Дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ — маърифатӣ оид ба натиҷагирӣ аз намоиши «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» баргузор шуд.
Нахуст директори Осорхонаи миллӣ Зафарҷон Иброҳимзода иштирокчиёнро бо ҳадаф ва аҳамияти он ошно намуд. Сипас, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода дар суханрониаш қайд кард, ки дар радифи тамоми хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар бунёди давлати миллӣ анҷом додаанд, арҷгузорӣ ба таърихи гузаштаи халқи тоҷик ва муаррифии он дар саросари ҷаҳон дар мадди аввал меистад.
Яке аз иқдомҳои наҷиби Сарвари давлат дар ин самт аввалин маротиба дар минтақаи Аврупо дар Осорхонаи миллии санъати осиёии «Гиме»-и шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ташкил намудани Намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ» мебошад.
Намоиши ташкилшуда шаҳодат аз он медиҳад, ки миллати тоҷик дорои собиқаи бузурги давлатдорӣ буда, барои рушди тамаддуни башарӣ хизмати мондагор анҷом додааст. Нигораҳо баёнгари онанд, ки миллати тоҷик офарандаи адабиёти фарҳанги оламшумул буда, собиқаи тӯлонии шаҳрсозиву фарҳанги зироаткориро дорост ва дар таърихи умумии инсоният мақоми шоистае дорад.
Бояд зикр кард, ки намоиш бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон 13 октябри соли 2021 ифтитоҳ гардида, то 8 январи соли 2022 идома ёфт. Дар муддати се моҳ таъриху тамаддуни ғанӣ, мавзеъҳои таърихӣ, осори фарҳангию ҳунармандии қадимӣ, санъати нотакрори миллати шарафманди тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид. Дар ин муддат 30000 нафар онро тамошо карданд.
Ҳар нафаре, ки аз намоиши мазкур дидан кард, ба хубӣ пай бурд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои барои сайёҳӣ ҷолиб аст, зеро дар баробари мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ, инчунин, иқтидори воқеӣ барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин чорабинии манфиатбахш ёдовар шуда, дастур доданд, ки Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо намоиши нигораҳоро барои тамоми табақаҳои ҷомеа ташкил намоянд.
Дар умум, имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 70 000 нафар тамошобинон аз намоиши «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» боздид намудаанд.
Тиллои НЕКҚАДАМ,
«Садои мардум»