузъи либоси  миллии мо — тоҷикон аст. Ҳатто, вақте ки дар Иҷлосияи таърихии XYI дар шаҳри Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд, дар маросими оши оштӣ ба Сардори давлат ҷома ва тоқии чустӣ пӯшониданд. Яъне, бо мурури солҳо тоқии чустӣ ҳамчун тоқии ягонаи тоҷикон шинохта шуд.

Дар Тоҷикистон ҳар минтақа либос ва тоқии худро дорад, вале хуб мебуд, агар вақти ба пойтахт ба ягон чорабинии сиёсӣ омадан тоқии якхела мепӯшиданд, то ки ҳамаи минтақаҳоро муттаҳид намояд. Чунин тоқӣ — тоқии зебои чустӣ мебошад. Онро аксари  мардон ба сар  мекунанд. Фахр бояд кард, ки бо ин тоқӣ устод Садриддин Айнӣ дар ҷамъомадҳои расмӣ, ҷаласаҳо ва анҷуманҳо баромад карда, миллати тоҷикро дар Съезди якуми нависандагони СССР (соли 1934) муаррифӣ кардааст. Аллома Бобоҷон Ғафуров зиёда аз 20 сол вазифаи директори Институти шарқшиносии СССР — ро бар уҳда дошт ва ҳамеша тоқии чустӣ дар сар меҳмононро пазироӣ мекард.

Вақте Расул Ғамзатов ҳангоми вохӯрӣ бо дӯсташ Мирзо Турсунзода попохашро сари зону гузошта, сила мекард, устод Турсунзода тоқии чустӣ ба сар монда, бо табассуми малеҳ «ҳисоб баробар» — гӯён механдид.

Чуноне маълум гардид, ин каллапӯши зебо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он маҳбубияти зиёд пайдо кардааст. Тоқии чустиро имрӯз дар ноҳияҳои ВМКБ, шаҳру вилоятҳои Хатлон, Суғд, Рашт, Ҳисор ва дигар минтақаҳо бо майли том ба сар мекунанд.

Пас, бигузор  тоқии чустӣ чун тоқии ягонаи миллӣ эътироф гардад.

 Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»